Дар ноҳияи Нуробод гурӯҳе аз сокинони деҳаи Гарданга бо эълони ҳашар ба ҳамвор кардани роҳи асосӣ ба самти деҳа шурӯъ карданд. Ҷавонони деҳ видеоеро аз ҷараёни кори худ дар деҳа сабт карда ва ба Радиои Озодӣ фиристоданд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна бачаҳо роҳи ноҳамвори деҳаро бо белу каланд ҳамвор мекунанд.
Видеоро дар инҷо тамошо кунед: