Дар чанд ҷумла
CPJ аз Тоҷикистон хост, Аҳмади Иброҳимро раҳо кунад

Committee to Protect Journalists (Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аз мақомоти Тоҷикистон хост, рӯзноманигор Аҳмади Иброҳимро озод ва иттиҳоми зидди ӯро бекор кунад.
Ӯ муассиси “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аст ва ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ аз 12-уми август дар боздошт қарор дорад.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар мавриди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 19-уми август дар изҳороте гуфт: “Боздошти Аҳмади Иброҳим ёдовари он аст, ки ҳар шакли рӯзноманигории танқидӣ дар фазои амиқан саркӯбкунандаи расонаӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст.”
“Мақомоти Тоҷикистон бояд Аҳмади Иброҳимро ҳамроҳи ҳафт рӯзноманигори дигар, ки дар ҳоли ҳозир барои фаъолиятҳояшон зиндонӣ ҳастанд, озод кунад. Ҳамчунин, иҷоза бидиҳад, ки расонаҳо озодона кор кунанд”, -- афзуд ӯ.
Аз ин пеш ду созмони тоҷикон дар хориҷа низ раҳоии рӯзноманигор Аҳмади Иброҳимро талаб карданд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар Амстердам боздошти Аҳмади Иброҳимро маҳкум кард ва онро “ғайриқонунӣ” ва “поймоли ошкорои ҳуқуқи шаҳрванд” донист.
“Ҳар гуна фишор ба рӯзноманигорон барои фаъолияти касбии онҳо на танҳо ғайриқобили қабул аст, балки ҳамлаи ошкоро ба демократия ва арзишҳои асосии ҳуқуқи инсон маҳсуб мешавад. Мо талаб мекунем, ки Аҳмади Иброхим фавран ва бидуни ҳеч шарт озод карда шавад ва ба таъқиби рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳарчи зудтар хотима дода шавад,” – гуфт раҳбари ҷунбиш Шарофиддин Гадоев дар баёнияе рӯзи 16-уми август.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар Варшава низ дар изҳороте рӯзи 16-уми август аз мақомоти тоҷик хост, ки Аҳмади Иброҳимро фавран озод карда, “ҳар гуна иттиҳоми сохтаву бофта нисбат ба ягона нашрияи мустақилро дар минтақа қатъан хотима диҳанд.”
“Мақсади воқеии мақомоти тоҷик танҳо манъи озодии сухан ва ҳақиқатгӯӣ мебошад, дигар ангезае вуҷуд надорад,” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Мақомоти расмӣ дар бораи боздошти Аҳмади Иброҳим хабар надодаанд. Наздиконаш низ дар ин бора суҳбат намекунанд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ ба қасди ҷиноят ва додани пора гумонбар шудааст.” Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад, Аҳмади Иброҳим барои тамдиди парвона ё иҷозатномаи кори “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, гуё ба як мақоми расмӣ пул пешниҳод кардааст.
Яке аз дӯстони Аҳмади Иброҳим рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд сардабири “Пайк” қурбонии нақшае шуд, ки ҳадафаш боздошти ӯ буд. Дӯсти дигараш, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, зоҳиран ин тавтеаи мақомдорони маҳаллӣ алайҳи журналист аст, ки онҳоро танқид мекард.
Аҳмади Иброҳим агарчӣ дар баҳси мухолифон ва ҳукумат бештар тарафи дувумиро мегирифт, дар мавридҳои алоҳида кори баъзе аз вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллиро дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб танқид мекард.
Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.
Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 сабти ном кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кораш ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.
Дар Тоҷикистон, ки онро созмонҳои хориҷии ҳомии ҳуқуқ “зиндони хабарнигорон” номидаанд, дар ду соли охир ҳашт рӯзноманигору блогер зиндонӣ карда шудаанд. Мақомот мегӯянд, онҳоро барои ҷиноятҳояшон, аз ҷумла ифротгароӣ аз озодӣ маҳрум карданд, аммо ба гуфтаи худи хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, “гуноҳи” онҳо гуфтани воқеияту ҳақиқат дар Тоҷикистон ва танқиди мақомоту ҳукумат буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти ду гумонбар дар қатли як модар ва се кӯдакаш дар Рӯдакӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар қатли як модар ва се фарзандаш дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, хабар дод. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рух дод ва боиси сару садоҳо ва тарсу ҳароси сокинон шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нӯҳ рӯз баъд аз ҳодиса эълон кард, ки дар пайи чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ду нафар бо номҳои А.С ва С.Н ба гумони даст доштан дар ин куштор, боздошт шудаанд. Ба иттилои ВКД, боздоштшудаҳо яке 32-сола ва дувумӣ 16-сола мебошанд.
Дар хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи шахсияти гумонбарон маълумоти бештар дода нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки ангезаи ин куштор чист. Вазорати корҳои дохилӣ танҳо гуфтааст, ки аз онҳо "далелҳои шайъӣ гирифта шуд".
Назари худи ин афрод ва наздикони онҳо маълум нест. Ва низ то кунун маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не.
Ба иттилои ВКД, тафтишро мақомоти додситонӣ пеш мебаранд.
Мақомот мегӯянд, ки марги Шаҳло Назароваи 45-сола ҳамроҳ бо писар ва ду духтараш дар манзили истиқоматиашон рух додааст. Ба нақли ҳамсояҳо, ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд.
Дар пайи ин ҳодиса мақомоти интизомӣ ҳамсояҳоро бозпурсӣ карда, изи ангушт гирифтанд. Бархеро ҳушдор додаанд, ки бе иҷоза бо дигарон дар ин бора сӯҳбат накунанд. Масъулони деҳа аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд ва кӯдаконро беназорат намонанд.
Духтарони зан Ҳабиба ва Ҳамида, писараш Шараф ном доштанд. Писар 6-сола ва духтарон 15 ва ва 17-сола будаанд. Шавҳари зан, ки дар муҳоҷирати корӣ буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омадааст.
Мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин ҳамсинфону омӯзгорони мактаберо, ки духтарони ин хонадон дар он таҳсил мекарданд, бозпурсӣ намуданд
Бо гузашти беш як ҳафта аз марги зан бо се фарзандаш, сабабу фарзияҳои ҳодиса номаълум боқӣ мемонад.
Маҷмаи умумии СММ ба ташкили кишвари Фаластин раъйи мувофиқ дод

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 12 сентябр пешнависи қатъномеро, ки Фаронса ва Арабистони Саудӣ дар бораи ташкили кишвари Фаластин пешниҳод карда буданд, бо аксарияти оро қабул кард.
Ин қатъномаи ҳафтсафҳаӣ, ки "Эъломияи Ню-Йорк" хонда шудааст, натиҷаи як нишасти байналмилалӣ дар СММ дар моҳи июл бо мизбонии Арабистони Саудӣ ва Фаронса дар бораи муноқишаи чансола миёни фаластиниҳо ва Исроил аст. Амрико ва Исроил аз ҳузур дар ин нишаст худдорӣ карда буданд.
Дар нишасти Маҷмаи умумии СММ дар рӯзи 12 сентябр, 142 кишвар аз ин пешниҳод пуштибонӣ карда, 10 кишвар раъйи мухолиф доданд ва 12 кишвар аз раъй додан худдорӣ намудад.
Ин раъйгирӣ пеш аз нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон дар 22 сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумӣ баргузор шуд. Интизор меравад Бритониё, Фаронса, Канада, Австралия ва Белгия ба таври расмӣ дар нишасти Маҷмаи умумии имсол кишвари Фаластинро ба расмият бишиносанд.
Қатъномаи мавриди тасдиқи Маҷмаи умумӣ, ҳамлаҳои "Ҳамос" ба Исроилро дар 7 октябри соли 2023 маҳкум кардааст.
Ин қатънома ҳамчунин ҳамлаҳои Ироил алайҳи ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Ғазза, муҳосира ва барқасдона ба миён овардани қаҳтиро маҳкум намудааст.
Ҷанги навбатӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Тибқи оморҳои Исроил, ҳар ин ҳамла "Ҳамос" 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 251 тани дигарро ба гарав бурд.
Бар асоси эълони мақомоти маҳаллии фаластинӣ, аз он замон то кунун беш аз 64 ҳазор нафар, ки аксарашон ғайринизомӣ ҳастанд, дар ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза кушта шудаанд.
НАТО дар марз бо Русия, Белорус ва Украина таҷҳизоти нав ҷобаҷо мекунад

НАТО ё Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ эълон кардааст, ки барои тақвияти марзии шарқии худ дар баробари таҳдидҳои эҳтимолии Русия, таҷҳизоти наве дар марзҳои Белорус, Русия ва Украина ҷобаҷо хоҳад кард.
Ин иқдом пас аз вуруди паҳбодҳои Русия ба хоки Лаҳистон, сурат гирифт.
Генерал Алексус Грункевич, яке аз фармондеҳони баландпояи НАТО дар Аврупо, гуфт, ки ин амалиёт бо номи "Нигаҳбони Шарқ" оғоз мешавад ва шомили ҷобаҷо кардани ҷангандаҳои "Rafale"-и Фаронса, F-16-и Дания, як киштии ҷангӣ ва системаи дифои заминӣ, хоҳад буд.
Ба гуфтаи мақомҳои НАТО, вуруди чанд паҳбоди русӣ ба хоки Лаҳистон дар рӯзи 10 сентябр занги хатари наверо дар бораи эҳтимоли густариши ҷанги Украина ба дигар кишварҳои ҳамсоя ба садо даровард.
Доналд Трамп аз боздошти қотили эҳтимолии як тарафдораш хабар дод

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, одаме, ки “бо эҳтимоли зиёд” Чарли Кирк, як фаъоли тарафдори сиёсатҳои ӯро куштааст, боздошт шуд.
Президенти ИМА дар суҳбати рӯзи 12-уми сентябр бо телевизиони Fox News гуфт, ба хотири нақз накардани қонун дар бораи эҳтимолияти бегуноҳӣ исми ин нафарро намегирад, вале мутмаин аст, ки қотил боздошт шудааст.
Трамп гуфт, ки қотили Чарли Кирк “сазовори ҳукми қатл аст”. Ба гуфтаи президент, ӯро “яке аз наздиконаш ба пулис супурдааст.”
Дертар, Спенсер Кокс, раиси аёлати Юта гуфт, ки фарди боздоштшуда Тайлер Робинсон, сокини 22-солаи ин аёлат аст.
Каш Пател, директори Бюрои федеролии Таҳқиқот низ инро тасдиқ кард.
Чарли Кирки 31-сола рӯзи 10-уми сентябр бо зарби тире дар гарданаш кушта шуд. Ӯ он лаҳза дар як донишгоҳ дар аёлати Юта дар назди издиҳоми мардум суҳбат мекард.
Ин ҷавон аз тарафдорони сарсахти Доналд Трамп буд ва дар ҷалб кардани ҷавонон барои овоз додан ба номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳон талоши зиёде карда буд.
Доналд Трамп рӯзи гузашта ба ин ҷавон пас аз марг ҷоизаи президентӣ барои “Озодӣ”-ро тақдим кард.
Ин ҷоиза яке аз боарзиштарин ҷоиза дар Амрико аст, ки бо қарори президенти ин кишвар ба шаҳрвандон барои хидматҳои шоёнашон дода мешавад.
Абдулқодири Раҳим, адиб ва рӯзноманигори тоҷик даргузашт

Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор ва адиби тоҷик дар синни 64-солагӣ даргузашт.
Наздиконаш рӯзи 12-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ аз дарди ҷигар ранҷ мекашид ва чанд ҳафтаи ахир дар бемористон бистарӣ буд.
Абдулқодири Раҳим бо навиштани ҳикояҳои кутоҳ ва шеър дар сабки Бедил маъруф шуд.
Ӯ соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.
Дар ҳикояҳояш зиндагии замони кӯдакӣ, аз ҷумла пахтакории иҷборӣ, заҳрпошӣ ба пахтазор, ки ба сокинон зиён меовард ва гирифтории сокинони ин минтақа ба бемории силро ба тасвир кашида буд.
Китоби шеъру ҳикояҳояш бо номи “Дурӯғи шабнам”, “Чароғи ошноӣ”, “Ҷилваи як нола”, “Нусхаи парешонӣ”, “Рӯшноӣ”, “Фиреби меҳр”, “Хилвати оина”, “Духтари афсонаҳо”, “Пайванди марзҳо ва дилҳо”, “Домони абр”, “Ашки сари мижгон”, “Назари лутф” чоп шудаанд.
Ӯ то охирин лаҳзаи умр дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон кор мекард ва бештар дар мавзуҳои адабӣ хабару мақола менавишт.
Пас аз истеъфои раҳбари Непал як зан ҷои ӯро мегирад

Дар Непал эҳтимолан раҳбари собиқи Додгоҳи олӣ раиси муваққатии ҳукумат мешавад.
Дар ин бора рӯзи 12-уми сентябр як манбаи хабаргузории Рейтерс иттило додааст.
Сушила Карки, собиқ раиси низоми адлия ё Додгоҳи олии Непал эҳтимолан раҳбарии муваққатии ҳукуматро ба ӯҳда хоҳад гирифт, чун ин курсӣ баъди дар пайи эътирозҳои шадиде тарки мақоми нахуствазирӣ кардани Шарма Олии коммунист холӣ мебошад.
Кишвари Непал, воқеъ дар байни Ҳинду Чин ва дар байни кӯҳҳои Ҳимолой, дар як ҳафтаи гузашта бо бесобиқатарин беназмиҳо дар таърихи ин давлат рӯбарӯ шудааст. Эътирозҳои мардумӣ, ки баъди манъи шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд, боиси кушта шудани 51 нафар ва ҷароҳати 1300 кас гардид. Мавҷи хушунатҳо танҳо баъди аз қудрат канор рафтани Олӣ хомӯш гардид.
Карки 73 сол дошта, аввалин занест, ки раҳбарии Додгоҳи олиро ба ӯҳда дошт ва дар миёни тарафдоронаш – ширкатдорони ҳаракати Gen-Z, ки дар садри эътирозҳо қарор доштанд, барои ҳақиқатҷӯӣ, муттаҳидӣ ва муборизааш зидди коррупсия ситоиш мешавад.
Мақомоти дигари амалкунанда дар Непал аз шарҳи мавзӯи таъини Карки худдорӣ кардаанд.
Дар давлати Непал соли 2008 монархия аз байн бурда шуд, вале аз он замон давраи бесуботии сиёсиву иқтисодии он оғоз гардид ва мардуми зиёди бекоре барои ҷустуҷӯи даромад ба давлатҳои хориҷӣ муҳоҷир шуданд.
Хабарнигори оҷонсии Ройтерз аз шаҳри Катманду иттило медиҳад, ки рӯзи ҷумъа дар пойтахт нишонаҳои дубора оддӣ шудани вазъ мушоҳида мешавад ва фурӯшгоҳҳо аз нав дарҳои худро боз карда, мошинҳо ба ҳаракат медароянд ва дар дасти полис дигар силоҳ дида намешавад. Вале ҳамоно баъзе роҳҳо баста буда тартиботро сарбозон назорат мекунанд. Мақомот ба дасти хонаводаҳо супурдани ҷасадҳоро шурӯъ кардаанд.
Сухангӯи полис гуфт, дар миёни 51 кушташуда дар як ҳафтаи ахир 21 эътирозгар, нӯҳ маҳбус, се ходими полис ва 18 нафари то ҳол ношинос мебошанд.
Президенти собиқи Бразилияро 27 сол зиндонӣ карданд

Президенти пешини Бразилия Жаир Болсонару бо гумони даст доштан дар табаддулоти давлатӣ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд.
Рӯзи 11-уми сентябр Додгоҳи олии Бразилия эълон кард, ки гуноҳи раҳбари пешини кишвар дар табаддулоти давлатӣ исбот шудааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Жаир Болсонару дар интихоботи соли 2022 мағлуб шуд, вале бо роҳи ғайриқонунӣ талош дошт, раҳбари давлат шавад.
Он сол ӯ дар муқобили сиёсатмадори чапгаро Лула да Силва мағлуб шуда буд. Баъди маросими савгандёдкунии Силва тарафдорони Болсонару талош карданд биноҳои парлумон, Додгоҳи олӣ ва қароргоҳи раҳбари давлатро ғасб кунанд. Дар натиҷа, бар асоси моддаи талоши табаддулоти давлатӣ парванда боз шуд.
Ба Болсонару бар асоси панҷ модда, яке - ташкили созмони ҷиноӣ бо ҳадафи аз қудрат барканор кардани раҳбари кишвар, айб эълон карданд. Президенти собиқ ин иттиҳомҳоро рад кардааст.
Жаир Болсонару 70 сол дорад ва ҳукми содиршуда ба ӯ баробар бо ҳукми ҳабси абад дониста мешавад.
Маълумоти муҳоҷироне, ки баъди ихроҷ ном иваз карданд, ба ФСБ меравад

Вазорати корҳои дохилии Русия аз ин ба баъд маълумоти муҳоҷиронеро, ки пас аз ихроҷ ному насаби худро иваз карда, дубора ба ин кишвар ворид мешаванд, ба Хадамоти махсуси бехатарӣ ё ФСБ, ирсол мекунад.
Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба тартиби навшудаи қабули қарори ҳукумат дар дар бораи манъи вуруд, менависад, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти марзбонӣ бояд аз 1 марти соли 2026 ба ФСБ маълумот дар бораи тағйири насаб, ном, номи падар ё санаи таваллуди шаҳрвандони хориҷиеро, ки аллакай вурудашон ба ин кишвар манъ аст, пешниҳод кунанд.
Мақомот дар шарҳи ин қарор навиштаанд, ин барояшон имкон медиҳад, ки феҳристи вуруди шахсони номатлубро тартиб дода, чунин шаҳрвандонро ҳанӯз дар марз шиносоӣ кунанд.
Ҳудуди як миллион сокини Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиранд. Танҳо соли гузашта, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, беш аз 30 ҳазор муҳоҷирро аз ин кишвар ихроҷ карданд ва фишору азияти муҳоҷирон дар ин кишвар идома дорад.
КҲФ мегӯяд, як сайёҳи русро дар кӯҳҳои Панҷакент наҷот дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз наҷоти як шаҳрванди Русия дар ағбаи Чимтарға хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Антон Вениаминович ҳангоми саёҳат дар ҳудуди деҳаи Ворӯи Панҷакент аз кӯҳ лағжида, ҷароҳат бардоштааст.
"Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки сайёҳ ҳангоми лағжиш аз баландӣ пойаш шикастааст. Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шуд",- афзудааст манбаъ.
Ба иттилои КҲФ, айни ҳол ин шаҳрванди Русия таҳти назорати табибон қарор дорад.
Дар гузашта ҳам шуморе аз сайёҳони хориҷӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон дармонда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода онҳоро наҷот дода буданд.
Шаҳри Ҷалолободи Қирғизистонро Манас ном ниҳоданд

Порлумони Қирғизистон ба тағйир додани номи шаҳри маъруфи Ҷалолобод ба шаҳри Манас мувофиқат кард.
Рӯзи 11-уми сентябр тарҳи қонуни тағйири номи ин шаҳр барои имзо ба Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон фиристода шуд.
Ҷалолобод, маркази маъмурии вилояти Ҷалолобод аст ва ин номро ҳанӯз аз солҳои 1930-юм доштааст. Сабаби тағйиротро аъзои маҷлис расман дар муроҷиати дастаҷамъонаи сокинон ва зарураташро дар ҳимояти манфиат ва идеологияи миллӣ номиданд.
Манас, қаҳрамони достони маъруфи мардуми қирғиз аст.
Дар Амрико як тарафдори шинохтаи Доналд Трамп кушта шуд

Дар Амрико таҳқиқи ҳодисаи куштори Чарли Кирк, як шореҳ ва фаъоли ростгароӣ тарафдори Доналд Трамп шурӯъ шудааст.
Ӯ рӯзи 10-уми сентябр дар як маросиме дар донишгоҳи Юта аз тири силоҳ кушта шуд.
Кирк як тарафдори бонуфузи президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва муассиси созмони муҳофизакор ва сертарафдори ҷавонон бо номи “Нуқтаи гардиши Амрико” буд. Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки Кирк дар миёни издиҳоми бузурги мардум суханронӣ мекунад ва дар ҳамин лаҳза ҳадафи тир қарор мегирад. Ҳозирон аз ин ҳолат ваҳшатзада мешаванд.
Кирк ва созмонаш “Нуқтаи гардиши Амрико” барои таблиғи ҷавонон дар моҳи ноябри соли гузашта бисёр фаъол буд ва нақши боризе дошт.
Ҳодисаи кушта шудани Чарли Киркро рӯзи 10-уми сентябр президент Доналд Трамп ҳам дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, навишт: “Ҳамватанони бузурги амрикоиам, аз хабари сӯиқасд ба ҷои Чарли Кирк дар коллеҷи Юта қалбам пур аз ғам ва хашм шудааст. Чарли миллионҳо нафарро ташвиқ кардааст ва имшаб ҳамаи онҳое, ки ӯро медонистанду дӯсташ медоштанд, ваҳшатзада шудаанд. Чарли як ватандӯсте буд, ки ҳаёташро барои эҷоди мубоҳисаҳои боз ва ҳам барои кишвари дӯстдоштааш – ИМА қурбон кард. Ӯ барои озодӣ, демократия, адолат ва мардуми Амрико мубориза бурдааст. Ӯ як шаҳиди роҳи ҳақиқат ва озодӣ аст”.
Баъди нашри ин изҳороти Трамп парчами ИМА дар бинои Кохи Сафед то нисф поин оварда шуд. Кирк ва созмонаш “Нуқтаи гардиши Амрико”, ки онро бузургтарин созмони муҳофизакори ҷавонон дар ин кишвар меноманд, барои ҷалби раъйдиҳандагони ҷавони тарафдори Трамп дар интихоботи моҳи ноябр нақши муҳиме бозидааст.
Ҳалокати 35 нафар дар ҳамлаҳои Исроил ба Яман

Исроил рӯзи 10 сентябр шаҳри Санъо, пойтахти Яман ва вилояти Ал-Ҷавф дар шимоли ин кишварро, ҳадаф қарор дод. Вазорати тандурустии ҳукумати ҳусиҳо мегӯяд, ки бар асари ин ҳамлаҳо 35 нафар кушта ва 131 тани дигар захмӣ шудаанд.
Артиши Исроил тасдиқ кардааст, ки мавзеъҳои ҳусиҳоро дар Яман, аз ҷумла, пойтахтро ҳадаф қарор додааст. Дар баёнияи артиши Исроил аз рӯзи 10 сентябр омадааст, нерӯҳои ҳавоии Исроил пойгоҳҳои ҳусиҳоро дар Санъо ва Ал-Ҷавф, ҳадаф қарор доданд.
Баёнияи артиши Исроил мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои низомӣ, маркази матбуотии ҳусиҳо ва як анбори маводи сӯхт, ҳадаф қарор дода шуд.
Шоҳидони айнӣ гуфтанд, бинои Вазорати дифои ҳукумати ҳусиҳо ҳадафи ҳамлаҳо буд.
Сокинони Санъо ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтанд, ки ҳамлаи Исроил ба як махфигоҳ миёни ду кӯҳ сурат гирифтааст, ки ҳамчун қароргоҳи фармондеҳӣ ва назорат истифода мешавад. Мизони хисорот то кунун маълум нест.
Радиои артиши Исроил гузориш дод, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои ин ҳамла, қароргоҳи аслии ҳусиҳо ва пойгоҳҳои низомии онҳо будааст.
Беш аз як сол мешавад, ки Исроил ва ҳусиҳои Яман ба ҳавопаймоҳо ва паҳбоду мушакҳо ба якдигар ҳамла мекунад.
Гурӯҳи ҳусиҳои Яман, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, қаблан киштиҳоеро дар Баҳри Сурх ҳадаф қарор доданд ва ва онро нишонаи ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо дар Ғазза, хонданд.
Суқути як чархболи Толибон дар вилояти Ғур

Як чархболи Толибон рӯзи 10 сентябр дар вилояти Ғур сарнагун шудааст. Дар наворе, ки аз сӯи манбаъҳои маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки чархбол дар як минтақаи куҳистонӣ суқут мекунад.
Манбаъҳои маҳаллӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин чархбол пас аз боздиди муовини вазири маъдани Афғонистон ва волии Ғур аз як кони сурб дар минтақаи Лаълбандон, ҳангоми бозгашт ба шаҳри Фирӯзкуҳ, маркази вилояти Ғур, дучори сонеҳа шудааст.
Ба гуфтаи манбаъҳо, се халабон захмӣ шудаанд, аммо дигар сарнишинон осеб надидаанд. Сухангӯи раиси вилояти Ғур бо тасдиқи ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ кас осеб надидааст.
Мӯҳлати қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия поён ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия бо пахши иттилоияе аз анҷоми мӯҳлате, ки барои қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия ҷудо шуда буд, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз имрӯз, 11 сентябр нисбати хориҷиёне, ки ин корро накарданд, ихроҷ ва дигар чораҳои пешбининамудаи қонун, аз ҷумла вуруд ба Русия дар оянда, татбиқ хоҳанд шуд.
Дар асоси фармони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хориҷиёне, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, мебоист то 10-уми сентябр санадҳои худро дуруст кунанд.
Сабти ном дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, аз шартҳои асосӣ гуфта мешаванд.
Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз хадамоти дигари давлатӣ, қарздор набошанд.
Дар Туркманистон 15 касро барои рақс дар ҷойи номуносиб аз кор ронданд

Дар Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи шаҳри Дашоғузро барои рақсидан дар назди акси раиси ҷумҳур Сардор Бердимуҳаммадов аз кор рондаанд. Дар ин кишвар аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури пешин, ки соли 2022 қудратро ба писараш Сардор супурд, “муқаддас” ба ҳисоб мераванд.
Бино ба хабарҳои дарёфтии бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳодиса 15-уми август рух додааст. Нимашаби ҳамон рӯз афсарони Кумитаи амнияти миллии Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи Дашоғузро ба ҷойи корашон даъват кардаанд ва ба онҳо амр додаанд, ки ариза бинависанд, ки “бо ихтиёри хеш аз кор мераванд”, аммо сабаб “рақс дар як ҷойи номуносиб” будааст.
Бино ба гузоришҳо кормандони фурудгоҳ дар соати корӣ зодрӯзи яке аз ҳамкоронро ҷашн гирифта, дар рӯ ба рӯи акси раиси ҷумҳур рақсидаанд ва яке аз онҳо аксро дар ТикТок гузоштааст.” Ҳамаи онҳое, ки рақс кардаанд, аз кор ронда шудаанд ва муаллифи наворро ҳам барои 15 рӯз паси панҷара фиристодаанд. Мақомоти расмӣ кормандони фурудгоҳро ба “ҳаракатҳои масхараомез” дар назди акси раиси ҷумҳур муттаҳам кардаанд.
Як манбаъ дар мақомоти амниятии Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст: “Аксҳои раиси ҷумҳур ва падари ӯ муқаддас ба ҳисоб мераванд. Муҳим нест, шумо чӣ мақоме доред, агар дар назди аксҳо рафтори нодурусте кардед, аз кор ронда мешавед ва ё ҳатто ба зиндон меравед. Ин як навъ қонуни нонавишта аст.” Дар фурудгоҳи Дашоғуз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.