Додгоҳҳои Русия дар шаш моҳи аввали имсол қарори ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷирро содир кардаанд. Дар ин муддат мақомоти Русия барои ёфтани муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил дорад, 176 ҳазор “рейд” баргузор карданд. Ин рақамро Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия, дар "Телеграм" навишт.