Ин мавзӯъ ҳамрадифи зиндагиам аст. Ду паҳлӯи вуҷуди ман, ки баъзан дар зеҳнам бо ҳам меҷанганд ва талош мекунанд бароям собит созанд, ки яке бе дувумӣ наметавонад вуҷуд дошта бошад. Ман шаҳриам, вале волидайнам зодаи русто мебошанд. Ман сокини пойтахтам, аммо аз минтақа омадаам. Пас, ман кӣ ҳастам?