Ин таҳқиқ, ки Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират дар байни тақрибан 2200 нафар дар Тоҷикистон анҷом додааст, вазъро то моҳи августи соли 2024 дар бар мегирад. 97 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз Русия баргаштанд, бақияи ночиз аз Қазоқистону Чин ва Олмон.
Сабаби асосии бозгашт чист?
Як суоли муҳим аз муҳоҷирони бозгашта ин будааст, ки сабаби асосии аз Русия ба ватан омаданашон чист. 45 дар сад гуфтаанд, ки фақат барои муддати кӯтоҳ ва аёдати зану фарзандону волидон омадаанд ва дигарбора барои кор ба Русия хоҳанд рафт.
Сабабҳои дигари бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан масъалаҳои оилавӣ, беморӣ ё кадом ҷанҷоли хонаводагӣ будааст, ки нуҳ дар садро ташкил медиҳад. Шаш дар сад маҷбурӣ баргаштаанд, яъне ихроҷ шудаанд.
Шаш дар сади дигар гуфтаанд, ки аҳволи муҳоҷирон баъд аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус” дар моҳи март бад шуд, барои ҳамин ночор ба Тоҷикистон омаданд. Чаҳор дар сади дигар гуфтаанд, ки ба сабаби бадрафторӣ бо онҳо, муҳоҷирситезӣ ва поймол кардани ҳуқуқашон дигар дар Русия наистоданд.
Оё баъди ин ҳама, азму нияти муҳоҷирон барои бозгашт ба Русияву кор дар онҷо камтар шудааст ё не? Ин яке аз суолҳои дигари муҳимест, ки мутахассисон бо дархости Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират аз муҳоҷирони тоҷик дар чанд ноҳияи кишвар пурсидаанд.
Бештар аз нисфи онҳо, яъне 53 дар сад гуфтаанд, ки азм доранд, рафту омад байни Тоҷикистону Русияро идома диҳанд, яъне муваққатан дар онҷо кор кунанд ва боз ба назди азизонашон баргарданд.
Дар ҷустуҷӯйи кор
Ҷолиб ин аст, ки 18 дар сад гуфтаанд, ки ният доранд, ба Русия баргарданд ва иқомати доимӣ бигиранду ҳамеша дар он кишвар бимонанд. Шонздаҳ дар сади муҳоҷирони бозгашта гуфтаанд, ки дигар майли рафтан ба Русия надоранд ва мехоҳанд дар ватан бимонанду ҳаминҷо кор кунанд.
Аз ин миён 10 дар сад гуфтаанд, майл доранд, дигар на ба Русия балки кишварҳои дигар муҳоҷират кунанд. Сабаби аслӣ ҳам надоштани ҷойи кор будааст. 46 дар сади муҳоҷирони бозгашта гуфтаанд, ки ҷойи коре надоранд ва 38 дар сади онҳо ҷойи кор меҷӯянд.
Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз душвориҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳазорон нафарро ба муҳоҷират маҷбур мекунад. Танҳо ба ҳисоби мақомоти Русия ҳоло беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд. Ҳазорҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо нияти кору даромади бештар ба Амрико мераванд. Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон, Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд.
Видеоро дар инҷо бинед: