Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ талош дорад, ки бо истифода аз холигоҳи эҷодшуда дар Сурия дубора дар ин кишвар ҷойи по пайдо кунад. Чӣ гуна?
Баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ишора кардаанд, ки барои ҳамкории эҳтимолӣ бо ҳокимони нави Сурия омода ҳастанд.
Сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар рӯзи 8-уми декабри 2024 ба 53 сол давлатдории хонадони ӯ бар Сурия поён бахшид.
Баъд аз солҳо нобоварӣ, Эрон ва Покистон дар мубориза алайҳи ситезаҷӯии фаромарзӣ муттаҳид мешаванд.
Мақомоти Бритониё саркӯби такондиҳандаи рӯзноманигорон ва эътирозгарони ҷонибдори Ғарбро дар Гурҷистон танқид карда, гуфтанд, ки робитаашонро бо ҳукумати ин кишвар бисёр маҳдуд мекунанд.
Русия дар умум ба шаш раҳбару мансабдори баландпояи фирорӣ аз Сурия, Украина ва Қирғизистон, ки дар пайи ошӯбҳои сиёсӣ аз кишварҳояшон гурехтанд, паноҳгоҳ додааст. Башор Асад яке аз онҳост.
Абумуҳаммад Ҷулонии 42-сола баъд аз фармондеҳии як ҳамлаи ғофилгирона, ки сабаби вожгунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия шуд, шуҳрати бештар ёфт. Қаблан Амрико барои ёфтани ӯ даҳ миллион доллар ҷоиза эълон карда буд.
Беқурбшавии назарраси рубли русӣ дар ҳафтаҳои ахир ба кисаи мардуми зиёд, аз ҷумла бознишастагони Русия ва ҳам вазни даромади муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар зарба мезанад.
Эътирози сокинон дар Гурҷистон пас аз эълони қатъи гуфтугӯҳо то соли 2028 барои шомил шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо саросарӣ шудааст.
Бо вуҷуди талошҳои ҳампаймонҳои Украина барои пешгирӣ аз дастрас шудани васоили электронии истифодаашон дугона (ғайринизомӣ ва низомӣ) ба Русия, ҳамоно чунин маҳсулотро дар силоҳҳои ҷангии Маскав пайдо мекунанд.
Эътирозгарон дар Гурҷистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис онҳоро шиканҷа карда, бераҳмона задаанд.
Мақомоти Русия дар минтақаҳои ишғолкардаи худ дар Украина бо ёрии "Юнармия" наврасонро барои ширкат дар ҷанг ба зидди ватанашон омода мекунанд.
Ёфтҳои бештар