Баҳс аз чӣ бархост?
Шукурова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд мумкин буд, баъди ба нафақа баромадан ҳам дарс диҳад, Зулфия Қодирӣ, мудири мактаб-интернати нобиноён дар шаҳри Ҳисор, иҷозат надодааст, ки ӯ ба кораш идома диҳад. Қодирӣ нахост, дар ин бора суҳбат кунад.
“Ҳол он ки 18 соат кор кардан мумкин аст. Ҳам қувваи корӣ дорам ва ҳам шароитам вазнин мебошад. Дар ҳамон мактуб ҳам навиштам, ки агар илоҷаш бошад, кор мекардам”, - изҳор медорад Шукурова.
Ба назари ӯ, як баҳс ё нофаҳмӣ бо роҳбарият сабаби қатъи қарордоди корияш гашт. Нофаҳмӣ миёни мудири мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор ва Шукурова гуё баъди он ба миён омад, ки вай ба назди ҷадвали дарсҳо танҳо рафт.
“Дар он ҷо раиси Иттифоқи касаба буд ва пурсид, ки котибаат дар куҷо аст? Гуфтам, намедонам. Гуфт, бояд ба ту ёрӣ мекард. Аз дастам гирифта, ба назди мудир бурд. Муаллима ғазаб кард. Ман намедонам барои чӣ?! Гуфтам, ки ман барои шикоят нарафтаам. Вай гуфт, ки котиба бояд ҳамроҳат кор кунад. Фикр мекунам, ки ҳамин сабаб шудааст”, - афзуд Шукурова.
Муроҷиати Саноат Шукурова ба Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон натиҷа надодааст. Дар мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор нахостанд, ки мавзуъро шарҳ диҳанд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Хусрав Зикруллоев, корфармо ҳангоми ба синни бознишастагӣ расидани кормандаш ҳақ дорад, ки ӯро аз кор озод кунад. “Ин талаботи қонун аст," -- гуфт ӯ ва ҳамзамон афзуд, "агар ҳамин шахсро ба кор қабул кунанд ҳам, ягон монеа нест. Яъне, қонун иҷозат додааст, ки бо ташаббуси корфармо метавонанд қарордоди корияшро тамдид кунанд.”
“Маълумот доранд, вале ҷойи кор надоранд”
Саноат Шукурова, ки ҳамакнун аз маошаш маҳрум аст, аз он метарсад, ки дастнигар хоҳад шуд: “Хушбахтии ман ҳамин фарзандонам буданд. На фақат маош, балки ба ҳамон кӯдакон сахт меҳр баста будам”.
Хайрулло Арабов, яке аз шогирдони Саноат Шукурова, ҳоло баробари таҳсил ба тиҷорат машғул аст. Ӯ рӯзи 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нақши омӯзгорашро дар зиндагии худ муҳим мешуморад.
“Дар ҳар дарс бо шавқ иштирок мекардем. Дар баъзе аз дарсҳо мешинӣ, фикр мекунӣ, ки тезтар ҳамон дарс тамом шавад. Дар дарси муаллима чӣ хел тамом шудани дарсро намефаҳмидем. Ба ҷуз аз ман, муаллима чанд шогирди аълохони дигар ҳам доранд, ки ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд”, - изҳор дошт ӯ.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Вакили мудфоеъ Фотима Шамсиддинова, ки таҷрибаи ҳимоят аз ҳуқуқи маъюбонро дорад, 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, 70 дарсади нобиноёне, ки маълумоти олӣ доранд, ҳоло бекор мебошанд.
“Ягон тадқиқот гузаронида нашудааст, ки чанд дарсади онҳо бо кор таъминанд. 70-80 дарсади онҳо бекоранд. Агар ҳозир ба бозори “Корвон” равед, ҳамаи “салафанфурӯшҳо”, “резинфурӯшҳо” ва китобфурӯшон нобиноҳоянд. Ҳаштод дарсади онҳоро бипурсед, маълумоти олӣ доранд, вале ҷойи кор надоранд”, - илова кард ҳамсуҳбати мо.
Мушкили нобиноён чист?
Дар ҷомеаи нобиноён сабаби вазъро дар рӯй овардани нобиноён ба фанҳои гуманитарӣ рабт доданд. Холмаҳмад Тенгниев, муовири раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нобиноён имрӯз бояд дунболи омӯзиши касбҳое бошанд, ки ба кор мераванд.
“Нобиноён талош мекунанд, ки бештар ихтисосҳои гуманитарӣ, аз қабили забоншиносӣ, таърихшиносӣ ва ҳуқуқро омӯзанд. Дар баробари ин мо бояд кӯшиш кунем, ки фанҳои дақиқро ҳам омӯзем. Нобиноён набояд танҳо роҳи омӯзгориро пеш гиранд. Онҳо метавонанд ҳамчун соҳибкор ё дар соҳаи тиб ба ҳайси маҳсгар кор кунанд. Ҷаҳони муосир талаб мекунад, ки нобиноён бояд дар соҳаҳои гуногун фаъолият намоянд”, - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Тенгниев, нобиноён натанҳо дар мактаб-интернатҳои махсус, балки дар мактабҳои ҳамагонӣ ҳам метавонанд кор кунанд. Нобиноён чизи дигар мегӯянд.
“Фабрикаву заводҳое, ки мо кор кунем, ҳоло кам ҳастанд. Вақте ҷумҳурӣ ба кишвари саноатӣ табдил ёфт, заводу корхонаҳо пайдо мешаванд, ки мо метавонем кор кунем”, - изҳор дошт Тӯраҷон Тӯраев.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 15 ҳазор нобино зиндагӣ доранд, ки даҳ ҳазор нафари онҳо ҳамчун узви Ҷамъияти нобиноён сабти ном шудаанд.