Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Муллоҷонов: "Воҳимаро бархӯрди номуносиб меангезад"


Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари шинохтаи тоҷик, ки феълан дар Шветсия ба сар мебарад, ба чаҳор суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи коронавирус, нобоварӣ ба иттилои расмӣ, воҳимаи беморӣ ва роҳи ҳалли он посух додааст. Зоҳиран, ин суолҳо пас аз навиштаи ӯ дар охири моҳи март дар бораи хушбинӣ ва бадбиниҳо дар мавриди коронавирус дар Тоҷикистон пеш омадаанд ва "Блогистон" он матнро нашр карда буд. Муаллиф суолҳоро ин гуна ҷамъбаст кардааст:

1. Чаро ба иттилои мақомот дар бораи ошкор нашудани коронавирус дар Тоҷикистон бовар надоред?

Чун ин иттилоъ аз лиҳози мантиқ ва ақли солим боварбахш ба назар намерасад. Ман ба омори пӯшида дастрасӣ надорам, вале ба ин ки дар Тоҷикистон коронавирус нест, бовар намекунам. Қабл аз ҳама, бояд гуфт, Тоҷикистон мисли баъзе аз кишварҳои ҳамсоя "пӯшида" нест.

Бо таваҷҷуҳ ба мизони феълии муҳоҷират, мусофирбарӣ ҳамчунон зиёд аст. Кишвар марзҳояшро тақрибан дар як вақт бо ҳамсояҳои худ баст. Марз бо Узбекистон ва Қирғизистони ҳамсоя ҳамеша кушода буд ва дар баъзе аз минтақаҳои наздимарзӣ додугирифт то ба ин охирҳо қатъ нашуда буд. Дар пасманзари ин ҳама ба сахтӣ мешавад бовар кард, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ин вируси фарогир ошкор шудаву дар Тоҷикистон нест. Ба ҷуз ин, дар ин чанд вақти ахир расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз ҳолатҳои марги одамон дар пайи бемории илтиҳоби шуш ё пневмония ва сил хабар медиҳанд. Ин ҳама дар зеҳн суолҳои зиёдеро халқ мекунад. Тоҷикистон дар Моҳ ва ё Миррих нест. Хромосомаи изофӣ ҳам надорем ва танҳо як аҳмақ ё девона метавонад фикр кунад, ки мо халқи назаркардаи Худоем.

2. Чаро мақомоти тоҷик роҳи хомӯширо интихоб кардаанд?

Ба назари ман, инҷо чанд сабаби эҳтимолӣ вуҷуд дорад. Якум ҷанбаи иқтисодӣ. Мақомоти тоҷик воқеъбинона ҳарос доранд, ки роҳандозии карантин соҳибкории хурд ва миёнаро, ки феълан дар вазъи на чандон хуб аст, нобуд мекунад. Ба ҷуз ин, набояд истисно кард, ки ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти ниёзи мардум ба мисли маводи сохтмонӣ, семент, мебел ва ғайра аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд. Зеро роҳандозии карантин ба тиҷорати онҳо зиёни зиёд мерасонад. Ширкатҳои бузурги монополӣ аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд ва ба ин далел, сарбории андозӣ боз ҳам ба соҳибкории хурд ва миёна таъсир мекунад. Варшикаста шудани онҳо, ба буҷа таъсир мерасонад ва сабаби аз байн бурдани итмтиёзҳо аз ширкатҳои монополӣ боис мешавад.

Дувум, мақомот аз таҳлука тарс дорад, ки баъд аз эътирофи расмии вуҷуди пандемия дар кишвар сар хоҳад зад. Чунин ҳолат дар охири моҳи феврал баъд аз бастани марзҳо рух дода буд. Он замон мардум дар ҳарос афтода, маводи хӯрокворӣ хариданд, ки боис ба болоравии нархҳо дар бозорҳо шуд.

Саввум, эҳтимол дорад мақомот ба ин боваранд, ки ин мушкил паси сар мешавад ва мӯҳлати хуруҷи коронавирус дар кишварро ба дарозо кашонд. Шояд мантиқи коршиносони ҳукуматӣ ба ин тартиб аст: беш аз 70 дарсади аҳолии кишвар ҷавон ҳастанд ва барои онҳо пандемия камтаъсир хоҳад буд, дар ин росто фавти насли калонсол чандон чашмрас наменамояд - дар оянда бошад ба пайдо шудани масуният ё иммунитети ом метавон умед баст.

Чаҳорум, метавон дар бораи заминаҳои сиёсӣ низ ҳадс зад – дар шароити омодагӣ ба интихоботи президентӣ роҳандозии карантини шадид ва муфлис сохтани соҳибкории хурд ояндаи хушоянд нест.

Ба ин тартиб, метавон хулоса кард, ки мақомоти тоҷик вариант ё сабки Шветсияро барои "карантини нарм" интихоб карданд. Вале дар ин ҳол фаромӯш карданд, ки яке аз аслҳои меҳварии роҳҳали Шветсия, такя ба ошкорбаёнии пурра, хабаррасонии васеъ ва эҳтиёткории ооҳонаи мардум мебошад. Дар Тоҷикистон бошад, баъд аз он ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ иддаои мақомотро дар бораи вуҷуд надоштани пандемия ҷонибдорӣ кард, аҳолӣ аслан ҳеч яке аз чораҳои эҳтиёткориро рӯи даст намегирад.

3. Чаро "паника" ё воҳима бармеангезед? Иғвогар ҳастед?

Ман ин тарзи бархӯрдро манфӣ ва хато мешуморам. Дақиқан ҳамин муносибат сабаби таҳрик ба таҳлука мешавад. Интизори буҳрон мондан аз худи буҳрон бадтар аст. Ҳар қадар мардум бештар дар ҳолати номуайянӣ бошад (пандемия мешавад ё не?), ҳамон андоза билохира таҳлука бештар мешавад.

Барои мисол, дар Шветсия, ки шумори гирифторони вирус ба беш аз 12 ҳазор расидааст, таҳлукаву ҳангома аслан ҷой надорад. Зеро дастрасӣ ба иттилоъ озод аст. Дар ин сомона ҳар нафар метавонад вазъи пандемияро дар кишвар ва ҳар шаҳри он бубинад.

Дар ин сайт ҳамчунин шумраҳои телефоне гузошта шудааст, ки тавассути он ҳатто нафаре, ки бо забони форсӣ ё арабӣ суҳбат мекунад, метавонад машварат бигирад.

Вале аз ҳама муҳим дар шароити ҳозираи оромии ҷомеа тоҷикони мо чораҳои пешгириро риоя намекунанд. Бо ин андеша, ки коронавирус ҳанӯз ин ҷо нест, ин чораҳоро зарур намедонанд. Вале дар ниҳоят шумори гирифторон дар ҷомеа аз огоҳ будани ҳар як шаҳрванд вобастааст.

4. Чӣ бояд кард?

Чизҳое ҳаст, ки фақат ҳукумат тавони иҷрои онро дорад ва барои он масъул ҳам ҳаст – пеш аз ҳама барои ҷомеа қоидаи амалкард муайян карда шавад, ҳар як нафар бояд водор шавад, ки онро риоя кунад ва расман бояд низоми гӯшанишинӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ ҷорӣ карда шавад. Муҳимтар аз ҳама ҳоло бояд мактаб ва донишгоҳҳо баста шаванд. То ҷое имкон аст, ба низоми фосилавии таҳсил бояд гузашт. Ман ҳам ҷонибдори карантини пурра ё фарогир нестам. Иқтисоди мо барои ин хеле заиф аст. Вале ҳар қадар, ки ин кор ба дарозо кашида шавад, ба ҳамон андоза эҳтимоли ҷорӣ кардани карантини шадид бештар мешавад.

Амалҳое ҳаст, ки бояд ҳар як шаҳрванд новобаста ба он ки ба иттилои мақомот дар бораи ошкор нашудани коронавирус бовар дорад ё не бояд иҷро кунад. Ягон сабабе барои таҳлука ҳам нест. Фақат ин чанд қоидаи соддаро, ки имрӯз ҳар як нафар медонад, иҷро кунед.

Қоидаи аввал – гӯшанишинӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ ё карантин - ин ба он маъно аст, ки то ҳадди аксар эҳтимоли сироятшавии худро кам мекунед. Ба дигарон дар фосилаи аз ним то як метр наздик нашавед, бо даст салом накунед.

Аз рафтан ба ҷойҳои серодам, нишастҳо, ҷашни зодрӯз ва тӯй худдорӣ кунед. Ба нақлиёт, мағоза ва мусофирбарҳои пуродам нашинед. Махсусияти аслии коронавирус ҳам ин аст, ки хеле осон аз одам ба одам мегузарад.

Қоидаи дувум – иҷрои ҳамвораи чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла истифодаи ниқоб, дастпӯш ва маводи дезинфексионӣ. Дар мағозаҳои хӯрокворӣ ва супермаркетҳо бояд дастпӯшҳои якдафъаина пӯшид. Баъзеҳо баъди бозгашт ба хона ҳатто қуттиҳои маводи ғизоиро, ки дар рафъҳо хоб буданду бисёриҳо ба он даст расондаанд, дезинфексия ё покиза мекунанд. Бисёриҳо дар Ғарб баъди баргаштан ба хона либосҳои худро иваз ва шустушӯ мекунанд. Ҳамсояҳои ман либоси болопӯшашонро бо спирт тоза карда, зери офтоб мегузоранд.

Дастҳоятонро пайваста тоза кунед. Шиносҳои ман ҳар бор баъди кушодани дар ва ё расидани ҳар чизи дигар дасташонро бо коғазҳои навъи спиртдор тоза мекунанд.

Ман дар Шветсия ба толори варзишии донишгоҳ меравам. Дар ин ҷо толори варзишӣ ҳанӯз кушодааст, аммо ҳар кас бояд дастгоҳу асбоби истифодакардаашро пас аз тамрин дезинфексия ё покиза кунад. Хориҷиёне чун ман пеш ва баъди машқи бадан дастгоҳҳоро пок мекунем. Шведҳо асосан баъди истифодаи дастгоҳ онро тоза карда мераванд. Дар инҷо фарқ дар тарзи фикр ё менталитет аст. Зоҳиран шведҳо ба огоҳии дигарон такя мекунанд, онҳо бовар доранд, ки ҳар касе то онҳо тамрин кардааст, албатта, онҷоро покиза намудааст. Аксари зодагони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба огоҳии атрофиён бовар карда наметавонанд ва барои ҳамин як дафъаи дигар эҳтиёт мекунанд. Дар умум, ҳар дафъа баъди рафтан ба толори варзишӣ, дастони ман сурх мешаванд, дар тамоми умр онҳоро мисли ҳозира чунин собун назадаву нашуста будам.

Албатта, ҳамаи ин чораҳо кафолат намедиҳанд, аммо хатари гирифторшавиро то ҳадди камтарин поин меоранд. Муҳим нест, ки шумо ба пандемия бовар доред ё не. Мо ин қоидаҳоро на барои худ, балки барои хонавода ва наздикони худ иҷро мекунем. Наздикони ҳар як мо дар гуруҳи хатар ҳастанд, ҳар нафаре бо фишори баланди хун, калонсолӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайра. Худро эҳтиёт кунед, то онҳоро ҳифз кунед.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG