Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи 1-уми сентябр дар паёме ба порлумон хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд, аммо сабаби шитобкориро нагуфт. Танҳо ишора кард, ки "барои таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳ доштани суръати ислоҳот чораҳо заруранд." Тоқаев дар моҳи июни соли 2019 дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баранда эълон шуд, вале норозиён интихоботро тақаллубӣ хонданд.
Инҳисори қудрат камтар ё бештар хоҳад шуд?
Ӯ ҳамзамон пешниҳод кард, муҳлати президентиро дар Қазоқистон аз панҷ сол то ҳафт сол дароз кунанд ва як кас як давра ин масъулиятро ба дӯш бигирад.
"Пешниҳоди ман хатарҳои инҳисор (монополия)-и қудратро ба таври назаррас коҳиш медиҳад," - гуфт ӯ ва афзуд, "барои ман манфиати давлат аз ҳама болотар меистад ва бинобар ин, омода ҳастам, муҳлати ваколатҳои худро коҳиш дода, вориди интихоботи пешазмуҳлати президентӣ шавам."
Тоқаев, инчунин, хоҳони баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар нимаи аввали соли 2023 шуд. Ба гуфтаи вай, интихоби вакилони шӯроҳои маҳаллӣ низ дар он вақт хоҳад гузашт. Қарор буд, интихоботи президентӣ дар Қазоқистон соли 2024 ва интихоботи порлумонӣ соли 2025 баргузор шавад.
Барои таъини вақти интихобот дар Қазоқистон, порлумон бояд пешниҳодро бипазирад ва сипас онро ба Кумисюни марказии интихобот фиристад.
Танқидҳо аз Тоқаев
Изҳороти Қосимҷомарт Тоқаев дар ҳоле садо медиҳад, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва фаъолони сиёсии ин кишвари Осиёи Марказӣ тақозо доранд, саркӯби тазоҳуроти олуда ба хун дар он кишвар пурра таҳқиқ шавад. Дар нооромиҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон тақрибан 238 нафар, аз ҷумла 19 афсар кушта шуданд.
Бисёриҳо дар Қазоқистон, аз ҷумла наздикони кушташудагон, аз Тоқаев дар бораи тасмимаш барои даъвати нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва бе огоҳӣ паррондани эътирозгарон шарҳ хостаанд.
Нооромиҳо пас аз як тазоҳуроти осоишта дар бораи болоравии нархи сӯзишворӣ дар минтақаи ғарбии Мангитсату рӯзи 2-юми январ сар шуд. Дар ҷараёни тазоҳурот ва баъд аз он, ҳазорон нафар боздошту муҳокима шуданд. Тоқаев иддао кард, ки "20 ҳазор террорист" аз хориҷ омадаанд, вале ҳеч далеле пешниҳод накард. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, дар миёни кушташудагон тазоҳургарони осоишта ҳастанд.
Тоқаев дар паёми худ рӯзи 1-уми сентябр гуфт, шахсонеро, ки барои ширкат дар ошӯбҳои моҳи январ боздошт ва ё маҳкум шудаанд, авф хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, афв ба шаҳрвандоне дахл хоҳад дошт, ки ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби қудрат аз роҳи хушунат айбдор намешаванд.
Президенти Қазоқистон дақиқ нагуфт, ки чанд нафар афв хоҳанд шуд ва аз "гумонбарони асосӣ" дар ҳаводиси мазкур ҳам ном набурд. Аммо маълум мешавад, ин афв ба раҳбарияти собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, ки аз афроди наздик ба президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев маҳсуб мешуданд, дахл нахоҳад дошт.
Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ва се муовинаш дар пайи ҳодисаҳои моҳи январи имсол аз мақом барканор ва боздошт шуданд. Муовини чаҳоруми Каримов, Самат Абиш, ки бародарзодаи Назарбоев аст, низ бозпурсӣ шуд.
Бо (бе) Назарбоев
Нурсултон Назарбоев тақрибан се даҳсола қудратро дар Қазоқистон ба даст дошт ва моҳи марти соли 2019 истеъфо доду шарики деринааш Тоқаевро ворис интихоб кард. Бо вуҷуди ин, ҳамчун раиси доимии Шӯрои Амният ҳузурашро дар қудрат ва тасмимгириҳо нигоҳ дошт ва ба ҳайси "элбасӣ" ё “пешвои миллат” аз салоҳиятҳои зиёд баҳравар буд.
Дар пайи нооромиҳои моҳи январи имсол, Тоқаев Назарбоевро аз мақоми раиси доимии Шӯрои Амният ронд ва масъулиятро худаш ба уҳда гирифт. Аз он замон то кунун чанде аз хешовандон ва муттаҳидони Назарбоев аз мақом барканор шуданд ё истеъфо доданд. Баъзе аз онҳо ба иттиҳоми фасод дар боздошт ҳастанд.
Мунтақидон мегӯянд, ташаббуси Тоқаев асосан "косметикӣ" буда, табиати низоми худкомаро дар Қазоқистон, ки солҳо боз гирифтори фасоди густарда ва хешутаборбозӣ аст, тағйир нахоҳад дод.
Қазоқистон, ҷумҳурии Шӯравии собиқ, 19 миллион аҳолӣ дорад. Ин кишвари саршор аз нафту газ дар бештар аз сӣ сол чандин интихоботи президентиву порлумонӣ баргузор карда, аммо ҳеч вақт аз тарафи нозирони ғарбӣ шаффофу одилона арзёбӣ нашудааст.
Гуфтугӯ