Расонаҳои Афғонистон аз як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон хабар додаанд.
Афви Байнулмилал (Amnesty International), созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ин ҳолатҳоро таҳқиқ кунад.
Пойгоҳи таҳлилии “SpecialEurasia” моҳи августи соли ҷорӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки чолишҳои чашмраси дохилӣ ва хориҷӣ барои амнияти кишварҳо ва решадор шудани фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкани ДОИШ ва “ал-Қоида” метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои мудофиа ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар буҷаи соли 2025, 4,7 миллиард сомонӣ ($ 446 млн) пешбинӣ кардааст. Ин маблағ дар қиёс ба хароҷоти низомии кишвар дар соли равон, 972,4 миллион сомонӣ ($ 92 млн) бештар аст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Додгоҳи Самарқанд дар Узбекистон як блогери фаъолро бо иттиҳоми “авбошӣ ва таҳқир” 2,5 миллион сом (ҳудуди 200 доллар) ҷарима ва 10 рӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.
Харита ё нақшаи ҷуғрофиёи давлати Сомониёнро, ки дар пушти муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар маркази Душанбе ҳаккокӣ шудааст, соли 2023 дигар кардаанд.
Як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки вакилони мудофеъ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро бо рӯзноманигорон наздик созад.
Пажӯҳишгарони Русия таҳти фишор қарор гирифтаанд, то дар заминаи муқобила бо пирӣ ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил шаванд. Бисёре аз ин донишмандон бар ин боваранд, ки зимомдорони ҳукумат, ки синни аксари онҳо аз 70 сол гузаштааст, беш аз ҳама хоҳони дарозтар кардани умри хеш ҳастанд.
Қарор аст, имрӯз, 6-уми сентябр тарҳи баҳсбарангези қонунеро ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кунанд, ки дар сурати қабул, таҳсили ройгони фарзандони хориҷиён, аз ҷумла муҳоҷиронро аз байн мебарад.
Намояндагони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Белгия хостаанд, ки зодаи 37-солаи Тоҷикистон Ситорамо Иброҳимоваро ба Душанбе нафиристад, чун эҳтимоли шиканҷаву зиндонӣ шуданаш ҳаст. Ӯ ҳамсари Муродалӣ Ҳалимов аст, ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми “зархаридӣ” ва “терроризм” 23 сол зиндонӣ шудааст.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқуқдони шинохта, ҳанӯз дар боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат (тавқифгоҳ; ИВС) нигоҳ дошта мешавад. Ӯ рӯзи 12-уми июли имсол дастгир шуд. Наздиконаш мегӯянд, аз он лаҳза то кунун ба ӯ ба тавқифгоҳ хӯроку либос мебаранд.
Ёфтҳои бештар