Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Молдова: тарафдорони Ғарб пешсафанд ё ҷонибдорони Путин?


Майя Санду
Майя Санду

Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Молдова, раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду пешсаф аст. Ба тарафдори аз ӯ 37 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Александр Стояногло бо 29 ва Ренато Усатий бо камтар аз 14 дарсади раъй мақомҳои дуюм ва сеюмро касб карданд.

Интихоботи президентӣ ва ҳамзамон назарпурсӣ (референдум) барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд. Баъди ҳисоб кардани 88 дарсади баргаҳои раъй ё бюлетенҳо маълум шуд, ки 46 дарсади сокинон ба тарафдорӣ аз шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ва 54 дарсад муқобили ин кор овоз додаанд.

Дар ин интихобот беш аз якуним миллион нафар ширкат кардаааст.

Барои дарёфти курсии президентӣ 11 сиёматмадор, аз ҷумла раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду довталаб шуданд. Сандуи 52 сола чор соли ахир роҳбари Молдова аст. Ӯ тарафдори робитаи наздик бо Ғарб ва пайвастани Молдова ба Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Нозирон ин эҳтимолро рад намекунанд, ки интихоботи президентӣ дар Молдова ба даври дуюм меравад ва Санду ва Стояногло бори дигар миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Александр Александр Стояногло
Александр Александр Стояногло

Собиқ додситони кулли Молдова Александр Стояногло аз ҳизби сотсиалистии мухолифи ҳукумат тарафдорӣ мекунад.

Президенти собиқ Игор Додон ин дафъа дар интихобот номзад нашуд, вале аз тарафдоронаш хост, ки Стояноглоро тарафдорӣ кунанд. Сотсиалистҳо натавонистанд дигар ҳизбҳоро ба тарафдории номзади худ моил кунанд.

Мисли Додон, Стояногло ҳам дар чандин ҳолат мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор дорад. Президенти собиқро дар коррупсия ва хиёнат ба давлат, додситони кулли собиқро дар коррупсия ва сӯиистифода аз қудрат гумонбар медонанд. Ҳарду барои ин парвандаҳо Сандуро гунаҳгор карда иттиҳомҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Санду инро рад мекунад.

Молдова як кишвари пасошуравӣ мебошад, ки баъзе сиёсатмадоронаш тарафдори Русия ва бархе ҷонибдори наздикӣ бо Ғарб мебошанд.

XS
SM
MD
LG