Раиси Анҷумани кордиҳандагон дар Украина мегӯяд, дар ҳоли таҳияи тарҳе дар масъалаи муҳоҷират аст ва бар пояи он кишвараш барои эҳёи пасазҷангӣ ба миллионҳо муҳоҷири корӣ ниёз хоҳад дошт.
Василий Воскобойник дар гуфтугӯ бо тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ баъзе ҷанбаҳо ва вижагиҳои сиёсати навро шарҳ дод: "Ба мо воқеан ҳам лозим мешавад, ки муҳоҷирони кориро аз кишварҳои дигар даъват кунем. Аз як тараф ба мо коргар лозим аст, аз тарафи дигар андозсупорандаи нав."
Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки эҳтиёҷи бештар дар бахшҳои бинокорӣ, нақлиёт, саноат, энергетика ва кишоварзӣ хоҳад буд, вале Украина дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон аз таҷрибаи Русия пурра дурӣ хоҳад ҷуст.
Бо пешбинии сулҳи Украина ва Русия бо миёнаравии Амрико ва наздик шудани поёни ҷанг чандест, ки мансабдорони Украина дар расонаҳо аз бозсозии кишвар, кам будани қувваи кориву ниёз доштан ба муҳоҷирон аз кишварҳои дигар суҳбат мекунанд.
Созмони Милал мегӯяд, барои эҳёи пасазҷангии Украина 524 миллиард доллар даркор мешавад. Ноиби сарвазири Украина Алексей Кулеба мегӯяд, тарҳрезии барнома сар шуда, ба ғайр аз маблағ он миллионҳо нерӯи кориро талаб мекунад.
Навор дар Инстаграм:
Раиси Анҷумани кордиҳандагон дар Украина Василий Воскобойник бо омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар барои овардани нерӯи кори хориҷӣ машғул аст.
Вай гуфт: "Пас аз шурӯи ҷанг дар қаламрави Украина, кишвар қариб 30 дарсади иқтисоди худро аз даст дод; наздик ба 20 дарсади хоки Украина таҳти назорати давлат нест; 7 миллион нафар ба хориҷ рафтанд; тахминан 5 миллион муҳоҷири дохилӣ мебошанд. Имрӯз қариб ҳафтод дарсад аз соҳибкорони Украина мегӯянд, ки қувваи корӣ намерасад ва мутахассисони кофӣ надоранд."
Ба қавли Воскобойник, дар 7-8 соли оянда барои инкишофи иқтисоди Украина тахминан 4,2 миллион қувваи кории иловагӣ даркор хоҳад шуд. Имкони пайдо шудани корро дар Украина барои муҳоҷирони тоҷик коршиноси умури муҳоҷират Раҳмон Улмасов низ таъкид мекунад.
"Ҳозир роҳи нав барои муҳоҷирони мо боз мешавад. Ман Украинаро дар назар дорам. Имрӯз ё пагоҳ ҷанг шояд тамом шавад ва Амрикову Аврупо барои барқарор намудани Украина пули бисёр ҷудо мекунанд. Барои онҳо пул ҷудо мекунанд, вале одам надоранд," -- шарҳ дод ӯ.
Аммо вобаста ба муҳоҷирони тоҷик раиси Анҷумани кордиҳандагон дар Украина Василий Воскобойник мегӯяд, шахсан чунин муҳоҷиронро дар кишвараш камтар дидан мехоҳад:
"Миёни Тоҷикистон ва Русия созишномаи душаҳрвандӣ вуҷуд дорад. Мехостам, дар қаламрави Украина камтар аз ҳама одамонеро бинам, ки бо Русия алоқа дошта бошанд ва ҳатто пас аз тамом шудани амалиёти низомӣ. Гӯем, ки муносибатҳои мо ба навъе беҳтар мешаванд, аммо аслан ба ин бовар надорам."
Навор дар Фейсбук:
Талабе, ки муаллифи тарҳи нави сиёсати Украина дар масъалаи муҳоҷират пеш мегузорад, бештар ба ихтисосмандии муҳоҷирон аст.
"Ман худам бисёр мехостам, ки агар муҳоҷирони меҳнатиро аз дигар кишварҳо биёрем, онҳо кадрҳои соҳибихтисос бошанд, аммо мехостам, ки ба кадрҳои пастихтисос, касоне, ки малакаи кофӣ надоранд ва интизоранд як кори оддии ҷисмониро ба ҷо оранд, қобиляташон паст аст, камтар одат кунем," -- афзуд Василий Воскобойник.
Раиси Анҷумани кордиҳандагон дар Украина ба он таъкид мекунад, ки нақши асосиро дар ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Хадамоти амнияти Украина хоҳад бозид, зеро масъалаи амнияти миллӣ барои ин кишвар аҳамияти аввалиндараҷа хоҳад дошт.