Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои муҳими об барои кишварҳои минтақа ба шумор меравад, вале то ҳанӯз ҳазорҳо сокини он қисман ё пурра ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ё ба обе дастрасӣ доранд, ки сабабгори ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буда метавонад.
Дар аксар навоҳии пахтакори Тоҷикистон наврасонро ба пахтачинӣ ҷалб кардаанд.
Нишастҳои 8-10-уми октябри Душанбе дар фазои расонаӣ ва таблиғотии Тоҷикистон бештар чун сафари Путин бозтоб мешаванд, ҳарчанд ба ҷуз сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо Нишасти сарони кишварҳои ИДМ ва ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад.
Бо дастури ҳукумати вилояти Хатлон донишҷӯён, хонандагони мактаб, омӯзгор ва кормандони мақомоти давлатӣ рӯзҳои 27-28 сентябр ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.
Сокинони аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки чанд рӯзи ахир интиқоли нерӯи барқ беогоҳӣ ба хонаҳояшон қатъ мешавад.
Роҳҳои Душанбе аз мошинҳои барқии чинӣ пур шудааст. Сокинон бо майли зиёд ин худравҳои нисбатан дастрасро мехаранд ва аз каммасраф будани он ситоиш мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳтимоли вуруди Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) рад кард. Бархе аз расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дархости узвият ба ин паймонро хоҳад дод.
Дар Тоҷикистон доллар арзон шуд, вале камчин. Ин ҳолат ақидаеро, ки ҳарчӣ арзон шуд, бештар мешавад, баҳам мезанад. Шояд ба иллати ҳамин камёфтӣ бонкҳо фурӯши долларро маҳдуд кардаанд ва мегӯянд, мушкил на ба онҳо, балки ба Бонки миллӣ бастагӣ дорад.
Тоҷикистон ба сокинони дар пайи заминларза осебдидаи Афғонистон беш аз 100 мошини борбар ёрии башардӯстона ирсол кардааст.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар талоше барои маҳви ришвахориву фасоди густурда дар кишвар миёни мардум назарсанҷие анҷом додааст.
Ёфтҳои бештар