Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони роҳи ҳавоӣ ё ғоре, ки пули зиёд дар он нобуд шуд? ВИДЕО


Сохтмони роҳи ҳавоӣ ё ғоре, ки пули зиёд дар он нобуд шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Сарфи назар аз танқидҳои президент, дар шаҳри Нурcултони Қазоқистон сохтмони роҳи оҳани ҳавоӣ идома хоҳад кард. Ин роҳи ҷанҷолӣ, ки бунёдашро соли 2011 сар карданд, дар пайванд ба дуздии миллионҳо доллар ва парвандаҳои ҷиноӣ пурсарусадо шуд. Вале мансабдорон аз ин лоиҳа рӯ нагардондаанд ва барои идомаи сохтмони он боз беш аз 500 миллион доллар талаб мекунанд.

Зиёда аз даҳ сол аст, ки чанд сутуни бетонӣ кӯчаҳои шаҳри Нурсултонро "оро” медиҳанд. Роҳи ваъдагии мақомотро мардум надиданд. Кумитаи муҳосиботи Қазоқистон соли 2020 тарҳро зиёновар номид. 270 миллион долларе, ки барои сохтмони роҳ доданд, "ғайб зад".

Шаҳрдори Нурсултон Алтай Кулгинов мегӯяд, барои анҷоми сохтмон маблағи бештар лозим аст: "Мо лоиҳаро суръат бахшидем, истгоҳҳо ва баъзе аз ҷузъҳои дигарро кам кардем. Барои анҷоми он ба мо 577 миллион доллар даркор аст. Хароҷот тарибан ду баробар кам шуд."

Муттаҳамони аслӣ дар парвандаи пурсарусадо Қанат Султонбеков, муовини собиқи шаҳрдор ва Талгат Ардан, раиси пешини ширкати “Astana LRT” дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ ҳастанд.

Тобистони соли гузашта бояд сохтмонро дубора оғоз мекарданд. Президенти Қазоқистон лоиҳаро танқид намуд.

Қосимҷомарт Тоқаев гуфт: "Аз як тарҳи одии зерсохторӣ он ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки ба обрӯи кишвар латма мезанад. Маблағҳои зиёде барои он харҷ шуд. Қарз гирифтанд, қарордод ва уҳдадориҳои зиёде дар назди шарикони хориҷӣ қабул шуд. Лоиҳа аз аввал хато буд. Аз он бӯйи фасод меомад."

Мардум сутунҳои бетониро "муҷассамаи фасод" дар Қазоқистон ном гузоштаанд. Пешниҳодҳое ҳам буд, ки чанде аз ин сутунҳо ба нишони ёдоварӣ аз ҳирсу пулпарастии мансабдорон нигаҳ дошта шаванд.

Сокинони пойтахти Қазоқистон дигар умедашонро аз ин роҳ кандаанд. Барои сохтмон бо доллар қарз гирифтаанд, ки онро бояд мардум баргардонанд.

Чанд сол пеш фаъоли маданӣ Рустам Жанпеисов таҳқиқоте анҷом дода, ба ин хулоса омад, ки лоиҳа зиёновар аст ва пулҳо барҳадар мераванд. Ин муҳаққиқи қазоқ мегӯяд, "ман мӯҳлати ҳадди аксарро ҳисоб кардам. Инро илова кардам, ки барои мисол 50-60 ҳазор нафар ҳар рӯз ба ин тарафу он тараф равуо кунанд, натиҷа ин шуд, ки пули як сафар ба 1100 танга баробар мешавад. Ин бо ҳисоби чанд соли пеш, ҳоло намедонам, шояд то 2 ҳазор шавад."

Муаллифони лоиҳа аввал ин муҳосибаро рад мекарданд, вале баъдан қабул карданд. Онҳо гуфтанд, барои рӯйпӯш кардани хароҷот, нигаҳдории роҳи оҳан ва баргардонидани қарз аз ҳукумат пул мепурсанд. Ба ин тартиб, қазоқистониҳо маҷбуранд, чоҳи беохирро боз аз ҷайби худ пур кунанд.

XS
SM
MD
LG