Дар аҳди гурӯҳи тундгарои Толибон дар Афғонистон ба шавҳар додани духтарони наврасу ноболиғ афзудааст.
Темур Варқӣ, хабарнигори шинохта ва фаъоли сиёсии тоҷикро раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик, яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон интихоб кардаанд.
Ҳамлаи Украина ба Русия ва таҳти назорат гирифтани вилояти Курск сабаби рехтани обрӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин шудааст.
Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо ташвиқи кишоварзон, имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон ҳафт ҳазор гектар зиёд кардааст.
Бомдоди имрӯз нерӯҳои Исроил бо ҳамлаҳои зиёди ҳавоӣ ба ҷануби Лубнон гуфтанд, ки амалиёташон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон аст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри русии Суҷаи вилояти Курски Русия, ки таҳти назорати нирӯҳои украинӣ гузаштааст, сокинони ҳайрону саргардонро пайдо кард.
Дар рӯзе, ки Украина 33-солагии истиқлолияти кишварро таҷлил мекард, президент Владимир Зеленский эълон кард, ки дар натиҷаи як табодули зиндониҳо бо Русия 115 сарбоз ба ватан баргардонида шуд.
Дар шаҳри Истаравшан кӯдаке зери чархи мошини модараш монда баъди муддате даргузашт.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Эрон (U-17) аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.
Дар рӯзи таҷлил аз ҷашни истиқлолияти Украина президент Владимир Зеленский ба истодагарии қаҳрамононаи мардуми ин кишвар дар муқобили таҷовузи бедалели Русия дар 30 моҳи ахир таъкид кард.
Дар вилояти Самараи Русия ба муҳоҷирон кор дар соҳаи тиҷорату бозор ва ошхона ё хӯроки умумиро манъ карданд.
Дар шаҳри Золинген воқеъ дар ғарби Олмон марди мусаллаҳ ба корд ба ширкатдорони як ҷашни идона ҳамла кард ва се нафарро куштаву ҳашт касро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Ёфтҳои бештар