Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон маҳдудияти барқро дар фасли тобистон тасдиқ намуда, сабаби онро таъсири гармиҳои ахир ба таҷҳизотҳои энергетикӣ гуфт.
Вазир 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизотҳо, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд.”
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, маҳдудияти интиқоли барқ асосан дар вилояти Суғд ҷой дошт ва бо ба кор даромадани дастгоҳҳои нав, таъмини мардум бо барқ беҳтар хоҳад шуд.
Санҷиши дурустии ҳарфҳои Вазири энергетика аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.
Дар охири моҳи июн ва аввали июл даҳҳо тан ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ҳамарӯза аз 2 то 6-7 соат барқи онҳоро хомуш мекунанд. Чунин шикоятҳо аз Панҷакент, Деваштич, Ваҳдат, Шаҳритус, Фархор ва ҳатто шаҳри Душанбе расидаанд. Суоли асосии сокинон ин буд, ки агар баҳонаи қатъи барқ дар зимистон камобӣ буд, аммо дар тобистон чаро барқро бо реҷа медиҳанд?
Вазири энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дигар маҳдудияти интиқоли барқ нест. Вале сокинон шикоят доранд, ки қатъи нерӯи барқ дар баъзе маҳаллаҳо то ҳол ба назар мерасад.
Ҳамасола, Тоҷикистон дар фасли сармо аз моҳи октябр то моҳи апрел реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро, ки дар миёни мардум бо "лимит" машҳур аст, ҷорӣ мекунад ва далели онро паст шудани сатҳи об дар обанбори неругоҳи "Норак" унвон мекунад. Мардум дар ин давра аз камбудӣ барқ ва мушкилоти вобаста ба он зиёд шикоят мекунанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар фасли тобистон барқро барзиёд истеҳсол мекунад ва ҳатто онро ба Афғонистон ва Узбекистону Қирғизистон мефурӯшанд.
Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ гуфта мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон, дар Тоҷикистон 11,8 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст.