Дар ду рӯзи охир тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карда шудаанд.
Мақомоти Русия нисбат ба як сарбози пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Айбномаи Ян Букини 22-сола рӯзи 27-уми ноябр дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе эълон шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳади ду кишварро, ки дар гузашта сабаби ҷанҷолу хунрезӣ шуда буд, ба поён расондаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ошкор кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, санаи интихоботи нави порлумониро эълон кард.
Як паҳпод (дрон)-и калонҳаҷм, ки бештар ба ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ шабоҳат дорад, дар шаҳраки Шарораи Ҳисор афтодааст. Ин минтақа дар панҷкилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мурофиаи чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатӣ, ки бо гумони ғасби қудрат ва кӯшиши табаддулот боздошт шудаанд, танаффус эълон кард. Ду манбаи наздик ба қазия рӯзи 3-юми декабр бо шарти зикр нашудани номашон дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Ҳукм рӯзи 29-уми ноябр содир шуда, Радиои Озодӣ ҷузъиёти онро дувуми декабр ба даст овард.
Як таҳқиқи афкори умум дар байни муҳоҷирони бозгаштаи тоҷик аз Русия нишон додааст, ки 12 дар сади онҳо ё ба сабаби ихроҷ (депортатсия) баргаштаанд ва ё ба далели бадтар шудани аҳволи онҳо баъд аз ҳамлаи маргбори террористӣ ба "Крокус".
Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябр аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд.
Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим”, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шудааст, дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Дар саффи гурӯҳи тундрави ҷангҷӯёни “Таҳрир-аш-Шом” , ки рӯзи 29-уми ноябр ба шаҳри Ҳалаби Сурия ҳамла карданд, чанд силоҳбадасте дида мешавад, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.
Ёфтҳои бештар