Пайвандони ду чеҳраҳои шинохта, ки бо айбномаи “талоши табаддулот” ба зиндон маҳкум шудаанд, аз қарори мусодираи амвол шикоят кардаанд. Хадамоти иҷро мегӯяд, ин масъала ба додгоҳ рабт дорад.
Наздикони Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини собиқи раиси Ҳизби демократ гуфтаанд, манзилҳое, ки додгоҳ ба мусодираашон амр додааст, аз они ин ду нафар нестанд. Намояндагони Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, ки аз 16-уми апрел гирифта, ба мусодираи дороии маҳкумшудагони шинохта оғоз карданд, мегӯянд, онҳо ҳукми додгоҳро, тавре ки ҳаст, ба ҷо меоранд.
Манобеи огоҳ 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, наздикони Акбаршоҳ Искандаров ба Додгоҳи олии Тоҷикистон навиштаанд, ҳавлие, ки бо қарори додгоҳ бояд давлатӣ шавад, моликияти ҷияни ин сиёсатмадор аст, на аз они ӯ.
“Ин ҳавлӣ дар ноҳияи Сино ва дар пушти Бемористони маъруф ба “Қарияи боло” аст. Пайвандони Искандаров аз додгоҳ дархост кардаанд, ки қарори худро бозбинӣ кунад, санадҳои хонаро санҷад, ин хона ягон вақт ба Акбаршоҳ Искандаров тааллуқ надошт,”-гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.
Бо қарори додгоҳ ба ҷуз ҳавлӣ, ду мошини Акбаршоҳ Искандаров ҳам мусодира мешаванд. Наздиконаш мегӯянд, аз ин ду мошин танҳо якеаш ба Искандаров тааллуқ дорад.
Хонаводаи Аҳмадшоҳ Комилзода ҳам аз қарори мусодираи амвол норозианд. Он мегӯяд, хонае, ки бо қарори додгоҳ мусодира шудааст, ба ҳамсари марҳуми Комилзода тааллуқ дошт. Ҳавлие, ки додгоҳ қарори давлатӣ карданашро содир кардааст, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст.
Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшо Комилзода, дар моҳи феврал ва баъди эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, падараш ягон дороӣ надорад. "Ҳавлие, ки додгоҳ қарори мусодира карданашро содир кардааст, ба модарам тааллуқ дорад," -- гуфта буд ӯ.
Вокуниши Додгоҳи олӣ ба ин шикоят ҳанӯз маълум нест. Ҳамчунон рӯшан нест, ки наздикони дигар чеҳраҳои шинохтаи маҳкумшуда ба ҳукми мусодираи дороӣ чӣ назар доранд. Ба ҷуз Аҳмадшоҳ Комилзода ва Акбаршоҳ Искандаров, намояндагони Хадамоти иҷро ҳафтаи гузашта барои мусодираи хонаҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили пешини порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва Абдулфайз Атоӣ, сухангӯи пешини ин ниҳод омадаанд. Қариб 230 ҳазор сомоние, ки дар суратҳисоби бонкии Рухшона Ҳакимова буд, аз сӯи мақомот ҳабс шудааст ва сарнавишти баъдии ин маблағ маълум нест.
Дар бораи мусодираи амволи сарҳангҳо Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Бойев чизе маълум нест. Вакилони дифоъ қаблан гуфта буданд, барои ҳамаи маҳкумшудаҳо дар доираи парвандаи “табаддулот” қарори мусодираи амвол низ баромадааст.
Гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин ва як рӯзноманигор дар моҳи феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” дар моҳи феврал аз 8 то 27 сол зиндонӣ карда шуданд. Худашон онро беасос медонанд ва аз мақомот хоста буданд, ки ҳукмро бознигарӣ ва қарори мусодираи амвол бекор карда шавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел ҳукми 9 нафарро дар доираи парвандаи “табаддулот” бетағйир гузошт. Баъди ин ҳукми додгоҳ ба иҷро даромад.