Ҷойгоҳи Абдуфаттоҳ Ҳотамов дар низоми маорифи кишвар вижа аст. Бале, ӯ вазири маориф набуд, аммо ислоҳотеро дар ин бахш анҷом дод, ки ба эҳтимоли қавӣ ягон мансабдор накардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон гӯё кадом як мукофоти ҷаҳониро мунтазир аст ва онро маҳз барои набудани коронавирус дар кишвар барояш хоҳанд дод.
23-юми апрели соли 1985 Михаил Горбачёв – аввалину охирин президенти СССР, таъбиреро зимни суханрониаш истифода кард, ки то аввали солҳои 90-ум вирди забонҳо гашт.
Як сол пеш дар ҳамин рӯз дар Украина интихоботи президентӣ анҷом гирифт. Интихоботи президентии соли 2019 дар ин кишвар дар ду давр баргузор гардид.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумон интихоб шуд. Интихоби ӯ рӯзи 17-уми апрел бо овоздиҳии пинҳонӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат гирифт.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари шинохтаи тоҷик, ки феълан дар Шветсия ба сар мебарад, ба чаҳор суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи коронавирус, нобоварӣ ба иттилои расмӣ, воҳимаи беморӣ ва роҳи ҳалли он посух додааст.
Шаҳрдори Душанберо имрӯзҳо таҷлили Рӯзи пойтахт бештар машғул медорад, ё иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ?
Пандемияи коронавирус, ки дарҳои кишварҳои зиёдеро ба рӯи ҳам баст, ҳавопаймоҳои зиёдеро ба замин нишонд, иртибототи заминиву ҳавоиро барои муддати номуайяне қатъ кард, сабаби фоҷиаҳои инсоние ҳам шуд, ки аз чашмҳову матбуот дур мондааст.
Ёфтҳои бештар