Соли оянда муҳлати пардохти пули евробондҳо ва ҳам як қисм қарзи “Эксимбонк”-и Чин фаро мерасад. Барои ҳамин, Тоҷикистон соли 2025 бояд 473 миллион долларро баргардонад. То ин вақт кишвар солона барои пардохти қарзи хориҷӣ ва баҳраи онҳо бештар аз 200 миллион доллар харҷ мекард ва ҳоло ин хароҷот ду баробар зиёд шудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ 9-уми август зимни нишасти хабарӣ аз масъулони Вазорати молия пурсид, ки оё буҷаи Тоҷикистон имкони пардохти тақрибан ним миллиард доллар қарзро дорад? Юсуф Маҷидӣ (Хайрулло), муовини аввали вазири молия, талош кард, хабарнигоронро мутақоид кунад, ки буҷа тавони пардохти ин қадар маблағро дорад.
Ба гуфтаи Маҷидӣ, Тоҷикистон дар солҳои 2022-2023 даҳ дарсад буҷаи кишварро барои пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо карда буд ва ҳамин меъёр дар соли оянда ҳам риоя хоҳад шуд.
Тибқи пешбиниҳои Вазорати молия, соли оянда буҷаи Тоҷикистон зиёда аз 50 миллиард сомонӣ ($ 4,7 млрд)-ро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди 5 миллиард сомонӣ ($473 млн) барои пардохти қарзи хориҷӣ сарф мешавад.
Итминони муовини аввали вазири молия дар ҳолест, ки моҳи март ҳукумат ба Вазорати молия дастур дода буд, барои бозпас додани пули евробондҳо аз шарикони рушд боз қарзи боимтиёз гирад. Бар асоси “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон”, “вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати молия” ин аст, ки барои бозпас додани пули “евробонд” маблағ ёбад.
Тоҷикистон соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ. Фурӯши евробондҳои Тоҷикистон як комёбии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вақти раиси Бонки миллӣ ва домоди президенти Тоҷикистон тавсиф мешуд. Аммо Бонки Осиёии Рушд дар соли 2018 гуфта буд, пардохти фоиз ё баҳраи “евробондҳо” ба иқтисоди Тоҷикистон гаронӣ мекунад.
Коршиноси масоили иқтисодӣ Фозилҷон Фатҳуллоев мегӯяд, ҳамин сарборӣ метавонад ба дӯши андозсупорандаҳо афтад, чун қарзи хориҷӣ аз ҳисоби молиёти онҳо пардохта мешавад. "Мардум андоз ва ҳар гуна боҷҳои гумрукӣ пардохт мекунанд. Ин ҳолат метавонад давлатро водор маҷбур кунад, ки пардохтҳои гумрукиро баланд бардорад," -- афзуд Фатҳуллоев.
Коршинос мегӯяд, қарз гирифтани давлатҳо аз берун таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ аст, аммо муҳим аст, ки шеваи сарф кардани қарзҳо шаффоф бошад. «Фарз кардем, ки 10 миллион долар барои фалон соҳа гирифта шудааст ва бояд рӯшан бошад, ки дар куҷо истифода шудааст.»
Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2024 ба 3,2 миллиард доллар расидааст. Тақрибан 900 миллион доллараш аз Чин аст. Тоҷикистон ҳамчунин аз муассисаҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қарздор аст.