Девору аржангҳои шикаста, дару тирезҳои канда ва сарнавишти норӯшани сутунҳои кандакорӣ ва сақфи пур аз нақшу нигор. Дар дили Душанбе ба кандани чойхонаи "Роҳат", яке аз маконҳои таърихӣ ва дидании пойтахт, сар кардаанд.
"Танҳо як чойхона набуд"
Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи шинохтаро, ки солҳо боз дар паҳлӯи "Роҳат", дар Театри ба номи Лоҳутӣ, кор мекунад, тахриби бинои чойхона ғамгин кардааст. Ӯ рӯзи чоруми март гуфт, "ин танҳо як чойхона набуд, балки қадамгоҳи аҳли адаб ва аҳли ҳунар буд".
"Ҳамеша кор ва тамрин аз чойхонаи "Роҳат" шуруъ мешуд. Бузургвороне ба мисли Аслӣ Бурҳонов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Бурҳон Раҷабов, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев субҳ аввал дар инҷо як пиёла чой менӯшиданд, суҳбат меоростанд," – илова кард Ортиқи Қодир.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Тахриби чойхонаи "Роҳат" на танҳо фарҳангиён, балки бисёре аз сокинони пойтахтро низ нигарон кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як фарохон (петитсия)-и маҷозӣ роҳандозӣ ва дар он аз ҳукумат хоста шудааст, ки ин бинои таърихиро нигоҳ дорад. Вале вайрон кардани "Роҳат" рӯзи 1-уми марти соли 2025 оғоз шуд ва вокуниши фарҳангиёну сокинон шунида нашуд.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, қаблан гуфта буд, ки дар пасманзари бинои нави ҳукумати Тоҷикистон чойхонаи "Роҳат" бо вазъи ҳозирааш мувофиқ нест ва барканда мешавад. "Агар мо як чойхонаи дигар бо номи “Роҳат”, бо ҳамин санъати меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ, бо ҳамин унсурҳо созем ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад, чӣ камбудӣ дорад?" – суол гузошта буд ӯ.
"Гуфта будем, макони нав диҳед"
Вале, сарфи назар аз гуфтаҳои мақомот, ду аржанг (мозаика)-и таърихии деворҳои пеши бино аллакай тахриб шуданд ва сутунҳои кандакориву сақфи пур аз нақшу нигори миллии он низ сарнавишти норӯшан доранд.
Як масъули Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи президент, ки тахриби бино аз сӯйи ин ниҳод иҷроӣ мешавад, рӯзи 4-уми март дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ҳифз кардани аржангҳо аз лиҳози фаннӣ номумкин аст: "Онҳо дар деворҳо бо сангпораҳои майда ва дона-дона васл шудаанд. Ин нигораҳо аксбардорӣ шудаанд ва агар чойхонае сохта шавад, аз рӯйи аксҳо мешавад ин нигораҳоро аз нав дуруст кард."
Аммо Шавкат, як меъмори бознишастаи сокини Душанбе, мегӯяд, борҳо пешниҳод карда буд, ки онҳоро қисм-қисм ҷудо карда, ба ҷойи дигар баранд. "Фақат гуфта будем, ки ба мо макони нав диҳед, дар марказ. Зеро ин ҷо хориҷиён ва сайёҳон зиёд меомаданд," -- мегӯяд ин меъмори бознишаста.
Ба гуфтаи масъулони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷойи чойхонаи "Роҳат” ва театри "Лоҳутӣ”, ки чанде баъд ҳамтақдири ин чойхона мешавад, фаввораҳо бунёд мешавад.
"Ин таърихи мо буд"
Сокинони Душанбе, хусусан, насли бузургсоли онро тахриби чойхона, ки дар хориҷ чун корти муаррифии Тоҷикистон шуҳрат пайдо кардааст, ҷигархун кардааст. Яке аз онҳо дар суҳбати сарироҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин таърихи мо буд, таърихро нобуд кардан мумкин нест. Баъзан вақт ман ҳамчун душанбегии асил шаҳри худро намешиносам."
Сокини дигари Душанбе бо нигаронӣ гуфт, "хайр, чӣ кор кунем? Ҳамаи умри мо дар ин чойхона гузаштааст. Мо ҳамеша меомадем."
"Бинед, чӣ қадар зебоӣ аст, ин ҳама кори дастӣ буд, инро бояд ҳифз мекарданд, вале онҳо гирифтанду шикастанд," - бо ғамгинӣ мегӯяд зани бузургсоли дигар.
Чойхонаи “Роҳат” дар замони роҳбарии Турсун Улҷабоев дар канори Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон сохта шудааст. Ба далели ягона чойхона ва дар маркази шаҳр қарор доштанаш, бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ ва ходимони давлатию фарҳангӣ барои хӯрдани ғизо инҷо меомаданд. Ин амал боис шуд, то “Роҳат” ба макони маъруфе табдил шавад ва ривояту хотироти зиёде дар чанд насли Тоҷикистон эҷод кунад.
6-7 сол пеш, вақте эҳтимоли вайрон кардани чойхонаи Роҳат” расонаӣ шуд, ҳамеша бо вокуниш ва нигаронии сокинону зиёиён ҳамроҳ буд. Вале дар пайи бозсозии Душанбе чанд бинои қадимии пойтахт, аз ҷумла Хонаи Деҳқон - Театри Маяковский, бинои Вазорати кишоварзӣ ва бинои пешинаи ҳукумати Тоҷикистон тахриб шуданд.