Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони танаффус дар парвандаи “кӯшиши табаддулот”


Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мурофиаи чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатӣ, ки бо гумони ғасби қудрат ва кӯшиши табаддулот боздошт шудаанд, танаффус эълон кард. Ду манбаи наздик ба қазия рӯзи 3-юми декабр бо шарти зикр нашудани номашон дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар доданд. 

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, тасмим рӯзи 2-юми декабр дар мурофиаи чеҳраҳои шинохта дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе эълон шуд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам шоҳид шуданд, ки вакилони дифои гумонбарон рӯзи душанбе ба бинои Боздоштгоҳ даромада, вале бархилофи дафъаҳои гузашта, баъди қариб як соат берун шуданд.

“Додраси Додгоҳи олӣ дар баррасии парванда танаффус эълон кард ва маълум нест, ки мурофиаи навбатӣ кай баргузор мешавад,” -- афзуд яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ.

Намояндагони Додгоҳи олӣ ва вакилони мудофеи чеҳраҳои маъруф бо сабаби муҳрӣ махфӣ доштани парванда бо расонаҳо суҳбат намекунанд. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, сабаби эълони танаффус дар парвандаи “табаддулот”, мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳои Тоҷикистон аст. Дар назар аст, мулоқот рӯзи 5-уми декабр баргузор шавад.

То имрӯз панҷ мурофиаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони “талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон муттаҳам ва дастгир шудаанд, баргузор шуд. Ин мурофиаҳо паси дарҳои баста гузашта, ҷузъиёт дастрас нест. Танҳо ин нукта маълум аст, ки бештари шоҳидон, аз ҷумла баъзе мансабдорони пешин пурсида шудаанд.

Ба иттилои манобеи огоҳ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.

Дар мурофиаҳои гузашта айбномаи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои амният, Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ низ шунида шудааст.

Айбномаи онҳо аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абад бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад. Ин чеҳраҳои шинохта тобистони имсол боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG