Порлумони Қирғизистон дархости раисҷумҳури собиқи ин кишвар Аскар Оқоев (Акаев)-ро барои барқарор кардани мақоми “президенти пешин” нисбат ба ӯ рад кард. Ӯ баъд аз 14 соли рафтан аз Қирғизистон, тасмим гирифт, ки мақому дахлнопазирии худро барқарор кунад. Оқоев соли 2010 аз дахлнопазирӣ маҳрум шуд.
Артиши Исроил 28 сентябр иддао кард, ки Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар ҳамлае рӯзи ҷумъа (27 сентябр) дар Бейрут куштааст. Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари “Ҳизбуллоҳ” буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт. “Ҳизбуллоҳ” дар паёме марги Насруллоҳро тасдиқ кард.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ба душмани ашаддияш – Ҷумҳурии Исломии Эрон – ҳушдори сахте дод. Вай рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Эрон "ҷое нест", ки дасти Исроил ба он нарасад.
Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ ва консули собиқи Тоҷикистон дар Кундузи Афғонистон, боздошт шудааст.
Кумитаи равобити хориҷии Конгресс 24-уми сентябр вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкенро ба беэътиноӣ ба қонун ва дархостҳои вакилон муттаҳам карда, қобили сарзаниш донист. Ба гуфтаи вакилони ҷумҳурихоҳ, Блинкен ба суолҳо дар бораи берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон посухи комил надод.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, президенти Русия Владимир Путин бо ҳамлааш ба Украина “ба ҳадафи аслии худ нарасид” ва аз аъзои ин ниҳоди байнулмилалӣ хост, ки ба пуштибонӣ аз Киев идома диҳанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли охир ба танзими либоси занону риши мардон дасту остин барзадаанд. Тоҷикистон либоси ба истилоҳ "бегона"-ро манъ кард. Қирғизистон дар фикри манъи либосҳоест, ки чеҳраи шахсро пинҳон медоранд. Аз он пеш Узбекистону Қазоқистон ҳам иқдом карда буданд. Ҳадаф чист?
Дар шаҳри Женева ин рӯзҳо ҷаласаи Кумисиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал идома дорад, ки ба он як гузориш дар бораи Тоҷикистон ҳам пешниҳод шудааст.
Мурофиаи додгоҳии Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, узви дигари ин созмони мухолиф, паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе сар шудааст.
Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола, узви пешини раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 11-уми сентябр аз бемористони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ ба утоқаш дар зиндони шаҳри Ваҳдат бурдаанд. Вазири адлия як моҳ пеш гуфта буд, ки “ӯ бемор нест”.
"Исроил дар давоми як сол нерӯҳои худро аз Навори Ғазза берун кашад ва шаҳраксозиро фавран бас кунад." Ин яке аз талабҳои Қатъномаи марбут ба Фаластин аст, ки рӯзи 18-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал қабул шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз садри аъзами Олмон хостааст, ки кишвараш дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" саҳм бигирад. Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс рӯзи 17-уми сентябр дар Қазоқистон ва дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон (5+1) гап задаанд.
Ёфтҳои бештар