Раиси Кумитаи сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, нархи хона дар шаҳри Душанбе ба таври назаррас боло рафтааст. Ба омори расмӣ, нархи миёнаи як метри мураббаъ манзил дар пойтахти Тоҷикистон феълан 800 доллар аст. Сокинон мегӯянд, харидани манзил дар пойтахти Тоҷикистон рӯз то рӯз мушкил мешавад.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, нархи як метри мураббаъ хона дар пойтахти Тоҷикистон ба 800 доллар расидааст, ки дар қиёс ба аввали сол то 200-250 доллар болотар аст. Кумитаи сохтмон ҳаққи дахолат ба қимматгузориро надоштааст.
"Вақте ду субъекти хоҷагидорӣ (манзур шаҳрванд ва ширкати сохтмонӣ Р.О) бо ҳам суҳбат мекунанд, ҳарду тараф нархҳои гуногун мемонанд. Шаҳрванд розӣ мешавад, вале баъд омада ариза менависад, ки масъалар якбор баррасӣ кунед, нархро гарон кардааст, кумак кунед каме арзон кунад. Ҳол онки ман ҳуқуқи маънавӣ надорам, ки соҳибкорро маҷбур кунам, ки нархро арзон кунад,"-гуфт Мирзозода.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи сохтмон, азбаски талабот ба хона дар Тоҷикистон зиёд шудааст, ширкатҳо бар асоси қонуни бозор қиматро мебардоранд. Вале Низом Мирзозода хитоб ба соҳибкорон гуфт, "ҳама мехоҳад даромади бештар гирад, аммо инсоф ҳам даркор аст."
Соҳибкороне, ки дар ин бахш кор мекунанд, намехоҳанд дар назди дурбин суҳбат кунанд. Онҳо дар гузашта болоравии қурби доллар, нархи масолеҳи сохтмонӣ, беқурбшавии пул ва зиёд шудани маошро аз сабабҳои афзоиши нархи хона гуфта буданд.
Дар нишасти Кумитаи сохтмон ин суол ҳам садо дод, ки чаро бо вуҷуди паст шудани қурби доллар, нархи манзил боло рафт? Баъд аз моҳи март, арзиши 100 доллари амрикоӣ аз 1094 ба 953 сомонӣ паст шуд.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ҳам тасдиқ кард, ки "бо коста шудани қурби доллар нархи масолеҳи сохтмонии мо то 20 дарсад поён фаромад." Вале раиси Кумита ҳам мушаххас гуфта натавонист, ки агар нархи масолеҳи сохтмонӣ паст шудааст, пас чаро хона арзон нашуд? "Бозор, бозор, нархи озод. Соҳибкор бинад, ки талабот ба манзил бисёр аст, нархро мебардорад,"-афзуд раиси Кумитаи сохтмон.
Сокинон мегӯянд, ки бо вуҷуди зиёд шудани сохтмонҳо дар Душанбе, соҳиби манзил шудан дар пойтахт ҳарчӣ бештар мушкил мешавад.
"Нархи як метр хона 800 доллар бошад, аз куҷо мешавад харидан?"-мепурсад як ҳамсуҳбати мо дар Душанбе.
Солҳои ахир сохтмони биноҳо дар Душанбе якбора зиёд шуд, вале нархҳо ҳам боло рафтанд. Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале фоизи он баланд аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон ва рӯ ба шаҳр овардани мардуми ноҳияҳои атроф ва рустоҳоро аз омилҳои дигари боло рафтани қимати хонаҳо медонанд.