Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи ҷудо дар Тошканд


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2025”, ки дар пойтахти Узбекистон ҷараён дорад, натавонистанд медал бигиранд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо, барои ширкат дар ин мусобиқа 242 варзишгар (116 мард ва 126 зан) аз 23 кишвари чаҳор қораи олам ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохиланд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 1-уми март – чаҳор гуштигири тоҷик - Муҳиддин Асадуллоев, Ворис Назаров, Суннатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода – рақобат карданд.

Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило дар даври аввал Бахитжан Абдураҳмонови қазоқро мағлуб карда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Паҳлавони 19-солаи тоҷик дар чорякфинал дар сабқати сахту тӯлонӣ ба Шаҳром Аҳадови ботаҷриба аз Узбекистон дастболо шуда, ба даври ниманиҳоӣ баромад. Аммо дар нимфинал аз варзишгари бетараф (IJF) Карен Галстян шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони ҷавони тоҷик барои медали биринҷӣ аз Максим Гоберти фаронсавӣ мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Дар вазни то 73 кило паҳлавони дигари тоҷик Ворис Назаров дар даври аввал аз намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Карим Абдуллоев ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд.

Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кило дар даври аввал Уулу Алмазҷони қирғизро шикаст дода, дар даври дуюм аз Сӯҳроб Турсунови узбек шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Суннатулло Мусоев, ки дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Абулайхон Жубаназари қазоқ мағлуб шуда, аз ҳаққи идома сабқат маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа – 28-уми феврал - Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов, Эмомалӣ Нуралӣ, Умар Шеров, Аҳлия Муъминова, Мадина Қурбонзода ва Александра Кан намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо ду нафар – Эмомалӣ Нуралӣ ва Аҳлия Муъминова - барои медали биринҷӣ мубориза бурданд.

Паҳлавони 22-солаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Казбек Нагучевро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шикаст дод. Вале Эмомалӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Замоҳшарӣ Бекмуродови узбек шикаст хӯрда, дар даври тасаллобахш Роналд Лимаи бразилиро мағлуб кард.

Эмомалӣ барои нишони биринҷӣ аз Муҳриддин Тиловови узбекистонӣ ноком шуда, дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд. Дарвоқеъ, Эмомалӣ дар ду мусобиқаи “Tashkent Grand Slam” солҳои 2023 ва 2024 медали тило гирифта буд.

Аҳлия Муъминова дар сабқати занон дар вазни то 48 кило баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Чин ва Қазоқистон, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Салвадор Родригуес аз Испания дастболо шуд. Вале Аҳлия дар нимфинал аз Кано Миякии ҷопонӣ мағлуб гашт. Ӯ барои медали биринҷӣ аз Сабина Гилязова аз дастаи бетараф (IJF) шикаст хӯрд.

Ду паҳлавони дигари тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кило, мақоми ҳафтумро касб карданд. Меҳрзод, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Муродир Муродиллоеви узбекро мағлуб сохт. Дар даври сеюм Сӯфиев аз Туран Байрамови озарӣ шикаст хӯрда, дар рақобати тасаллобахш аз Седрик Револи фаронсавӣ ноком шуд.

Ҳақдод Гулов низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм дар замони тилоӣ Ҷонатан Чаронро аз Куба шикаст дод. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Гулов аз Анварҷон Иброҳимови мизбон шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Ҳақдод қувваозмоиро ба Камолиддин Бахтиёрови узбекистонӣ бохт.

Се нафари дигар - Умар Шеров (-66 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) - дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар рӯзи сеюми “Tashkent Grand Slam 2025” – 2-юми март - боз шаш варзишгари тоҷик - Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду -90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду -100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) - ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа:

2-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медал (5 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шудааст. Мунтахаби Узбекистон бо касби 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Испания бо касби 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол кардаанд. Тоҷикистон бо се ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар зинаи сездаҳум ҷойгир шудааст.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG