Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар Афғонистон мегӯяд, ҳамлаҳои Толибонро дар Панҷшеру Бағлон пахш ва талафоти сангине бар онҳо ворид кард. Толибон рад мекунанд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимат, рӯзи 17-уми июл ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, даргириҳо ҳанӯз ҳам миёни нерӯҳои Ҷабҳа ва Толибон ҷараён дорад.
Ӯ афзуд, “дар минтақаи Орзу ҳафт нафар аз нерӯи вижаи душман кушта шуд. Пеш аз ин ҷангҳои бисёр шадиде дар Пешғур буд. Душман дар онҷо талафоти бисёре дод ва ба ақиб баргашт. Дар Бағлон, дар минтақаи Хустҳо, ҳамин ҳоло, ки мо суҳбат мекунем, даргириҳои пароканда идома дорад.”
Аҳмадӣ ҳамчунон аз ончӣ ки ӯ бархӯрди нодуруст ва шиканҷаи ғайринизомиён дар Панҷшер тавассути Толибон номид, ибрози ташвиш кард. Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ҷилави бадрафторҳои Толибонро бо мардуми одӣ дар Панҷшер бигиранд.
Сухангӯи ҳукумати Толибон ин иддаоро намепазирад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 17-уми июл гуфт, дар ин маврид таҳқиқ хоҳанд кард.
"Дар Андароб ва Панҷшер мо бархӯрд ва ҷанг надорем. Иддаҳое, ки шудааст, воқеият надорад. Мо дар манотиқи мухталифи Панҷшеру Андароб нерӯҳои зиёд дорем ва онҳо ба мо итминон доданд, ки кадом бархӯрде сурат нагирифта. Ба ҳар ҳол, мо баррасӣ мекунем,” – афзуд ӯ.
Баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, даргириҳо дар вилоятҳои Панҷшеру Бағлон ғайринизомиёнро дар шароити душворе қарор додааст.
Як манбаи маҳаллӣ дар вилояти Бағлон, ки ба далели таҳдидҳои амниятӣ нахост ҳувияташ фош шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “афроди Толибон баъзе аз сокинонро ба кӯчи иҷборӣ водор мекунанд.” Ончи аз сӯи Толибон борҳо рад шудааст.
“Пеши худ лист (рӯйхат) доранд. Дар ноҳияи Бану аъзои чаҳор-панҷ хонаро маҷбур карданд, ки бояд бикӯчанд," – нақл кард мусоҳиби бахши афғонистонии Радиои Озодӣ. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин иддаоро низ напазируфт.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Толибон шаби якшанбе эълом кард, нерӯҳояш дар ноҳияи Имом Соҳиби Кундуз як маркази вобаста ба гуруҳи ДОИШ-ро кашф кард ва аз байн бурд. Сухангӯи ҳукумати Толибон ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки афроди боздоштшуда дар ҳамлаҳои мушакӣ ба Тоҷикистону Узбекистон даст доштанд.
Афроди боздоштшуда дар наворе, ки Муҷоҳид дар Твиттер гузошт, иддао кардаанд, ки “дар ҳамоҳангӣ бо Ҷабҳаи муқовимат” кор мекарданд. Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ин видеоро саҳнасозии ҳукумати Толибон донист ва иддао кард, ки “онҳо қочоқбарони маводи мухаддир ва марбут ба худи ҳукумати Толибон ҳастанд”.
Ин ҷабҳа мегӯяд, то замоне ки Толибон ҳукумати ҳамашумул ва бар пояи орои мардум эҷод накунанд ва ҳуқуқи мардуми Афғонистон, ба вижа занону кӯдаконро риоят нанамоянд, ба мубориза алайҳи ин гуруҳ идома хоҳад дод.
Толибон моҳи августи соли 2021, пас аз рафтани нерӯҳои хориҷӣ ва фирори раисиҷумҳур ва атрофиёнаш, ҳукуматро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Аз он замон то ҳоло ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст, ҳарчанд додугирифт бо Афғонистони зери назорати Толибон идома дорад.