Ба иттилои ин ниҳод дар ин давра 600 милллион сомонӣ зиёни молиро ошкор кардаанд. Эълони чунин омор дар ҳолест, ки бархе мунтақидон фаъолияти ин оҷонсиро чандон муассир арзёбӣ намекунанд. Муҳаммадсобир Абдуқаҳҳор , фаъоли маданӣ дар Аврупо: “Албатта, бояд Агентии мубориза бо коррупсия мустақил бошад, мустақилона амал карда тавонад, то ки коррупсия дар Тоҷикистон решакан карда шавад.”
Коррупсия аз мавзӯъҳои доғест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳост баҳс сари он фӯру наменишинад. Дар ин миён бештар ангушти ишорат ба сӯи мансабдорон аст. Оҷонсии мубориза бо коррупсия соли 2024 гуфт, ки 52 мансабдори вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонӣ аз вазорати дифоъ боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Теъдоде аз раҳгузарон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, фасоду ришвахорӣ ба тадриҷ кам мешавад, вале ҳанӯз ҳам зиёд аст ва бахусус дар байни мансабдорон.
Сокини Душанбе: “Мубориза бо коррупсия беҳтар шуда истодааст. Барои онки ҳамачиз бештар ғайринақдӣ амалӣ шуда истодааст. Фикр мекунам, ки бо мурури замон, акнун пурра аз байн бурдан шояд ғайриимкон бошад, дар сурати ҳама хизматрасониҳо шаффоф дар интернет ҷойгир бошад, дар ҳамин ҳолат имкон аст, ки 90 дарсад омилҳои коррусионӣ пешгирӣ шавад.
Сокини Душанбе: “Бале бояд, бошад агентии зидди коррусия. Зеро ҳолатҳои коррупсияро таҳти назорат мегирад, хубтар мешавад, порагирӣ камтар мешавад.“
Сокини Душанбе: “Албата Агентии мубориза бо коррупсия саҳм дорад, вале бояд ҳоло ҳам талоши зиёд кунанд, бо воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ кунанд, ба фикрам ба мардум равшантар мешавад. Ҳоло саҳм дораду шояд мардум кам огаҳ бошанд ба ин масъала.
Сокини Душанбе: “Акнун бояд худи давлат кормандони давлатиро таҳти назорат бигирад. Коргарони худашро. Барои он ки камбағал ягон хел коррупсия карда наметавонад.”
Созмони Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International дар раддабандии охири худ аз миёни 180 кишвар Тоҷикистонро дар зинаи 164-ум қарор додааст, ки яке аз зинаҳои поинтарин ба ҳисоб меравад.
Намояндагони Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ба чунин арзёбӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, ин созмон дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам дорад, бино бар ин, арзёбиҳояш қобили эътимод нест.
Вуҷуди фасод дар идораҳои Тоҷикистон дар гузашта борҳо мавриди танқид қарор гирифтааст ва худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баъзе аз ҷаласаҳо рӯирост ба мақомот гуфтааст, ки “медонад, онҳо ба чӣ кор машғуланд” ва мисол ҳам овардааст.
Рӯзи 22-уми июл дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияе дар бораи таъйини баъзе аз афрод ба мансабҳои давлатӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат "онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоҷикистон, муомилаи хуб бо мардум, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ...ҳидоят намуданд."