Дар Душанбе як ҷавонро бо гумони "таҳқир ва таҳдид" ба Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири китобхонаи Лоҳутии пойтахт, дастгир карда, бо гуноҳи "майдаавбошӣ" ба понздаҳ рӯз ҳабс маҳкум намуданд. Талбаков бовар дорад, шарҳу баёнияҳояш дар бораи рӯҳониён ба ин ҳодиса сабаб шуд.