Манижа Сангин, овозхони тоҷики шаҳрванди Русия, ки барои мухолифаташ ба ҷанг дар Украина ба кору зиндагӣ дар хориҷа маҷбур шуда буд, дигарбора ба Маскав баргашт. Вай чанд муддат дар Тоҷикистон буд ва таронаи навашро ба номи "Силоҳ" дар онҷо сабт кард.
Русия рӯзи 19-уми август ба зидди Шоҳзода Карим Оқохон, раҳбари Бунёди Оқохон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон, таҳрим ҷорӣ кард.
Талоши Камала Ҳаррис, муовини президенти Амрико, барои ишғоли мақоми баландтарин дар Иёлоти Муттаҳида боис ба ҳамлаҳои вобаста ба ҷинсу нажоди ӯ шудаанд. Ҳатто либоспӯшӣ ва хандаҳои ӯро ба масхара мекашанд, ки ба қавли коршиносон “намунаи ошкорои занситезӣ мебошад”.
Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, муқаррароти навро дар бораи либоси “бегона” бекор кунад.
Додгоҳи минтақаи шарқии аёлати Пенсилвания (The Eastern District Of Pennsylvania) ба муҳокимаи парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон сар кардааст.
Committee to Protect Journalists (Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аз мақомоти Тоҷикистон хост, рӯзноманигор Аҳмади Иброҳимро озод ва иттиҳоми зидди ӯро бекор кунад.
Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст.
Иддаои аъзои як оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи он ки ташкилоти "Имон Интернешнл" панҷ кило тиловории онҳоро ҳамчун гарав қабул карду барнагардонд, дар нишасти матбуотии намояндаи Бонки Миллӣ дар Суғд баҳс барангехт.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав ҳабси чор зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар пайванд ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар боздошт ҳастанд, дароз кард.
Ҳукумати Туркманистон, як кишвари бастаи Осиёи Марказӣ, тибқи қонун вазифадор аст, ки ба кӯдакони ятим баъди расидан ба синни 18 манзили давлатӣ диҳад, аммо аксар вақт онҳоро дар хонаи пиронсолон ҷойгир мекунад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз таъсири бади корхонаҳои чинии истихроҷи маъдан дар кишвар беморие сабт нашудааст. Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба таҳқиқоти нави Радиои Озодӣ баён дошт, ки аз шикояти даҳҳо сокини Тоҷикистон ва баъзе аз пизишкони маҳаллӣ маншаъ мегирад.
Сано Ҳайдарӣ хатмкардаи "Сомониён", ягона мактаби муҳоҷирон ва паноҳандагони Афғонистон дар Душанбе аст.
Ёфтҳои бештар