Дар рӯзе, ки Украина 33-солагии истиқлолияти кишварро таҷлил мекард, президент Владимир Зеленский эълон кард, ки дар натиҷаи як табодули зиндониҳо бо Русия 115 сарбоз ба ватан баргардонида шуд.
Дар шаҳри Истаравшан кӯдаке зери чархи мошини модараш монда баъди муддате даргузашт.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Эрон (U-17) аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.
Дар рӯзи таҷлил аз ҷашни истиқлолияти Украина президент Владимир Зеленский ба истодагарии қаҳрамононаи мардуми ин кишвар дар муқобили таҷовузи бедалели Русия дар 30 моҳи ахир таъкид кард.
Дар вилояти Самараи Русия ба муҳоҷирон кор дар соҳаи тиҷорату бозор ва ошхона ё хӯроки умумиро манъ карданд.
Дар шаҳри Золинген воқеъ дар ғарби Олмон марди мусаллаҳ ба корд ба ширкатдорони як ҷашни идона ҳамла кард ва се нафарро куштаву ҳашт касро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Александр Гусев, раиси минтақаи Воронежи Русия гуфт, шаби 24-уми август бо сабаби ҳамлаи бесарнишинҳо дар ноҳияи Острогожск сӯхтор ва таркиши «маҳсулоти тарканда» шурӯъ шудааст.
Ширкати Meta гуфт, масъулони маъракаҳои интихоботии Амрикоро аз талошҳои рахнагарӣ бо истифода аз паёмрасони WhatsApp ҳушдор додаанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шартномаи ҳамкориро бо мутахассиси гурҷӣ-белгиягӣ Гела Шекиладзе тамдид кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст.
Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи зиндониҳо дар Русия мегӯяд, ҳодисаҳое, ки 23 август дар зиндони шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград рух дод, натиҷаи пешбинишавандаи таҳқиру азиятҳои сангини маҳбусони мусалмон буда метавонад.
Раёсати Кумитаи тафтишот дар вилояти Волгогради Русия таҳқиқи ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони рақами 19-и шаҳри Суровикинро аз рӯи моддаи “Эҷоди беназмӣ дар кори зиндон ва гаравгонгирӣ”-и Кодекси ҷиноии Русия оғоз кардааст.
"Моро таҳқир мекунанд, дар сардӣ нишаставу мунтазирем." Шаҳрвандони бандмондаи Узбекистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав вазъи худро чунин тасвир карданд. Онҳо мегӯянд, мақомоти Русия баъзе аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро бе ягон сабаб ба ин кишвар роҳ намедиҳанд.
Ёфтҳои бештар