Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандон барои адои ҳаҷ кай имконпазир аст.
Пайвандони як ҷавони маъюб иддао доранд, ки фарзандашон "бегуноҳ зиндонӣ шудааст" ва дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд "азият мекашаду ба кумак ниёз дорад". Абдукамол Аҳадовро моҳи июли имсол бо гуноҳи узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол ҳабс маҳкум карданд.
Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки Шамил Ҳакимов, як зиндонии ақидатӣ дар маросими дафни ягона фарзандаш ширкат кунад.
Вақте намояндагони ҳукумати «Толибон» дар бораи татбиқи шариати исломӣ дар Афғонистон мегӯянд, ба қонунҳое ишора мекунанд, ки аз ҷониби ҳамин гурӯҳи муҳофизакори суннимазҳаб эҷод шудааст.
Як хонуми амрикоии зодаи Сомалӣ ба истеҳсоли навъҳои гуногуни ҳиҷобҳое оғоз кардааст, ки қарор аст, дар яке аз бузургтарин мағозаҳои Амрико ба фурӯш гузошта шавад.
Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки намояндагони онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таҳқиқи рафторҳои баҳсбарангези як имомхатиб оғоз кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 12-уми май гузориши солонаи худро дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, нашр кард. Д
Бе риояи фосилаи ҷисмонӣ, аммо ба шарти ҳатмии доштани ниқоб намози Иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон бори аввал дар ду соли охир ба таври маъмулӣ баргузор шуд. Дар он ҳазорон нафар ширкат карданд.
Як кумиссиёни Амрико тавсия додааст, ки Тоҷикистон ҳамчунон дар рӯйхати кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ нигаҳ дошта шавад, чун муносибати ҳукумати он бо диндорон ва аққалиятҳои динӣ тағйири чандоне накардааст.
Қасам хӯрдан, ки ҳанӯз панҷ сол пеш аз тарафи Вазорати фарҳанг яке аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар Тоҷикистон эътироф шуда буд, зоҳиран ҳоло ба як дардисар табдил шудааст.
Сомонаи амрикоии "Фронтлайн" Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишваре ҷой додааст, ки теъдоди шаҳрвандонаш дар паноҳгоҳҳои Сурия зиёданд, вале ин кишвар талоши амалие барои баргардондани онҳо накардааст.
Мақомоти Русия шаҳрвандии як рӯҳонии тоҷикро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор карда, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Саиднуриддин Розиқови 60-сола, машҳур бо номи Эшони Саиднуридин, то ин вақт дар ноҳияи Режи вилояти Свердлов мезист.
Ёфтҳои бештар