Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки пас аз се сол маълум кардааст, ки калонтарин бозори масолеҳи бинокорӣ ва сохтмонии шаҳри Ҳисорро “қасдан оташ задаанд.”
“Бо вуҷуди нашр кардани нуктаҳои асосии буҷаи давлатӣ дар Интернет, Тоҷикистон натавонистааст ба меъёрҳои ҳадди ақали байнулмилалӣ дар заминаи шаффофияти молӣ ҷавобгӯ бошад.” Ин хулосаи гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико аст.
Як мансабдори баландпояро дар шаҳри Гулистон дастгир кардаанд. Ойбек Обидзода ба тасарруфи қариб 13 миллион сомонӣ, ҳудуди якуним миллион доллар, пули буҷа гумонзад аст. Боздошти ӯ ду моҳ пеш сурат гирифта, мақомот нав ба хабарнигорон ҷузъиёт доданд.
Дар ҳоле, ки Кумитаи андоз Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро бузургтарин қарздор аз молиёт эълон кард, ҳукумати шаҳри Гулистон мегӯяд, ин корхона ҳама уҳдадориашро иҷро кардааст.
Баъзе деҳқонони ноҳияи Фархор аз камбуди об ва нодуруст тақсим кардани он дар мавсими нашъунамои пахта шикоят доранд. Ин деҳқонон бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, киштзори пахта пеш аз вақт ва аз беобӣ шукуфтааст.
Даъват ё челленҷи зидди машрубот дар Қирғизистон: иштирокдорони он машруботро аз мағоза мехаранд ва дар зарфи калоне мерезанд. Ба ин тартиб, ба гуфтаи иштирокдорон, онҳо бо “манбаи бадӣ” мубориза мебаранд.
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар остонаи озмоиши як долони икмолотӣ ё боркашонӣ қарор доранд, ки созишномаи он 16-уми июл дар шаҳри Машҳади Эрон ба имзо расид. Интизор меравад, аввалин корвон то поёни моҳи август аз ин долон гузарад.
"Бори дигар мегӯям, ки соҳибмулк ягон зиён намебинад." Ин шарҳи нахустини Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар бораи "Ҷумъабозор" аст. Калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ ва яке аз маконҳои серхаридор дар канори дарёи Сир, ки акнун сабаби даъвои ду ширкату соҳибкор гаштааст.
Сокинони як бинои навбунёд дар кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе худро "мардуми муаллақ" ном кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳар моҳ ҳаққи хидматрасонии барқу об, гармӣ, партовкашонӣ ва андозро месупоранд, аммо аз соли 2018 ба ин сӯ ҳуҷҷатҳои хонаро гирифта наметавонанд.
Ёфтҳои бештар