Дар як даҳаи гузашта кишварҳои аврупоӣ беш аз як миллион паноҳҷӯро аз Сурия ба қаламрави худ роҳ ва ҷой доданд. Бо суқути режими Башор Асад, баъзе аз онҳо қабули дархости паноҳандагиро манъ кардаанд. Агарчӣ тағйири ҳукумат баъзе аз паноҳҷӯёнро хурсанд кардааст, иддае дигар аз ояндаи хеш нигаронанд.
Агарчӣ тағйири ҳукумат дар ватан баъзе аз паноҳҷӯёнро хурсанд кардааст, аммо иддаи дигар аз ояндаи хеш нигаронанд.
Фақру бекории давомдор баъзе аз занонро дар Туркманистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, то аз ин роҳ аъзои оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз хушунат, истисмори пулис ва таънаву маломати ҷомеа ҳам шикоят карданд.
Поёни фоҷеабори ҳукумати нимасраи Башор Асад ва падараш, ба маънои тағйири бузурге дар тавозуни қудрат дар минтақа аст. Туркия ба унвони як пуштибони умдаи гурӯҳе аз мухолифон ва ҷиҳодиёне, ки Башор Асадро барканор карданд, бурд кард.
Ҷимми Картер, раисҷумҳури 39-уми Амрико ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, рӯзи 29-уми декабр дар 100-солагӣ дар аёлати Ҷорҷия даргузашт.
Дар Узбекистон, ки манобеи азими газ дорад, мардум хонаҳояшонро бо ангишту ҳезум ва таппӣ гарм мекунанд, чун кишвар ба бӯҳрони энержӣ гирифтор аст ва қодир ба тамоми мардум бо газу барқ нест. Рӯ овардан ба ҳезуму ангишт ба қавли мутахассисон, барои ҳавову муҳити зисти Узбекистон фалокатбор аст.
Қарор аст, мутахассисони Қазоқистон рӯзи 27-уми декабр барои таҳқиқ ба маҳалли суқути ҳавопаймое раванд, ки рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Оқтау суқут кард. 38 нафар ҷон бохт. Айни замон гумонзанӣ зиёдтар мешавад, ки мумкин аст, ҳавопайморо тасодуфан системаи дифоии мушакии Русия зада бошад.
Порлумони Қирғизистон бо қабули Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пӯшидани ниқоб, рӯсарии монанд ба фаранҷиро дар ин кишвар манъ кард. Таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ низ мумкин нест. Иҷрои қонун пас аз имзои раисҷумҳури Қирғизистон сар мешавад.
Дар осмони қаламравҳои шарқии Амрико чӣ иттифоқе рӯй медиҳад? Ҳафтаҳои ахир ин ҷо шумори бесарнишинҳои бениҳоят зиёд мушоҳида шудааст ва аз сокинони оддӣ сар карда то президенти ояндаро чанд суол ба ташвиш овардааст. Дронҳо аз кистанд ва дар болои сари мардум чӣ кор мекунанд?
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, Исроил бо қатъи дастрасии фаластиниҳо ба оби пок дар Ғазза боиси марги ҳазорҳо нафар шудааст ва ин кор баробар ба наслкушӣ мебошад. Исроил иттиҳомро рад кардааст. Айни ҳол аксари беҷошудагони Ғазза дар ин сардиҳо ночор дар хайма зиндагӣ мекунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, Украина ва Русия мебояд "барои бастани созиш омода бошанд", то ба ҷанги вайронгаре, ки аз соли 2022 идома дорад, поён бидиҳанд.
Русия бо зиёда аз 100 паҳпод ба биноҳои истиқоматӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар гӯшаҳои гуногуни Украина ҳамла кард. Нерӯҳои Украина беш аз ними ин паҳподҳоро аз байн бурдаанд.
Ёфтҳои бештар