"Дастгоҳҳо пули навро намешиносанд, қабул намекунанд. Мо каме аз ин душворӣ мекашем. Барои он ки бояд мағоза кобӣ ё шиносе ёбӣ, то пулҳоятро иваз кунанд," – мегӯяд Мадина Муқимова, сокини шаҳри Душанбе.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар аввали моҳи авгст гуфт, ин мушкил дар пайи тақвияти чораҳои бехатарӣ ва ивази баъзе унсурҳо дар пулҳои 100-сомонӣ пеш омадааст.
Ӯ афзуд: "Тибқи нақшаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби худи ташкилоти қарзӣ пешниҳод шудааст, бояд дар давоми соли 2024 ин мушкилӣ бартараф карда шавад."
Ба гуфтаи Толибзода, барои он ки терминалҳо пулҳои навро қабул кунанд, бояд таҷҳизоти нав харида шавад ва ин харҷи иловагиро талаб мекунад. Бинобар ин, баъзе аз ташкилоти қарзӣ то ҳол натавонистаанд, онро ҳал кунанд.
“Як таҷҳизот ҳудуди 600-700 доллари Амрико аст. Баъзе аз бонкҳо аллакай ин мушкилро пурра бартараф карданд ва дар баъзе аз бонкҳои дигари дорои шабакаи васеътар корбарӣ рафта истодааст,” - -афзуд ӯ.
Бонки миллии Тоҷикистон соли 2021 пулҳои навро бо арзишҳои гуногун, аз ҷумла 100 сомонӣ баровард. Он замон гуфта шуд, ки дараҷаи ҳифозатии пулҳои коғазии нав тақвият бахшида шудааст. Ба иттилои бонк, то 31-уми декабри соли 2023 аз 3 ҳазору 492 терминалли қабули пардохтҳо дар кишвар 551 терминал бозсозӣ шудааст.