Дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, барои занони хонашин ҳам маош таъин карда шавад. Ба гуфтаи муаллифи пешниҳод Меҳрангез Турсунзода, саҳми занони хонашин, ки дар иқтисоди хонавода бузург аст, дар бештари маврид нодида гирифта мешавад.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи байнулмилалии касбии ҷудо байни мардон ва занон "Russian Judo Tour", ки дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.
Дар давоми чор соли гузашта аз хоки ИМА 88 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст ва сабаби асосии ин ихроҷҳо қонуншиканӣ будааст.
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷумани ахир шаш узвашро барои номзадӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ки моҳи марти соли 2025 барпо мешавад, пешбарӣ намуд.
Парвина Аминҷонова, варзишгари тоҷиктабори Русия, ки дар мусобиқаи шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаҳидан ба баландӣ бо симхода ширкат дошт, аз Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (World Athletics) иҷозаи намояндагӣ аз Тоҷикистонро дар мусобиқоти байнулмилалӣ гирифтааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайиҳам дар шаҳри Конибодом, ки аҳолиро дар ҳолати тарсу нигаронӣ қарор дода буд, 4 кас дастгир шудааст.
Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки аз соли 1990 борҳо ба ҷиноҳҳо тақсим шудааст, номзадии панҷ намояндаашро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод кард. Интихобот дар моҳи марти 2025 баргузор хоҳад шуд. Созмону кишварҳои ғарбӣ то ин дам ягон интихоботро дар Тоҷикистон озод надонистаанд.
Низоми худкомаи беш аз панҷоҳсолаи хонаводаи Асад дар Сурия суқут кард. Сарнавишти кишвар ба дасти “мухолифони мусаллаҳ”, бо роҳбарии "Таҳрир аш-Шом" уфтод. Оё суқути боз як низоми худкома ба сиёсатҳои дохилӣ дар Душанбе ва кишварҳои минтақа таъсир мекунад? Чӣ дарсҳое бояд барои худ бигиранд?
Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, шабона аз тарс хоби ором надоранд ва бинобар ин дару тирезаҳои хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карданд.
Шӯрои васоити ахбори омма, як созмони рӯзноманигорӣ, давоми панҷ моҳи охир кори 13 расонаро дар Тоҷикистон арзёбӣ ва дақиқ кардааст, ки онҳо то куҷо меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 19-уми декабр дар сомонаи ин ташкилот нашр шудааст, мавқеашро бо 1203,08 имтиёз дар ҷойгоҳи 104-ум нигоҳ дошт.
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзи миёни ду кишварро дар Душанбе баҳс кардаанд.
Ёфтҳои бештар