Ин вакили дифои 74-соларо ба "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандони Додситонӣ гунаҳкор карданд. Файзи Олӣ чор рӯз пеш аз эълони ҳукм гуфта буд, ки танҳо дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Рӯзи 2-юми декабр дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Файзи Олӣ баъд аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
"Додситон барои Файзи Олӣ 6 сол зиндон талаб карда буд. Моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Додрас (судя) пиронсолии Файзи Олиро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазои камтар аз ҳадди пешбинишуда таъин кард. Нусхаи ҳукмро ин ҳафта ба Файзи Олӣ месупоранд ва агар ӯ норозӣ бошад, метавонад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад," -- афзуд ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи ноҳияи Сино.
Ҳанӯз маълум нест, ки Файзи Олӣ ё намояндаи Додситонӣ нисбат ба ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд ё не. Додситонии кулли Тоҷикистон, ки Файзи Олиро бо гумони "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст, то ҳол масъаларо шарҳ надодааст.
Файзи Олӣ дар давоми панҷ моҳ баҳс бо Додситонии кул дар озодӣ буд ва чор рӯз қабл аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ даъворо беасос хонд. "Ман бо розигии зерҳимояам ба прокурори генералӣ (додситони кул) муроҷиат кардам. На ба воситаи ахбор, на ба Интернет. Ба ҷойи он ки дар бораи мактуби ман санҷиш баранд, гуфтаҳои моро гирифтанду нисбат ба ман парванда кушоданд," -- гуфта буд Файзи Олӣ.
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
Созмону кишварҳои ғарбӣ ҳадди ақал нуҳ сол боз ҳукумати Тоҷикистонро барои фишор овардан ба вакилони дифоъ танқид мекунанд. Баъзе аз вакилони дифои шинохта, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, солҳои дароз зиндонӣ шуданд.