Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас наҷот ёфта буд, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.
Ин зодаи Аргентина аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум калисои румии католикро роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши мудоро машҳур буд.
Номи аслияш Хорхе Марио Берголио аст ва пеш ворид шудан ба калисо дар донишгоҳи кимиё хондааст. Дар соли 1969 ба мақоми кашишӣ ва дар соли 1997 ба мақоми усқуфи аъзами Буэнос-Айрес расид.
Ӯ, дар давраи раҳбарияш бар калисои румии католикӣ зиёда аз 60 давлатро зиёрат кардааст ва сафари охирини худро дар теппаҳои канори пойтахти Италия ба поён мерасонад.
Одатан раҳбарони калисои румии католикӣ дар Ватикан ба хок супурда мешаванд, аммо Франсис хилофи анъана амал кард. Вай дар соли 2023 ҳангоми суҳбат бо телевизиони Мексика дархост намуд, ки хоксорона дар канори як калисои наздикиҳои шаҳри Рум дафн карда шавад.
Хоксорӣ яке аз сифатҳои Франсис буд. Аз ин рӯ, рӯҳониёни муҳофизакор, ки анъанаҳоро шадидан пайравӣ мекарданд, бо ӯ душманӣ доштанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Франсис соли 1936 дар Аргентина зода шуда, соли 2013-ум сари қудрат омад. Вай дар таърихи як ҳазору сесадсолаи калисои румии католикӣ аввалин пешвое буд, ки берун аз қаламрави Аврупо таваллуд шудааст.
Он замон барои аввалин бор дар шаш асри гузашта попи Рум Бенедикти шонздаҳум аз мақомаш истеъфо дод.
Франсис мебоист калисои саршор аз ихтилофро ба ҳам орад ва ҷанҷоли марбут бо азияти ҷинсии пайравони калисо аз тарафи рӯҳониёнро ҳаллу фасл кунад.
Бо талаби поп Франсис муфаттишон қазияҳои иттиҳоми рӯҳониёни католикро оғоз намуданд. Ӯ дастур дод, ки ҳар рӯҳонии гумонбаршуда дар дастдарозӣ ва азияти ҷинсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Франсис аз буду бош дар қароргоҳи бошукӯҳи поп даст кашида, дар як утоқи хоксоронаи меҳмонсаройи Ватикан иқомат дошт.
Ҳамчунон ба вазифаҳои масъули динӣ пешбарии занонро иҷозат дода, рӯҳониёни муҳофизакорро ба ғазаб овард. Аммо ҷонибдорони пешрафт ё ба истилоҳ "рӯҳониёни прогрессив" низ зиёд хушҳол набуданду бозсозии бештари калисоро тақозо мекарданд.
Билохира, Франсис ҳамчун муборизи сулҳ дар ёд хоҳад монд, зеро борҳо ба хатми низоъ дар Укрина, Ховари Миёна ва гӯшаҳои дигари ноороми ҷаҳон даъват кардааст. Аз ҷумла, ӯ дар моҳи феврали имсол ҳамлаи Русияро ба Украина “як ҳодисаи дарднок ва нанговар барои тамоми башарият” хонд.