Маҷлиси Намояндагони Амрико Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷиро ба беэътиноӣ ба қонун ва дархостҳои вакилон муттаҳам кард ва қобили сарзаниш донист. Ба гуфтаи вакилон, Блинкен ба суолҳо дар бораи берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон посухҳои комил надодааст.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Қонуну қоидаҳои нав дар Русия кору зиндагии муҳоҷиронро сахт кардааст. Аз ҷумла, дар 17 минтақаи Русия таксиронӣ барои муҳоҷиронро манъ карданд. Ширкатҳои таксиронӣ гуфтаанд, эҳтимол то охири сол ба камбуди ронандагон рӯ ба рӯ шаванд.
Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, ки сохтмони онро ба Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки миллӣ ва “Агроинвестбонк” рабт медоданд, ба фурӯш гузошта шудааст. "Харбуза" дар гузашта хусусӣ буд, вале дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузаштааст.
Хабарҳои рӯз
Исроил рӯзи 23-юми сентябр бомбаборон ба хоки кишвари ҳамсояааш Лубнонро идома дод. Ҳамлаи рӯзи гузашта хунинтарин ҳамла дар як соли ахир будааст. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон беш аз 500 нафар кушта ва беш аз 1800 нафар захмӣ шудаанд.
Дар занозание бо муҳоҷирон дар Русия, як собиқадори ҷанги Украина кушта ва дувумӣ захмӣ шудааст. Дар робита ба ин қазия се қирғизистонӣ боздошт шудаанд. Наздикони муҳоҷирон мегӯянд, ба онҳо бо корд ҳамла шуд ва муҳоҷирон фақат мехостанд худро ҳимоя кунанд.
Дар Данғара, зодгоҳи президенти Тоҷикистон, сохтмони биноҳои маъмурӣ афзоиш ёфтааст. Чанд сол хабаре нашр шуда буд, ки эҳтимол Данғара маркази вилояти Хатлон шавад. Дар матбуот ҳам пешниҳод шуда буд, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ Данғара беҳтарин маркази маъмурӣ барои вилояти Хатлон аст. Дар асл чӣ?
Ҳамарӯза даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ мешаванд. Мақомот мегӯянд, имсол ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар қиёс ба солҳои дигар бештар буд. Пас ҳамла ба толори консертии Крокус, ки мақомоти рус аз гумонбарон шаҳрванди Тоҷикистон ном бурданд, ихроҷи муҳоҷирон афзоиш ёфт.
Дар Женева ин рӯзҳо ҷасалаи Кумиссиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал идома дорад, ки ба он як гузориш дар бораи Тоҷикистон ҳам пешниҳод шудааст. Гузориши як кумитаи Созмони Милал, ки гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон чандон майле надорад сарнавишти нопадидшудагон дар замони ҷанги дохилиро маълум кунад.
Ахбори Озодӣ аз 20-уми сентябри соли 2024 (Пахши зинда)
"Гапи Озод" ин дафъа дар бораи мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо "Толибон" аст. Ҳадаф ва пайомадҳои мулоқот барои Тоҷикистон чӣ хоҳад буд? Меҳмонон Зокир Иршод Ҳусайн, таҳлилгари афғонистонӣ ва Муҳаммадҷон Кабиров, хабарнигори тоҷик ҳастанд.
Ёфтҳои бештар