Бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.
Дар маркази вилояти Суғд охирин намояндаи ҷамъияти яҳудиёни Хуҷандро дафн карданд. Тақрибан 150 сол пеш яҳудиён аз Бухорову Самарқанд ба Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он омада буданд, аммо баъзе аз онҳо дар поёни даврони Шӯравӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар кӯчиданд.
Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифтории сокинон ба COVID-19 хабар медиҳад, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, "кай дари масҷидҳоро мекушоянд?" Масҷидҳои Тоҷикистон 10 моҳ инҷониб бастаанд.
Таҷлил аз таваллуди Исоҳи Масеҳ дар Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камодам ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор шуд.
Идораи рӯҳонии мусалмонҳои Русия бо содир кардани фатвое никоҳи мусалмонро бо занони пайрави динҳои дигар номумкин номид.
Рӯзи 29-уми июл дар Арабистони Саудӣ маросими Ҳаҷҷи соли 2020 шуруъ шуд. Бори аввал аст, ки дар таърихи муосири ҷаҳони ислом хориҷиён наметавонанд ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд, зеро ба далели пандемияи СОVID-19 Арабистони Саудӣ Ҳаҷҷи имсоларо иҷозат надод.
Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард. Мақомоти Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, "баҳогузории Амрико воқеиятро инъикос намекунад".
Пайвандони Суннатулло К., як ҷавони тоҷик, ки ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар дар Олмон бо гумони тарҳрезии амали террористӣ боздошт шудааст, мегӯянд, ӯ ҳаргиз зери шубҳаи мақомоти Тоҷикистон ё пайгарди ҷиноӣ қарор надошт.
Масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси қонун, наврасони тоҷикро танҳо волидони онҳо метавонанд таълими ибтидоии динӣ диҳанд.
Ёфтҳои бештар