Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туро ба танфурӯшӣ муттаҳам мекунем." Аз хонаи ятимон ба хонаи пиронсолон


Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ҳангоми боздид аз хонаи ятимон. Ишқобод, моҳи майи соли 2022
Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ҳангоми боздид аз хонаи ятимон. Ишқобод, моҳи майи соли 2022

Ҳукумати Туркманистон, як кишвари бастаи Осиёи Марказӣ, тибқи қонун вазифадор аст, ки ба кӯдакони ятим баъди расидан ба синни 18 манзили давлатӣ диҳад, аммо аксар вақт онҳоро дар хонаи пиронсолон ҷойгир мекунад.

Як зан, ки дар ятимхонаи Туркманистон ба воя расида, “шаҳд”-и зиндагиро дар муассисаи солмандон низ “чашидааст”, дар ин бора ба бахши туркмании Радиои Озодӣ қисса кард. Вай гуфт, мехоҳад ба ин восита таваҷҷуҳи ҳукумати Туркманистонро ба вазъи нохуби кӯдакони ятим ва душвории онҳо ҳангоми зиндагии мустақилона ҷалб кунад.

“Вақте ятимон 18-сола мешаванд, мақомот писаронро ба артиш мефиристанд ва духтаронро дар хонаи бознишастагони маҳалли зисташон ҷойгир мекунанд,” – гуфт ӯ.

Ин зан 26-сола аст. Мегӯяд, тибқи қонун ҳақ дошт, пас аз тарки ятимхона соҳиби манзили якҳуҷраӣ шуда, зиндагии наву мустақилонаро оғоз бахшад, вале ӯро дар як утоқе дар муассисаи пиронсолон дар шаҳри Туркманобод, маркази вилояти Лабиоб (Лебап), ҷой додаанд.

Мусоҳиби бахши туркмании Радиои Озодӣ аз тарси ҳукумати худкомаи Туркманистон, ки тоқати шунидани танқидро надорад, хост номаш фош нашавад. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки ба зиндагии мустақилона омода набуд, худро якбора бепуштибон ва бидуни муҳофизат дарёфт.

“Бо дидани он ки пиронсолон чӣ гуна ба хонаи солмандон меуфтанд, фикр кардам, тақдири онҳо аз ятимон ҳеч фарқ надорад. Нохоста будан бисёр дардовар аст,” – афзуд зан.

Дар хонаи пиронсолон ӯ сарпаноҳ ёфт, аммо ба хӯрок дастрасӣ надошт: "Ман маҷбур шудам, ки дар бозор кор ёбам, зеро барои харидани ғизо ва маводи дигар пул надоштам. Як ҳамшираи шафқат ва маъмури хонаи пиронсолон ба ман таҳдид карда, гуфтанд, ки "агар қаҳри моро биорӣ, туро ба пулис месупорем ва ба танфурӯшӣ муттаҳам мекунем."

Бозори Лабиоб (Лебап)
Бозори Лабиоб (Лебап)

Радиои Озодӣ наметавонад иддаои ин занро мустақилона таъйид кунад. Мақомот дар Лабиоб (Лебап) ба дархостҳои мо посух надоданд.

Ҳукумати пӯшида ё бастаи Туркманистон дар бораи мушкилоте, ки кӯдакони ятим баъд аз 18-солагӣ дучор мешаванд, маълумот намедиҳад. Расонаҳои давлатии Туркманистон аксар вақт аксҳоеро нашру паҳн мекунанд, ки кӯдакони ятимхонаҳо дар ҳоли хушӣ тасвир ёфтаанд. Ҳангоми сафар ё барномаҳои ҳунарӣ ва ё гирифтани туҳфаҳои фиристодаи раиси ҷумҳур.

Бозгашти кӯдакони туркман аз таътили тобистона
Бозгашти кӯдакони туркман аз таътили тобистона

Моҳи май расонаҳои давлатии Туркманистон хабар доданд, ки 32 кӯдак аз ятимхонаҳои Ишқобод ва Балканобод се ҳафта давраи вижаи омӯзиширо дар мавриди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ хатм карданд.

Ба гузориши расонаҳо, ин давраҳо аз ҷониби Бунёди кӯдакони Созмони Милал ва Вазорати маорифи Туркманистон ташкил шуда, ҳадафаш “мусаллаҳ” кардани кӯдакон бо маҳоратҳои зарурӣ ва муфид барои ёфтани касб дар оянда аст.

Кӯдакони ятим баъд аз поёни давраи омӯзишӣ. Туркманистон, моҳи майи соли 2024
Кӯдакони ятим баъд аз поёни давраи омӯзишӣ. Туркманистон, моҳи майи соли 2024

Аммо ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Лабиоб (Лебап) мегӯяд, аксар ятимон баъди рафтан аз ятимхона барои омодагӣ ба зиндагии мустақилона ҳеч ёрӣ намегиранд: "Бисёре аз одамон пас аз тарки ятимхонаҳо ба ҷиноят даст мезананд ва ё худкушӣ мекунанд, чун аз уҳдаи зиндагӣ намебароянд."

Худи ин зан беш аз панҷ сол дар хонаи пиронсолон зистааст, чун интизорияш ба гирифтани манзили давлатӣ тӯл кашид. Мегӯяд, масъала танҳо баъд аз ошноияш бо як мансабдори соҳиби зану фарзанд аз Вазорати амнияти миллии Туркманистон ҳалли худро ёфт.

“Ман бояд зани дуюми ӯ мешудам. Пас аз ин, ба ман ёрӣ кард, ки манзили якҳуҷраӣ дошта бошам,” – нақл кард зан, вале ҷузъиёт надод.

XS
SM
MD
LG