Ҳодиса
Дар сӯхтори Ваҳдат чанд хона ба коми оташ рафт

Сӯхтор дар як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, манзили чанд сокини биноро вайрон кард. Ҳодиса шаби 15 ба 16-уми апрел рӯй дод. Бар асоси навори корбарони Радиои Озодӣ, сӯхтор гуё дар пайи таркиши зарфи гази моеъ сар задааст. Худи сокинон аз эҳтимоли ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд.
Мақомот ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтанд ва маълум нест, дар ин ҳодиса касе осеб дидааст ё не. Ҳамчунин дақиқ нест, зарари расида аз сӯхтор чӣ қадар аст.
Аз навори фиристодаи корбарони Радиои Озодӣ дида мешавад, ки алангаи оташ дар бинои шашошёна аз як манзил ба манзили дигар гузашта, ҳамаро ба коми худ кашид ва пас аз сӯхтор дар хонаи сокинон чизе намонд.
Солҳои охир борҳо аз таркиши зарфи газ ё ба ҳам расидани сими барқ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст.
Бар асари таркиши зарфи гази моеъ дар қаҳвахонаи "Лола", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, як нафар ҷароҳат бардошта буд.
Мақомот дар гузашта чунин ҳодисаҳоро "ба риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рабт додаанд.
Вазири корҳои хориҷии Украина ба Ироқ меравад

Дмитрий Клеба, вазири корҳои хориҷии Украина фардо, 17-уми феврал ба пойтахти Ироқ сафар мекунанд.
Дар ин бора хабаргузории Shafaq News бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷаи Ироқ хабар додааст.
Бино ба иттилои Аҳмад ал-Саҳҳоф, сухангӯи вазорати хориҷаи Ироқ, ҳадафи сафари Кулеба баррасии густариши равобити дуҷониба ва машварат оид ба роҳҳои ҳалли чолишҳои мухталиф дар минтақа ва ҷаҳон аст.
Аҳмад ал-Саҳҳоф ҳамчунин хабар додааст, ки Кулеба дар ҷараёни сафараш бо сарвазири Ироқ, Муҳаммад Шиа ал-Судонӣ ва муовини сарвазирувазири корҳои хориҷӣ Фуод Ҳусейн мулоқот хоҳад кард.
Ҳалокати писари Озарахшу Фарзона дар дарёи Сир

Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзона, дар дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми апрел рӯй дод.
Мақомот ва наздиконаш ҳанӯз иттилоъ надоданд. Манбаи наздик ба ташхиси тиббӣ ҳалокати ӯро тасдиқ кард, вале ҷузъиёти ҳодиса маълум нест.
Ҳумоюн, фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева), 21 сол дошт ва дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мехонд.
Дар гузашта чанд навори сурудхонии ӯ бо падар ва амакбачааш, Фараҳманд Каримов, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Ҷасади як сарбози тоҷикро ба волидонаш додаанд, вале бе шарҳ

Ҷасади як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ додаанд.
Ибодулло Додови 18-сола моҳи ноябри соли гузашта ба артиш рафта буд.
Лоиқ Додов, падари Ибодулло, рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби марги писараш ба ӯ маълум нест.
Талошҳо барои гирифтани шарҳи мақомот низ то ин дам бенатиҷа буд.
Додов мегӯяд, рӯзи 9-уми апрели имсол бо писараш телефонӣ суҳбат дошт, вале даҳуми апрел ҷасадро гирифт.
"Дар суҳбати телефонӣ мегуфт, ки вазъи саломатияш хуб аст," – нақл кард ӯ.
Ибодулло Додов фарзанди севуми хонадон буд ва дар як қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар шаҳри Ваҳдат хидмат мекард.
Падараш мегӯяд, барои дақиқ кардани марги Ибодулло Додов ба мақомот ариза навишт.
Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони Ибодулло, ки ҷасадро дидааст, гуфт, "аз пушти сараш зарб хӯрда буд". Лоиқ Додов ин мавридро рад накард, аммо гуфт, мунтазири хулосаи расмӣ мемонад.
Чанд моҳ пеш ҷасади Лутфуллои Давлатмаҳмади 26-соларо ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ супурда буданд.
Мақомот он замон гуфтанд, ки вай аз илтиҳоби шуш ҷон дод.
Бино ба гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал, дар 3 сол (2019-2021) зиёда аз 100 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аксаран дар ҳолатҳои мармуз, ба ҳалокат расидаанд.
Сабаби марги аксари онҳо риоя нашудани оинномаи низомӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва суистифодаи афсарон аз мақомашон номбар шудааст.
Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад.
Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Чизе, ки ҳомиёни ҳуқуқ намоишӣ ва таъсирашро камтар медонанд.
Ҳалокати ду корманди Идораи зиндонҳо дар Тоҷикистон

Дар як садама дар ноҳияи Варзоб (роҳи Хуҷанд-Душанбе) Маъруф Муродов ва Толиб Бӯриев, ду маъмури Идораи зиндонҳо дар Хуҷанд ҷон бохта, ду каси дигар захмӣ шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 6-уми апрел рӯй дод. Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиётро 12-уми апрел дастрас кард.
Як манбаъ дар Идораи зиндонҳои вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "онҳо ба гузоришдиҳӣ аз вазъи маҳбаси Хуҷанд ба ҷаласаи фаврӣ дар Душанбе мерафтанд."
Масъулони маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса бо айби ронанда рӯй дода, "мошин ба чуқурӣ афтод".
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо сониҳа ё садамаи нақлиётӣ рӯй дода, даҳҳо кас ҷони худро аз даст медиҳанд ва иддае маҷруҳу маъюб мешаванд.
Соли гузашта дар кишвар тақрибан 1100 садама сабт шудааст. Дар натиҷа, 416 нафар ҳалок шуда, зиёда аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот дар аксар маврид ронандаҳоро ба беэҳтиётӣ ва ноуҳдабароӣ гунаҳкор мекунанд. Баъзе аз ронандагон мушкили фаннӣ (техникӣ) ва роҳҳои душворгузарро далел меоранд.
Дар Узбекистон хирси нодирро бо дастури сардори пулис паронданд

Маъмурони пулиси ноҳияи Чироқчии Узбекистон хирси қаҳварангеро, ки ба яке аз деҳаҳои ноҳия ворид шуда буд, бо дастури сардори худ паронданд. Дар Идораи пулиси Чироқчӣ гуфтанд, ин кор ба хотири "таъмини амнияти сокинон анҷом шудааст".
Видеои давидани хирси қаҳваранг дар яке аз кӯчаҳои Чироқчӣ рӯзи 5-уми апрел дар Интернет нашр шуд. Дар он дида мешавад, чи гуна хирс ба анбори яке аз хонаҳо дохил шуда, мехоҳад аз сокинон пинҳон шавад.
Баъдан Вазорати муҳити зисти Узбекистон хабар дод, ки хирс дар яке аз дараҳои наздикии рӯдхонаи Қумдарё ба ғоре фаромадааст. Манбаъ гуфт, ин минтақа таҳти муҳофизати Горди миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон қарор дошта, "амнияти аҳолӣ ва хирс таъмин шудааст".
Вазорати муҳити зисти Узбекистон дертар, 6 апрел тасдиқ кард, ки хирс бо дастури сардори пулиси Чироқчӣ кушта шудааст. Дар вазорат гуфтанд, ки зидди дастандаркорони ин иқдом чораҷӯӣ мешавад.
Мори афъӣ боис ба нишасти изтирории ҳавопаймо шуд

Як халабон дар Африқои Ҷанубӣ барои амну ором фуруд овардани ҳавопаймое, ки дар дохилаш мори афъӣ буд, "барои шуҷоати бемисл" қадрдонӣ шуд. Дар ин бора "Франс-Пресс" хабар дод.
Рӯзи 3-юми апрел Рудолф Эрасмус ҳавопаймои хурди хусусиро бо мусофирон аз шаҳри Блумфонтейн ба самти Претория идора мекард. Ногаҳон маълум шуд, ки як мори кубро дар пушташ ҳаракат мекунад. Бо вуҷуди ин, Эрасмус тавонист ба тарсу ҳаяҷон ғолиб омада, дар байни роҳ – шаҳраки Велком нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.
Поппи Хоза, раҳбари Идораи ҳавонавардии шаҳрвандии Африқои Ҷанубӣ, рӯзи ҷумъа гуфт: "Мехоҳам барои ҷасорати бемисле, ки Рудолф дар авҷи як ҳодисаи бесобиқаи ҳавоӣ нишон дод, ӯро табрик кунам”.
Хоза афзуд: "Ӯ дар рӯбарӯи як ҳодисаи хатарнок ором буд ва тавонист, ки ҳавопаймову мусофиронашрро бе ҳеч осеб ба замин нишонад."
Эрасмус ба News24 гуфт, "аввал хаёл кардам, ки шишаи об дар пуштам дармондааст... вале вақте фаҳмидам, ки чизи дигар аст, ҳаракат накардам".
Морҳое, ки ба номи “кейп кобра” маъруфанд, асосан дар ҷанубуғарби Африқои Ҷанубӣ ба сар мебаранд.
"ВКонтакте" нашри эъломҳои сафар ба хориҷро манъ кард

Шабакаи иҷтимоии русии "ВКонтакте" нашри таблиғот ё эъломҳои хидматрасонии сафар ба хориҷ, аз ҷумла дарёфти иҷозатномаи иқомат ва таҳсил дар кишвари хориҷиро манъ кард.
Соҳибкор ва раҳбари ширкати хидматрасон оид ба кучонидани тиҷорат Алексей Поспехов бо нашри нусхаи посухи хадамоти дастгирии корбарони "ВКонтакте" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин бора иттилоъ додааст.
Расонаҳо ҳам хабар доданд, ки раҳбари шабакаи иҷтимоии мазкур воқеан ҳам нашри чунин эъломҳо, аз ҷумла хидматрасониҳои марбут ба қайд, тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ва гирифтани шаҳрвандӣ ё ҳаққи иҷозати иқомат дар кишвари дигарро манъ кардааст. Ин қарор ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта, тақрибан баъди оғози басеҷ дар Русия дар моҳи сентябри соли 2022 гирифта шудааст.
Дар хадамоти матбуотии "ВКонтакте" ба "The Insider" гуфтанд, ки посухи бахши дастгирии корбарони шабака "нодуруст" буда, қарор "ба далели омилҳои инсонӣ гирифта шудааст".
"ВКонтакте" таҳти назорати "Газпром-Медиа" ва гуруҳи бимаи "Согаз", ки соҳибони асосии онҳо дӯсти президенти Русия Юрий Ковалчук ва ҷияни президент Михаил Шеломов мебошанд, қарор дорад.
Ширкатро Владимир Кириенко, писари муовини раиси дастгоҳи президенти Русия раҳбарӣ мекунад.
Сокинони Қазоқистон аз давлат ҷойи кор талаб доранд

Эътирози гуруҳе аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки барои худ ва аъзои хонаводаашон ҷойи кори доимӣ талаб доранд, ҳанӯз ҳам идома дорад.
Тазоҳургарон шаби 6 ба 7-уми апрелро дар назди бинои шаҳрдории Жанаозен рӯз карданд. Маъмурони пулис гуфтанд, ин амали мардум "ғайриқонунӣ" аст, вале эътирозгарон посух доданд, ки қонунеро поймол накардаанд.
"Мо як талаб дорем. Он ҷойи кор аст. То вақте, ки моро бо ҷойи кор таъмин накунанд, эътирозро қатъ намекунем. Агар масъала ҳал нашавад, ҳамаи ҷамъшудаҳои инҷо гуруснанишинӣ эълом мекунанд", - гуфт яке аз таҷаммуъгарон.
Бино ба хабарҳо, шаби гузашта даҳҳо кас дар назди бинои шаҳрдорӣ хоб рафтаанд.
Сокинони Жанаозен рӯзи дувум аст, ки бо талаби ҷойи кори доимӣ тазоҳурот мекунанд. Мақомот то ҳол ин иқдоми онҳоро шарҳ надодаанд.
Ҳукми милисаҳое, ки духтари ноболиғро таҷовуз кардаанд. ВИДЕО

Додгоҳи олии Қирғизистон, ба қазияи пурсарусадои таҷовузи як ноболиғ аз сӯйи милисаҳо нуқта гузошт. Ду корманди собиқи Вазорати корҳои дохила, ки бо таҳдид, як духтари 13 соларо таҷовуз кардаанд, ба 7,5 ва 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Посбони бозор 10 сол ҳукм гирифт.
Эълони ин ҳукм ҷомеаи Қирғизистон ва волидони ноболиғро, ки интизори эълони ҷазои сахт ба милисаҳо буданд, ҳайратзада кард.
Волидони духтари таҷовузшуда умед доштанд, ба озордиҳандагони фарзандашон ҳукми якумрӣ дода мешавад. Вакилони дифоъ на камтар аз 15 соли зиндон талаб карданд, вале додрасҳо ин ҳамаро ба назар нагирифтанд.
"Ман бо ин ҳукм розӣ нестам. Онҳо якдигарро пуштибонӣ мекунанд. Муроҷиати ман ба мардум ва ба онҳое, ки ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд, ин аст, ки ба додгоҳ ва ҳукумат бовар накунед. Худи вакилони дифои таҷовузгарон мегӯянд, Қирғизистон ватани фасод аст ва ин ҷо ҳама чиро мешавад харид”- гуфт, падари духтари таҷовузшуда.
Қазияи таҷовузи духтари 13 сола аз сӯйи милисаҳо моҳи августи соли 2022 ҷомеаи Қирғизистонро таккон дод. Наврасро гӯё бо иттиҳоми дуздии гӯшӣ ё наушник дар бозори Дордой боздошт карданд.
Ӯро аввал посбони 40 солаи бозор, баъд нозири милиса оид ба кор бо ноболиғон ва сипас ду корманди Вазорати корҳои дохила таҷовуз кардаанд. Онҳо тули ним сол, аз моҳи августи то моҳи феврали соли 2022 бо таҳдиди ба зиндон андохтан, духтарчаро аз даст ба даст дода, бо ӯ ҳамхоба шудаанд.
Ба нақли падар корманди милиса духтарро аз мактаб гирифта, дар ҷойҳои беодам таҷовуз мекардааст. Баъди чанде ӯ ба духтар гуфтааст, ба кори дигар мегузарад ва парвандаро ба як милисаи ҳамкораш месупорад. Ба духтари ноболиғ таъкид кардааст, ки ҳар вақте милисаи нав ба ӯ занг зад, ба наздаш барояд.
Волидон аз ин ҳодиса тасодуфан, вақте хабар ёфтанд, ки духтарча як рӯз ба хона дер омад ва пайёми шубҳанокеро дар телефони ӯ диданд. Ба нақли волидон ӯ аввал намехост ҳодисаи ба сараш омадаро нақл кунад. "Ӯ ҳатто мехост, худкушӣ кунад, гиря мекард, намехост чизе бигӯяд. Ӯ мегуфт, “онҳо маро мекушанд, шуморо мекушанд.”- гуфт, падари духтари таҷовузшуда.
Додгоҳ бо таваҷҷӯҳ ба он, ки айбдоршавандаҳо кӯдакони ноболиғ доранд, ба онҳо ҷазои сабук додааст. Ҳомиёни ҳуқуқ исрор доранд, ки дар ҷиноятҳои махсусан вазнин, набояд сабукиҳо ба назар гирифта шавад.
Темур Султонов, вакили дифоъ дар ин бора гуфт: “Барои баёни фикр дар Фейсбук як нафар панҷ соли зиндонӣ мешавад. Вале барои чунин ҷинояти махсусан сангин, ҳамагӣ 7,5 соли зиндон медиҳанд. Новобаста ба ҳолатҳои вазнини ҷиноят, паёмади он ба ҷомеа ва новобаста ба он, ки ҷабрдида ноболиғ аст, чунин ҳукм бароварда мешавад. Ин аз рӯи аолат аст?”
Ҳомиёни ҳуқуқ бовар доранд, ки эълон ҷазои сабук барои таҷовузи наврасон метавонад, сабаби афзоиши чунин ҷиноятҳо шавад. Ба гуфтаи онҳо дар Қирғизистон мавридҳои озори ҷинсии ноболиғон рӯ ба болост. Дар аксар ҳолат чунин ҷиноятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд.
"Тибқи қоида, вақте қурбониёи озори ҷинсӣ мебинанд, ки таҷовузгарон ҷазои сахт намегиранд ҷарраёни офиятбахшӣ ё табобати онҳо хеле дер давом мекунад. Ин албатта ба вазъи руҳии онҳо таъсири бад мерасонад.” - гуфт, Нозгул Турдубекова, роҳбари Бунёди ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак:
Вакилони дифои духтари таҷовузшуда мегӯянд, ӯ дар ҳолати афсурдаҳолии шадид қарор дорад ва боварӣ ба одамонро аз даст додааст. Вай ба кӯмаки равонӣ ва барқароршавӣ ниёз дорад.
Ба бозбинӣ шудани қарори додгоҳ наздикони духтари наврас ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳам дигар умед надоранд.
"Боғу роҳҳоро вайрон кард." Пайомади сел дар Тоҷикистон. САДО

Дар пайи борони пуршиддат дар чанд минтақаи вилояти Суғд сел омадааст. Мақомот гуфтанд, ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, вале боис ба зарар дидани роҳҳо, нақлиёти сокинон ва боғи зардолу шуд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 17 ва 23-и дуюми апрел дар чанд маҳаллаи шаҳри Хуҷанд сел омад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳодиса роҳ ва чанд таҳхона зери лойоба монд.
“Ду мошини борбари «Газел» бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-и шаҳри Хуҷанд дар дохили лойоба монда буданд, аз ҷониби маъмурони наҷот бароварда шуданд. Ҳамчунин як қисми роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд мегузарад, аз лойоба тоза шуд,” -- афзуд манбаъ.
Сухангӯи Кумита гуфт, дар натиҷаи омадани сел ду километр роҳ дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таҳхонаи як манзил, ду оғилхона ва як боғ зарар дидааст.
"Дар ҷамоатҳои Деҳмой ва Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам омадани сел сабт шуд," – гуфт Умеда Юсуфӣ. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд дар канори ҳам ҷойгир шудаанд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, шоми дувуми апрел аз ҳудуди Қирғизистон селоба бо сангу шағал ба ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара омада, “тахминан 200 метр роҳро фаро гирифтааст.”
Мақомот мегӯянд, кумсиюн зарари расидаро ҳисоб дорад. Тибқи пешбинии мутахассисон, боронҳои шадид то рӯзи 5-уми апрел давом мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз мардум хостааст, селроҳаро тоза карда, барои ҷамъоварии зироат ва чаронидани чорво ба доманакӯҳҳо нараванд.
Ҳамасола дар айёми баҳор Тоҷикистон шоҳиди омадани сел мешавад. Рӯзи 31-уми март як кӯдаки 7-сола дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон зери сел монда, ба ҳалокат расид.
Ҳар дафъа бар асари омадани селу фаромадани тарма дар Тоҷикистон хонаву роҳҳо зарар мебинанд. Мардум ҳамвора мақомотро барои омода набудан барои рафъи офати табиӣ ва пайомадҳои он танқид мекунанд.
Сокини Хоруғ барои саркашӣ аз хидмат дар артиш зиндонӣ шуд

Як ҷавони синни даъват дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои нарафтан ба хидмати ҳарбӣ ба зиндон маҳкум шудааст.
Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Хоруғ барои “қасдан ва бе сабабҳои узрнок” ҳозир нашудан ба комиссариарти ҳарбӣ, Сорбон Комилов ба як соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.
Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир шудааст, аммо Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи якуми апрел, дар нахустин рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар ин бора хабар дод.
Парвандаи ҷавони синни да ъватиро Додситонии шаҳри Хоруғ аз рӯйи моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне саркашии аз рафтан ба артиш баррасӣ кардааст.
Додситонии кулли кишвар дар шарҳи ин парванда навиштааст, ки Сорбон Комилов моҳи марти соли 2022 барои муоинаи тиббӣ ба комиссариарти ҳарбӣ даъват шуда буд, аммо якуми апрели ҳамон сол “бе ягон сабаби узрнок” ба сафарбарӣ ҳозир нашуд.
"Бо гирифтани даъватномаҳои Комиссариати ҳарбӣ ва даъвати чандинкаратаи масъулин қасдан...аз сафарбар гардидан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст."- гуфтааст, Додситонӣ
Назари ҷавони маҳкумшуда ва сабаби нарафтани ӯ ба хидмати ҳарбӣ маълум нест.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ агар ҷавони солим ва мутобиқ ба талаботи артиш аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саркашӣ кунад, додгоҳ метавонад, ӯро ё ҷаримаи бузург ё то 2 сол аз озодӣ маҳрум кунад.
Бино ба омори Додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар соли 2022 барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ҷарима ё зиндонӣ шудаанд.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо бархе аз сокинону ҳомиёни ҳуқуқ дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Дар як гузориши ҳукумат ба номи Созмони Милал гуфта шудааст, ки дар муддати 3 сол (2019-2021 )дар сафи неруҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин гузориш ҳукумат эътироф кардааст, ки бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад. Аммо дар айни замон мақомот вазорати дифои Тоҷикистон аз беҳбуд ёфтани вазъ ва зиёд шудани сафи довталабони хидмат дар артиш хабар медиҳанд.
Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз ҳабси ҷавоне дар Хоруғ барои нарафтан ба хидмати артиш хабар додаанд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзи якуми апрел расман даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шурӯъ шуд. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба артиш ҷалб мешаванд.
Хабаргузории расмии “Ховар” имрӯз аз баргузории чорабиниҳои бошукӯҳе бахшида ба рӯзи даъватшаванда гузориш додааст.
Ба навиштаи ин расонадар рӯзи аввали даъват 40 корманди давлатӣ дар минтақаи Рашт фарзандони худро ба сафи артиш гусел карданд. Мақомот гуфтаанд, дар як рӯзи даъват чанд ноҳия, аз ҷумла Сангвор, Лахш ва Тоҷикободу Нуробод нақшаи сафарбарӣ ба ба хидматро сад дар сад иҷро кардаанд.
Ба иттилои расмӣ ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара нахустин шуда нақшаи даъватро пур кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи ахир сокинони зиёде аз чанд ҷамоати Исфара тариқи пайёмгирҳои Радиои Озодӣ аз афзоиши фишор болои сокинон ва волидони даъватшавандаҳо барои ба хизмат бурдани фарзандонашон хабар медоданд.
Чанде аз сокинони ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара рӯзи 29 уми март шикоят карданд, ки мақомоти маҳаллӣ барқи аксар хонаҳо дар як деҳаро чанд рӯз хомӯш кардаанд. Ба иддаои онҳо, намояндаи ҷамоат сабабро саркашӣ аз хидмат гуфтааст.
Дар як маҷлисе дар маҳаллаи деҳаи Сароб ба сокинон таъкид кардаанд, ки агар то рӯзи душанбе теъдоди муайяншуда ба хидмати сарбозӣ фиристода нашавад, масҷиди деҳаро мебанданд. Мақомоти ҷамоати Сурх дар сӯҳбат бо Озодӣ ин иддаои сокинонро рад кардаанд.
Корбарони Озодӣ аз шеваҳои дигар ва нави ба хидмати артиш бурдани ҷавонон дар минтақаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд. Сокинон шикоят доранд, ки барои пур кардани нақша бештар волидону наздикони ҷавонони синни даъват мавриди фишор қарор гирифтаанд. Аз онҳо талаб мешудааст, ки фарзандонашонро аз муҳоҷират баргардонанд ва ба хизмат фиристанд.
Заминҷунбии дигар дар Тоҷикистон, аммо бе талафот

Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст. Зилзила соати 05:17 дақиқа рӯй додааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, шиддати заминларза 3 дараҷаро ташкил дода, марказаш 132 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Рашт будааст. Ба иттилои мақомот хисороте ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ду ҳафтаи ахир ин сеюмин зилзила дар Тоҷикистон аст. Ду заминларзаи сахт дар рӯзҳои 21 ва 23 юми март сокинони кишварро тарсону нигарон кард.
Дар заминларзаи шаби 23-юми март, ки шиддаташ ба 5-6 дараҷа баробар буд, садҳо хона ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт хароб шуданд.
Кӯдаке, ки барои бародараш хӯрок мебурд, дар сел ҷон дод

Як кӯдаки 7 сола дар ноҳияи Мӯъминободи Хатлон зери сел монда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса нимарӯзи 31-уми март дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳия рух додааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, кӯдак барои бародараш, ки дар кӯҳҳо ба чаронидани чорво машғул буд, ғизо мебурд ва дар роҳ зери сел монда, ҷон додааст.
Сел дар пайи борони пуршиддат дар доманакуҳҳо сар задааст. Ҷасади тифли фавтидаро сокинон пайдо карда, ба волидонаш супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, дар рӯзҳои боронӣ эҳтиёткор бошанд.
Ҳавосанҷон дар моҳи апрел дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боронҳои шадиду жоларо пешгӯӣ мекунанд. Ҳаво дар ин моҳ дар шаҳри Душанбе аз 15 то 23 дараҷа гарм мешудааст.
Шаш маъмури милисаро барои пешгирӣ накардан аз ҷинояти муҳоҷир ҷазо доданд

Дар шаҳри Новосибирски Русия 6 корманди пулисро дар робита ба қазияи куштори духтари 17 сола ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар ин куштор як муҳоҷири тоҷик гумонбар дониста мешавад.
Мақомоти додситонӣ гуфтаанд, маъмурини милиса ба таҳдиду ҳушдорҳои муҳоҷир ба духтари рус бетаваҷҷӯҳӣ намуда, натавонистаанд аз ҷиноят пешгирӣ кунанд.
Додситони ноҳияи Советскийи Новосибирск ба расонаҳои Русӣ гуфтааст, пулис ба муроҷиатҳои волидони духтари кушташуда, беаҳамиятӣ кардааст.
Охири моҳи июл мақомоти Русия аз куштори бераҳмонаи як духтари 17 сола хабар доданд. Навори ҳодиса дар расонаҳо нашр шуд ва дар он ҷавоне як духтарро бо корд мезанад.
Дар ин ҷиноят Хушнуд Ҳамроев муҳоҷири 27 солаи тоҷикро гумонбар дониста, боздошт карданд. Ба гуфтаи тафтишот духтар дӯстдоштаи ҷавони тоҷик буда, ҳодиса бар асари рашк рух додааст.
Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Советский дертар гуфтанд, модари духтари кушташуда пеш аз ҳодиса борҳо ба пулис муроҷиат карда, аз таҳдид ба ҷони духтараш хабар дода будааст. Аммо мақомот чорае надидаанд.
Алайҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои “хунукназарӣ” ва бемасъулиятӣ парванда боз шудааст. Назари айбдоршавандагон ва вакилони онҳо маълум нест.
Хушнуд Ҳамроев, муҳоҷири гумонбар дар қатли духтари рус, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад ва парвандаи ӯро додгоҳи ноҳияи Советский баррасӣ мекунад.
Қарор аст муҳокимаи парвандаи ӯ 20 апрел шурӯъ шавад. Мавқеи ҷавони муҳоҷир ва наздикони ӯ дар робита ба қазия дастрас нест.
Гуфтугӯ