Гурӯҳи "Толибон", ки дар аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, созмони тундрав аст, 15-уми августи 2021 ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон дигарбора ба даст гирифт. Аз он замон то кунун гузоришҳо дар бораи ихтилофҳо дар байни аъзои "Толибон" нашр шудааст. Баҳси онҳо бар сари чист ва пайомадаш кадом аст?