Ҳодиса
Фарде, ки Қуръонро оташ зад, боздошт мешавад

Додситони Шветсия Расмус Палудан, раҳбари ҳизби рости ифротии “Сахтгир”-ро ғоибона ба ҳабс гирифт.
Палудан нафаре буд, ки моҳи январи имсол дар назди Сафорати Туркия дар Стокҳолм нусхае аз китоби Қуръонро оташ зада буд. Ин кори ӯ хашми Туркия ва бархе кишварҳои мусалмониро ба миён овард.
Расонаҳои шведи бо такя ба манобеи худ навиштаанд, мақомоти қудратӣ нисбати Расмус Палудан бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва душманӣ тафтишотро оғоз кардааст.
Ин сиёсатмадори ҷиноҳи рости ифротии Шветсия феълан дар Дания қарор дорад ва дар сурати бозгашт ба кишвараш фавран ба ҳабс гирифта мешавад.
Расмус Палудин даъвати мақомоти Шветсия дар бораи ҳозир шудан ба тафтишотро рад кардааст. Худи Палудан дар сӯҳбат бо нашрияи Aftonbladet гуфтааст, омадан ба Шветсия барои ӯ бехатар нест, вале ӯ омодааст онлайнӣ дар бозпурсӣ иштирок кунад.
13 соли зиндон барои оташ задани як комиссариати ҳарбӣ дар Русия

Додгоҳе ҳарбие дар Русия як шаҳрванди Қазоқистонро бо гумони оташ задани комисариати ҳарбии Омск ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
Дар бораи эълони ҳукми Ансаган Молдаҳметов, хабаргузории NGS55.RU бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ФСБ дар Омск хабар додааст.
Ба иттилои тафтишот, Молдахметов бо як ҳамроҳаш, ки низ шаҳрванди Қазоқистон буда, ҳоло дар пайгард қарор дорад, 13-уми майи соли 2022 ба бинои комисариати ҳарбии Омск “коктейл Молотов” партофтаанд, ки дар пай сӯхтор сар зада, ҳуҷаатҳои бойгонии бино зарар дидааст.
Бино ба гуфтаи муфаттишон, каме пештар аз ин ҳодиса, фарди ношиносе ба Молдахметов тариқи Телеграм тамос гирифта, ба ӯ пешниҳоди оташ задани комисариати ҳарбиро кардааст. Дар иваз ба Молдахметов, 6 миллион танга ё 13 ҳазор доллар ваъда кардааст.
Назари гумонбарон ба ин қазия дастрас нест, аммо мақомоти Русия гуфтаанд, баъди ташкили оташсӯзӣ, Молдахметов ва Муродулло тарки кишвар карданд, аммо нафари аввалӣ дубора баргашта, моҳи августи соли гузашта дар марз боздошт шудааст.
Дар як соли 2022 дар Русия 77 маротиба талош шудааст, ки комиссариатҳои ҳарбӣ оташ зада шаванд. Дар ин бора аз Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи марказӣ хабар дода, таъкид кардаанд, ки чунин ҳолатҳо чун ҳамлаи терористӣ дониста шуда, барои он ба гумонбар то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Малах деҳқонони Фархорро ба дод овардааст. ВИДЕО
Ҳамлаи малах ба киштзорҳои мардум дар Фархор маҳсули кори чандинмоҳаи деҳқононро зери хатар қарор додааст. Кишоварзон, ки ба ҷамъоварии ҳосил омодагӣ медиданд, ҳоло бо селаи малах мубориза мебаранд.
Субҳоналлоҳ Нарзуллоев, як кишоварз аз деҳаи Меҳровари Фархор гуфт: “20 рӯз пас ғалла барои ҷаъмоварӣ омода мешавад, ҳозир вақте малах ҳамла кунад, онро пурра ба нестшавӣ мерасонад.”
Субҳоналлоҳ талош дорад 2,5 гектар заминашро, ки дар он пахта, ҷав ва юнучқа кишт кардааст, аз ин бало эмин нигаҳ дорад. Мегӯяд, малахҳо аллакай ба қисме аз пахтазораш зиён расонидаанд.
Ба гуфтаи ӯ малахҳо дар ду -се рӯзи ахир аз кӯҳдоманҳо ба водӣ фаромадаанд ва “Ҳоло 4 ҷуяк пахтаро дар қариб сад метр пурра кал кардааст, яъне ин қисми замин пурра холӣ шудааст, алаф надорад.”
Ба гуфтаи бархе аз кишоварзон, барои пешгирӣ аз ҳамлаи малах дар ноҳияҳо ба таври зарурӣ чораандешӣ намешавад.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малах, имсол дар аксар мавзеъҳои Фархор, дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар навъи малахи Марокашӣ паҳн шудааст. Муттахасисон яке аз омилҳо афзоиши малах дар ин қитъаҳоро, коркарди нодурусти замин, сари вақт обёрӣ нашудан ва таъмин набудани киштзорҳо бо доруҳои минералӣ гуфтаанд.
Малах барои деҳқонон як офат ба ҳисоб меравад. Ҳар баҳор ба киштзорҳои Тоҷикистон селаи малах ҳамла мекунад. Солҳои пеш ин ҳашарот садҳо гектар киштзору чарогоҳҳоро нобуд кардааст.
Малах дар як рӯз баробари вазни худ ғизо мехӯрад. Аммо селаи малах дар як рӯз ғизои 35 ҳазор одамро нобуд мекунад.
Муассисаи кишоварзии Созмони Милал чанде пеш эълон кард, ки ба маъракаи мубориза бо малах дар Тоҷикистону Узбекистон шиддат бахшида мешавад.
Бо ин ҳадаф рӯзҳои 4 ва 5-уми апрел дар 30 000 гектар замини минтақаҳои наздимарзии Хатлон муттахассисон ташхис гузаронидаанд.
Созмони Милал гуфт, баҳори соли 2022 дар ноҳияҳои аз малах осебдидаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Фархор, тақрибан 132 ҳазор гектар заминро дору зада, 20 ҳазор хоҷагиро аз балои малах эмин нигаҳ доштаанд.
ВКД садамаи пурқурбонӣ дар Дарвозро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонии рӯзи 2-юми май дар ноҳияи Дарвозро шарҳ дод.
Вазорат гуфтааст, субҳи дуюми май “Тайота-Рунер” ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии Карон, дар наздики деҳаи Рузвайи Дарвоз бо шаш мусофир аз баландии 350 метр ба поён сарозер шудааст.
Шаш нафар, аз ҷумла ронандаи 33 сола Ҳумай Каримов ва мусофирон Ҳасаналӣ Суяров, Бахтиёр Тухтаев, Корвоншо Макрамшоев, Беҳзод Азизхоҷазода ва Хушқадам Зиёев дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд. Ҳумай Каримов, мудири созмони иҷтимоии "Тоҷи Нурафшон"ва ду нафари дигар аз қурбониёни садама корманди ҳукумати ноҳияи Дарвоз будаанд.
Вазорат нагуфтааст, ки сабаби сарозер шудани мошин чӣ будааст.
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ рӯй дода, даҳҳо кас ҷони худро аз даст медиҳанд ва иддае маҷруҳу маъюб мешаванд.
Мақомот дар аксар маврид ронандаҳоро ба беэҳтиётӣ ва ноуҳдабароӣ гунаҳкор мекунанд. Баъзе аз ронандагон мушкили фаннӣ (техникӣ) ва роҳҳои душворгузарро далел меоранд.
Ҳамлаи Русия бо бесарнишинҳои "Камикадзе" ба Одесса ва Киев

Русия шаби 3 ба 4-уми май бо бесарнишинҳои камикадзеи "Шаҳид" ба шаҳрҳои Одесса ва Киев ҳамла кардааст. Тибқи иттилои расонаҳои Украина, низоми зиддиҳавоии он кишвар ҳамаи бесарнишинҳоро сарнагун сохтааст.
Дар шаҳри Одесса аз 15 бесарнишин 12 тоаш сарнагун шуда, боқӣ хобгоҳҳои яке аз донишкадаҳоро ҳадаф қарор додаанд. Дар натиҷа сӯхтор ба амал омад, аммо масъулони шаҳр мегӯянд, касе осеб надидааст.
Сардори маъмурияти низомии Киев Сергей Попко гуфт, ба шаҳр чандин мушаки болдор низ партоб шуда буд ва низоми зиддиҳавоӣ онҳоро ҳам сарнагун сохт. Дар баъзе аз ноҳияҳои шаҳр афтидани мушакпораҳо мушоҳида шудааст.
Ҷониби Украина мегӯяд, дар бесарнишинҳое, ки ба Одесса ҳамла карданд, "Ба хотири Маскав" ва "Барои Кремл" навишта шуда буд.
Хадамоти матбуотии президенти Русия 3 май хабар дод, ки бесарнишинҳо шаби 2-юми май кушиш карданд, ба қароргоҳи раисҷумҳур Владимир Путин дар Кремл ҳамла кунанд.
Ҷониби Русия дар ин ҳамла Украинаро айбдор кард. Мақомоти Украина ин иддаоро рад карданд.
Шикояти пайвандони Далери Имомалӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе

Пайвандони Далери Имомалӣ иддао доранд, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти ин рӯзноманигорро баррасӣ накард.
Наздикони ин блогери зиндонӣ ба хабаргузории Азия-Плюс гуфтаанд, ки 4 моҳ пеш аз болои қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе ба зинаи болотар ё марҳилаи назоратӣ шикоят бурда буданд, вале ба гуфтаи онҳо дар ин муддат додгоҳ шикояти онҳоро баррасӣ накард.
Далери Имомалӣ, ки бо гузоришҳояш дар Ютуб маъруф шуда буд, моҳи июни соли гузашта боздошт ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Зинаи кассатсионӣ ин ҳукмро бетағйир гузошт.
Марҳилаи назоратии додгоҳ акнун сеюм зинаи додгоҳ аст, ки тасмим мегирад қарори додгоҳи поёниро бетағйир монад ё бекор кунад.
Далери Имомалӣ яке аз 8 рӯзноманигору блогери тоҷик аст, ки дар як соли ахир боздошт шуд. Ин блогери тоҷик ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кард. Аммо худаш дар номае аз дохили боздоштгоҳ ҳамаи ин иттиҳомро рад карда буд.
Ҳимояти созмонҳо аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ

Сафорати Бритониё ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бишкек қарори додгоҳи ноҳияи Ленини ин кишвар барои қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро шарҳ доданд.
Дар изҳороти сафорати Бритониё қарори додгоҳи ноҳияи Ленин "ташвишовар ва нигаронкунанда" номида шудааст. "Бритониё ин қазияро пайгирӣ карда, умедвор аст, он дар марҳалаи касатсионӣ озод ва қонунӣ баррасӣ хоҳад шуд".
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон ҳам ба одилона баррасӣ шудани шикоят аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Ленин даъват кардааст. "Ҳифзи расонаҳои озод, мустақил ва гуногунандеш барои демократияи устувор ва шукуфон муҳим аст", - омадааст дар изҳороти намояндагӣ.
“Ман ҳамлаи ошкори ҳукумати Қирғизистонро ба расонаҳои озод ва мустақил тавассути кушиши бастани бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ маҳкум мекунам. Радиои Озодӣ ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки Конститутсияи он ҳуқуқи озодии матбуотро кафолат додааст, иттилои беғараз ва мустақил пешниҳод мекунад. Сензураи расонаҳои мустақил ғайри қобили қабул ва хилофи Конститутсия аст. Ман аз мақомоти Қирғизистон даъват мекунам, ки фармони худро дар бораи бастани Радиои Озодӣ фавран бекор кунанд ва ҳама маҳдудиятҳо дар фаъолияти он бардошта шаванд", - омадааст дар изҳороти Майкл Маккол, раиси кумитаи умури хориҷии Конгресси Амрико.
Қаблан Департаменти давлатии ИМА ҳам дар шарҳи ин қарори додгоҳ гуфта буд, ки баста шудани бахши қирғизии Радиои Озодӣ изҳороти президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро, ки пойбандии худ ба озодии баён ва матбуотро эълом карда буд, зери суол қарор медиҳад.
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 27-уми апрел бо дархости вазорати фарҳанги он кишвар фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро барҳам дод.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленин дархост карда буд, ки фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.
Дар шикояти вазорат ба додгоҳ зикр шудааст, ки "гузориши видеоӣ дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ амали мақомоти қирғизро фишор ба озодии сухан номиданд.
Марги панҷ узви як хонадон дар Хатлон

Панҷ узви як хонадон, ки дар миёнашон се кӯдак ҳаст, дар бемористони ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷон додаанд. Онҳоро рӯзи 3-юми май дар оромгоҳи деҳаи Свердлов дафн карданд.
Пизишкон гуфтанд, сабаби марги панҷ нафар маълум нест. Мегӯянд, мунтазири натиҷаи санҷиш аз Душанбе ҳастанд.
Шахсони наздик ба оила хабар доданд, ки эҳтимол заҳролудшавӣ аз ғизои консервашуда сабаби марг шудааст.
Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдак шоми 2-юми май ба шифохонаи ноҳияи Шаҳритус бурда буданд.
Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок дар Тоҷикистон борҳо иттифоқ уфтодааст.
Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баъд аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар он ҳодиса ду нафар ҷон бохтанд.
Саодат ҳуҷраи шифохонаро дар Маскав ба дӯкони ҳунармандӣ табдил дод. ВИДЕО

Як духтари тоҷик, ки бо бемории саратон мубориза мебарад, ҳуҷраашро дар беморхонаи Маскав ба дӯкони ҳунармандӣ табдил додааст. Саодат Қодирова гирифтори саратони хун аст. Ӯ дар беморхона дастбанду гарданбанд месозад ва гулдаста мебофад. Ҳам барои хушҳолии худ ва ҳам барои ба даст овардани пул барои муолиҷа.
Саодати 20-сола гули зиндаро дӯст медорад, аммо ба даст гирифтану бӯйидани чунин гулҳоро барояш иҷоза намедиҳанд. Барои хушҳолии худ ӯ аз ришта гулҳои рангоранг мебофад. Утоқе дар як беморхонаи Маскав аз маҳсули дастони Саодат пур шудааст.
Ин духтари тоҷик як сол боз дар беморхона аст, аммо нагузоштааст, ки муолиҷаи тӯлонӣ ӯро дилгиру афсурда кунад. Саодат ҳунар омӯхт ва рӯзҳоро дар беморхона бо бофандагӣ пушти сар мекунад.
“Бофтанро дар беморхона ёд гирифтам. Рӯзҳои аввал зиқ мешудам, гиря мекардам, рӯҳафтода мешудам. Баъдан дар Ютуб навор тамошо карда, бофтанро омӯхтам. Риштаву мӯҳра дархост кардам ва хеле зебо омаданд,” – гуфт, Саодат Қодирова, донишҷӯи тоҷик, ки аз бемории саратони хун муолиҷа мегирад.
Акси ҷӯробҳои кӯдакона, дастбанду гарданбанд ва маҳсули дигари дастонашро Саодат дар саҳифааш дар Инстаграм гузошт ва дар Маскав харидор ёфт. Саодат мегӯяд: “Попушҳоро барои кӯдаконашон, брелокҳоро барои тӯҳфа мехаранд.”
Пуле, ки аз фурӯши маҳсули ҳунараш ба даст меорад, барои табобат сарф мекунад. Мегӯяд, харҷи муолиҷааш кам нест ва намехоҳад ин борро пурра бар дӯши бародаронаш гузорад. "Ман ҳафтае то ҳафт капел мегузорам ва ин маблағ ба пули ҳамонҳо сафр мешавад. Вақте ман ин корро сар кардам, каме ба бародаронам барои додани пули табобат осон шуд,” -- гуфт Саодат.
То гирифторӣ ба саратони хун, Саодат донишҷӯйи факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло бо ин беморӣ мубориза мебарад. Роҳ то пирӯзь дароз ва душвор аст. Вай афзуд: “Шояд дар оянда ин пуле, ки аз ҳунарҳоям ба даст меояд, кофӣ набошад. Роҳи дароз дар пеш аст.”
Ҳамзамон умед дорад, дар поёни ин роҳ ӯро пирӯзӣ интизор аст. Саодат Қодирова орзу дорад, ки рӯзе аз ин дард ва чордевори беморхона халос мешаваду ба орзуи дар нимароҳмондааш мерасад. Ӯ бисёр мехоҳад дипломат шавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Зидди зане, ки дар наворе кӯдакашро мезад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Додситонии кулли Тоҷикистон 2-юми май гуфт, нисбат ба Холиса Шоева, сокини ноҳияи Данғара барои задани фарзанди хурдсолаш парвандаи ҷиноие боз шудааст, ки аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ва "маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол"-ро пешбинӣ мекунад.
Навори задани тифли дусолаи тоҷик аз сӯйи модараш тайи як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс буд. Ин навор хашми корбаронро барангехт ва бисёриҳо хостори ҷазо ва пешгирӣ аз бадрафторӣ бо кӯдакон шуданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи қазияи латукӯби тифл аз сӯйи модараш гуфтааст, ин ҳолат дар пайи як муноқишаи оилавӣ сар зада, Холиса Шоева бо ҳадафи қасосгирӣ ва азоби руҳӣ додани Сафиддин Алиев фарзанди хурдсолашро куфтааст. “Ба воситаи телефони мобилаш ба навор гирифта, ба барномаи месенҷерии “Ватсап”-и Алиев С. ирсол кардааст.” -омадааст дар хабарномаи Додситонии кулл.
Парвандаи Холиса Шоеваро додситонии Данғара бо айби "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ" тафтиш мекунад. Назари худи ӯ ба парванда алҳол маълум нест, аммо як рӯзи пеш Шоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рафтори худро чунин шарҳ дода буд: “Вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам, баъд чӣ?”
Вай ҳамчунин ошкоро гуфт, ки наворро махсус барои шавҳари собиқаш, Сайфиддин Алиев сабт кардааст. “Кӯдакро задаму гуфтам, ки мезанам, ба ту фарқаш чӣ, дигар ин кӯдаки ту нест. Кӯдаки ман аст, модараш ҳастам ва ҳақ дорам, дар кадом ҳолате хоҳам барои тарбияаш мезанам. Фаҳмидӣ?!” – афзуд ӯ.
Сайфиддин Алиев, падари тифл рӯзи 1- уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бори аввал нест, ки ҳамсари собиқаш барояш навори задану озордиҳии кӯдакро мефиристад.
Зану шавҳари собиқ ҳарду гуфтанд, як сол пеш ва баъди ба дунё омадани фарзандашон аз ҳам ҷудо шудаанд. Кӯдак як муддат дар тарбияи падар буда, баъдан бо қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, барои парасторӣ ба модараш дода шуд.
Сайфиддин Алиев мегӯяд, бо навори задани кӯдак аз сӯйи ҳамсари собиқаш ба мақомот муроҷиат карда, хостори чораандешӣ шуда буд.
Бори аввал нест, ки кӯдакон дар Тоҷикистон "қурбон"-и ситезаҳои хонаводагӣ мешаванд. Дар як соли охир беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ ва гурӯҳи дигар ҷарима пардохтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.
Равоншиносон мегӯянд, ҳамсарон баъд аз пошхӯрии оила ё ҷудоии дарозмуддат мехоҳанд, бо озору азияти кӯдак аз ҳамдигар қасос бигиранд ва ба ҳам фишор оранд.
Ҳалокати 6 нафар дар як садама дар Дарвоз

Дар садамае дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон 6 кас ҷон бохтааст.
Ҳодиса субҳи 2-юми май дар ҳудуди деҳаи Рузвай рӯй дод.
Як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "чаҳор нафар аз ҳалокшудаҳо аз Душанбе омада, дуи дигар аз ноҳияи Дарвоз ҳастанд".
"Мошин аз баландии Қалъаи Карон сарозер шудааст. Ҷасадҳоро гирифтанд. Ду нафарро ба наздиконашон дар ноҳияи Дарвоз доданд. Боқимондаҳоро ба Душанбе фиристоданд," -- гуфт ӯ.
Ҳамсуҳбати мо аз касе ном нагирифт.
То кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ду нафар аз ҳалокшудагонро навиштаанд. Яке аз онҳо Ҳумай Каримов, мудири созмони иҷтимоии "Тоҷи Нурафшон" ва дигаре Беҳзод Хоҷаев, корманди ҳукумати ноҳияи Дарвоз аст.
Рӯзе пеш дар роҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ бар асари садамаи мусофирбари хурд шаш нафар ҷон бохтанд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ рӯй дода, даҳҳо кас ҷони худро аз даст медиҳанд ва иддае маҷруҳу маъюб мешаванд.
Соли гузашта дар кишвар тақрибан 1100 садама сабт шудааст. Дар натиҷа, 416 нафар ҳалок шуда, зиёда аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот дар аксар маврид ронандаҳоро ба беэҳтиётӣ ва ноуҳдабароӣ гунаҳкор мекунанд. Баъзе аз ронандагон мушкили фаннӣ (техникӣ) ва роҳҳои душворгузарро далел меоранд.
Дар сӯхторе дар як полоишгоҳи гази Қазоқистон 4 кас маҷрӯҳ шуд

Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар натиҷаи оташсӯзӣ дар ҳудуди корхонаи полоиши гази чоҳи Жанажол ҳадди ақал чаҳор коргар ҷароҳат бардоштааст.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, оташсӯзӣ рӯзи 1 май рух додааст.
Оташ бо гузашти чаҳоруним соат хомӯш карда шудааст.
"Соати 15:55 дақиқа дар бораи оташ гирифтани полоишгоҳ хабар расид. Чаҳор коргаре, ки ҷароҳат бардошта буданд, ба беморхона интиқол ёфтанд. Вазъи онҳо вазнини миёна баҳо дода мешавад", - омадааст дар хабари мақомоти маҳаллии Оқтеппа.
Сабабҳои оташсӯзӣ муайян карда мешавад.
Ҳалокати як кас дар таркиш ва сӯхтори нуқтаи “Соро Ойл” дар Душанбе. ВИДЕО

Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро Ойл” дар наздикии Донишкадаи санъат дар Душанбе рӯзи 28-уми апрел таркиш рӯй додааст. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки як нафар ҷон бохт.
Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, чанд нафар осеб дидаанд. "Пизишкон ва маъмурони оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд," -- гуфтанд онҳо.
Ба қавли Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, "ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз автомашина сӯхтор ба амал омад, ки аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд."
Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ навиштанд, ки якбора чанд таркиш рӯй дод ва маъмурони оташнишонӣ дертар расиданд. Мақомот гуфтанд, сабабҳои ҳодиса ва зийони расидаро таҳқиқ доранд.
Дар Тоҷикистон аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин сохтаанд. Дар натиҷаи сӯхтор ё таркиши ин гуна маконҳо хонаҳо зарар дида, чанд нафар осеб дидаанд.
Яке аз чунин ҳодисаҳо соли 2021 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар ноҳияи Синои пойтахт сар зад. Дар ин ҳодиса камаш 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон захмӣ шуданд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин сохта шаванд. Сокинон мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Дар садамае дар Душанбе писари додраси додгоҳи конститутсионӣ ҳалок шудааст

Шаби 22-юми апрел дар садамае дар Душанбе Парвиз Шарифзода, писари Асрор Шарифзода, додраси додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳодиса соати 21:10-и шаби 22-юми апрел дар маркази Душанбе рух додааст.
Дар хабарномаи Вазорат гуфта шудааст, ки садама бо айби Абубакр Тураеви 20-сола, ронандаи “Тайота Кемрӣ” ба вуқӯъ пайвастааст ва Шарифзода Парвиз, ки савори мошини “Опел- Вектра” буд, “бо роҳи худ ҳаракат дошт.”
Ба гуфтаи ВКД, дар ин садама як нафари дигар ҷон бохта, чор нафар маҷрӯҳ шудааст.
Назари наздикони ду тараф дар ин садама ҳанӯз дастрас нашудааст.
Манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ рӯзи 23-юми апрел гуфт, ки нафари дуюми фавтида низ аз пайвандони Асрор Шарифзода будааст.
Асрор Шарифзода, додраси собиқадор, аз соли 2019 ба ин сӯ, додраси додгоҳи конститутсионӣ, як шохаи таъсиргузор дар низоми додгоҳии Тоҷикистон, аст.
Дар бораи нафаре, ки ба гуфтаи мақомот, садама бо айби ӯ рух додааст, маълумоти зиёд дастрас нашудааст, вале манбаи Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ писари як тоҷир будааст.”
Як дӯсти Парвиз Шарифзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҷанозаи ӯ дар ноҳияи Варзоб, дар хонаи падариаш хонда шуд.”
Парвиз Шарифзодаи 30-сола устоди Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон будааст.
Ҷузъиёти сӯхтор дар Ваҳдат. Нақли мардум ва ваъдаи мақомот. ВИДЕО

"Хоб будем. Соҳиби хона дари моро зад, ки бино месӯзад, ба берун бароед. Ҳоло маҷбур ҳастем, ба хонаи ягон шинос равем." Дилҷон Азизӣ, муҳоҷири афғонистонӣ, мегӯяд, дар сӯхтори бинои шашошёнаи истиқоматӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат манзили иҷораашон осеб дид ва шабро дар кӯча гузаронданд. Аз он нигарон аст, ки ёфтани макони дигаре ба ин зудӣ ба онҳо даст нахоҳад дод.
Хабари сӯхтор Раҳматулло Шарофовро аз ноҳияи дурдасти Нуробод ба шаҳри Ваҳдат овард. Мегӯяд, манзили холааш дар ин ҳодиса пурра ба коми оташ рафт. "Холаам, соҳиби хона, дар Русия аст. Хонаро ба иҷора додааст. Ба мо аз Русия занг зад, ки сӯхтор шуд. Омадем. Бинед, ҳама чиз сӯхтааст," – нақл кард ӯ рӯзи 17-уми апрел.
Сӯхтор шаби 15 ба 16-уми апрел рӯй дод. Дар он ҳодиса хонаҳои ошёнаи шашуми бино пурра сӯхта, манзилҳои ошёнаи панҷум ба далели дуду пошидани об зарар дидааст. Мақомоти шаҳри Ваҳдат гуфтанд, хулосаи ниҳоии мутахассисон эълон нашудааст, аммо ба арзёбии ибтидоӣ "таҷҳизоти барқӣ сабаби сӯхтор шуда".
Шокирҷон Икромзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, оташ 450 метри мураббаъро фаро гирифт. "Гурӯҳи кории Хадамоти оташнишонӣ маводу ашёро барои санҷиш ба озмоишгоҳ бурданд. Мунтазири натиҷа ҳастем," – афзуд ӯ.
Баъзе аз сокинон дар ошёнаи панҷум худро ҷабрдида медонанд. Ҳангоми хомӯш кардани алангаи оташ ба манзили онҳо об даромадааст ва "илоҷи зистан нест".
Сокинон аз он ташвиш доранд, ки то ҳол мақомот дар бораи тақдири хонаҳо шарҳе надоданд. Масъулони ҳукумати Ваҳдат мегӯянд, бо маълум кардани зиён, масъалаи таъмири манзилҳоро дар миён хоҳанд гузошт.
Ба қавли Шокирҷон Икромзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, "феълан гурӯҳи корӣ масъалаи муайян намудани зарарро баррасӣ доранд". Ӯ афзуд, ба ҷабрдидаҳое, ки манзили худро суғурта ё бима кардаанд, мадад мекунанд, вале то ҳол касе санад пешниҳод накардааст.
Солҳои охир аз таркиши зарфи газ ё ба ҳам расидани сими барқ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҳалокату осеб дидани сокинон гузориш шудааст.
Мақомот дар гузашта чунин ҳодисаҳоро "ба риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рабт додаанд. Сокинон ҳамвора аз нагирифтани ёрии кофӣ аз намояндагони давлат ва ширкатҳои бима шикоят доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ