Дар садамаи марговаре дар Кӯлоб 11 нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд. Нозирони роҳ гуфтаанд, ки садама бо гуноҳи ронандаи 27-сола рух додааст, ки бо суръати баланд ҳаракат кардааст. Ӯ ва се мусофири дигар сахт маҷрӯҳ шуда, зинда мондаанд, вале ҳафт мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.