Додгоҳи шаҳри Маскав 6 хонаи Гулнора Каримова, духтари зиндонии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистонро мусодира кардааст. Музраф Икромов, муовини вазири адлияи Узбекистон рӯзи 13 уми сентябр гуфт, пуле, ки аз ҳисоби фурӯши хонаҳо дар Маскав ба даст меояд, байни ду кишвар тақсим мешавад.