Қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар баробари доллари Амрико 9,4 дарсад боло рафтааст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи якуми август гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ҳоло сокинон долларҳои худро бештар иваз мекунанд.
Рӯзи якуми август дар бонкҳои Тоҷикистон арзиши сад доллари Амрико 945 сомонӣ таъйин шудааст. Чаҳор моҳ пеш сад доллар 1090 сомонӣ арзиш дошт.
Толибзода сабабу омилҳои поинравии қурби долларро чунин шарҳ дод: “Якчанд омил ҳаст. Аз як тараф номуайянӣ, аз тарафи дигар зиёдшавии асъор дар бозори дохилӣ. Вақте як чиз дар бозор зиёд шуд, нархи он поин мешавад. Омили дигар савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, алалхусус Русия. Яъне, зиёдшавии тамоюли ҳисоббаробаркунӣ бо Русия бо рубли русӣ ҷой дорад.”
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар савдои хориҷӣ бо кишварҳои пасошӯравӣ ҳиссаи рубли Русия бештар аз 77 дарсад ва доллар 21 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чаҳор сол пеш чунин нишондод баръакс будааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубл ба роҳ монд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2022 бо қабули як барнома тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.
Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе изҳори нигаронӣ карданд, ки бо вуҷуди поин рафтани қурби доллар дар нархномаҳо дигаргуниеро намебинанд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ҳамеша, ҳангоми боло бурдани нархҳо афзоиши қурби долларо баҳона меоранд, лекин ҳоло арзиши он поин рафтааст, вале нархҳо мисли пеш мондаанд”.