Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигар ягон даъво нест". Раиси "Тоҷик Эйр" аз поёни як баҳси тӯлонӣ хабар дод


Парвиз Шодмонзода
Парвиз Шодмонзода

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки баъди созиш бо ширкати литвонии "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймоаш дар Маскав аз ҳабс озод шудааст.

Парвиз Шодмонзода, роҳбари "Тоҷик Эйр", 23-юми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, "минбаъд дар мавриди молу мулк ва суратҳисоби бонки "Тоҷик Эйр", дар хориҷи кишвар дар ҳеч гӯшаву канори ҷаҳон ҳабс, маҳдудият ва гаронии дигар вуҷуд надорад.”

Тибқи омори Шодмонзода, “Тоҷик Эйр” аз “Скайроуд лизинг” 36,6 миллион доллар қарздор буд. Созишномаи оштӣ миёни ду ширкат моҳи январи имсол имзо шуда, ба гуфтаи раиси "Тоҷик Эйр", моҳи май аз сӯи Додгоҳи арбитражии Маскав тасдиқ шудааст.

Парвиз Шодмонзода ҳамчунин гуфт, бар асоси ин созиш, "Тоҷик Эйр" маблағи заруриро ба суратҳисоби "Скайроуд лизинг" гузаронд ва дар иваз ду ҳавопаймои баҳсӣ, моли "Тоҷик Эйр" шуданд. "Скайроуд лизинг" аз тамоми даъвоҳои минбаъда даст кашид",-гуфт раиси "Тоҷик Эйр".

Аммо Шодмонзода нагуфт, ки барои расидан ба созиш, ба ширкати "Скайроуд лизинг", чӣ қадар маблағ додаанд. Мудири "Тоҷик Эйр" моҳи январи имсол гуфта буд, аллакай 500 ҳазор долларро ба ҳисоби "Скайроуд лизинг" гузарондаанд ва қарор аст 1,5 миллион доллари дигарро пардохт кунанд.

Назари ширкати литвонӣ ба ин хабар маълум нест. Дар сомонаи расмии ин ширкат дар бораи тавофуқ бо "Тоҷик Эйр" хабаре нашр нашудааст.

Ба гуфтаи Парвиз Шодмонзода, баҳс бо коршарики литвонӣ, як монеаи асосӣ дар роҳи барқарор кардани парвозҳои байнулмилалӣ буд, ки ҳоло бартараф шудааст.

Бо ин вуҷуд, феълан маълум нест, ки ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" кай парвозҳо ба хориҷи кишварро азсар мегиранд. Раиси ин ширкат мегӯяд, барои гирифтани ҳавопаймоҳои нав бо чанд ширкати хориҷӣ гуфтугӯ доранд.

Баҳси "Тоҷик Эйр" ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 идома дошт. "Скайроуд Лизинг" даъво дошт, ки коршарики тоҷикаш бояд 20 миллион доллар бипардозад. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" ин даъворо қабул надоштанд.

Пештар Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин миқдор маблағ вазифадор карда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе аввал даъворо рад кард, аммо дертар Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Додгоҳи ҳаками Вилнюсро пазируфт.

Дар пайи баҳс бо "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"-ро дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳабс карданд. Мудири "Тоҷик Эйр" мегӯяд, ин ҳавопаймо аз соли 2019 дар ҳабс буд ва ҳоло ба таъмир ниёз дорад.

Радиои Озодӣ дар соли 2021 ва дар як таҳқиқот муайян кард, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи молиёту бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG