Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд, аммо сабаби шитобкориро нагуфт. Танҳо ишора кард, ки "барои таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳ доштани суръати ислоҳот чораҳо заруранд."