Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон ба баррасии шикояти донишҷӯён ва наздикони онҳо дар бораи мушкили пардохти пули таҳсил оғоз кардааст.
Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи сарбоз Баҳовуддин Юсупов вокуниш кард. Пайвандони сарбоз иддао доштанд, ки ӯ пас аз ним моҳи даъват ба артиш дар қисми низомӣ шадидан латукӯб шуда, "аз гап задан мондааст" ва дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарист.
Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Нашриёти муосир" рӯзи 23 октябр аз Радиои Озодӣ хост дар робита ба таҳқиқоти “Аз нашри китоби "Тоҷикон" ҷайби кӣ пур шуд?” раддия ба нашр расонад. Ин ҷо раддияи комили "Нашриёти муосирро" бихонед.
Марямбӣ Назриева, сокини шаҳри Кӯлоб, то ҳашт моҳ пеш дар хонаи вайрона мезист. Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли гузашта, мақомот ба ӯ хона сохта доданд.
Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи аз кор мондани корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ пас аз боз шудани он бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон на танҳо посухи расмии ҳокимияти ноҳия, балки талошҳои дубора ба кор андохтани корхонаро сабаб гашт.
Сокинони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат мегӯянд, ки бо гузашти як сол аз расонаӣ шудани мушкили онҳо ва омодагии чанд нафар барои кумак, ҳанӯз кӯдаконашон соҳиби мактаб нашудаанд.
Дар робита ба марги сарбози қисми низомии "87740"-и Вазорати дифои Тоҷикистон, Рамазон Зоиров, чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кардаанд.