Ҳодиса
"Ҷасадҳоро аз зери хоку лой ёфтем." Марги як зан бо ду кӯдакаш дар Лахш

Як сокини ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ва ду фарзандаш дар зери сангу хоку лой монда, ҷон бохтаанд.
Ҳодиса соати дуи шаби 1-уми июн дар пайи лағжиши кӯҳпора дар деҳаи Қушай рӯй дод.
Дар ҳукумати ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Маҳбубаи 38-сола, Маликаи 15-сола ва Насриддини 12-соларо субҳи панҷшанбе аз зери хоку лой бароварданд.
"Хонаи онҳо дар зери кӯҳ ҷойгир аст. Бар асари намии зиёд кӯҳпораи омехта бо лой канда шуда, хонаро пахш кардааст," – гуфт як намояндаи ҳукумат дар суҳбати телефонӣ.
Ҷасадҳоро нимрӯзи 1-уми июн дар деҳаи Қушайи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Лахш дафн карданд.
Ҳар сол бар асари офати табиӣ, аз ҷумла селу сангреза ва фаромадани ярч дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ба иттилои расмӣ, дар се моҳи аввали имсол зиёда аз бист кас қурбонии ҳодисаҳои табиӣ шуданд.
"Сарбозшикор"-и хатмкунандаҳо дар Донишгоҳи тиббӣ. ВИДЕО

Гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.
Чанде аз донишҷӯён бо фиристодани навор ва акс ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса рӯзи 29-уми май рӯй дод. Масъулони донишгоҳ мегӯянд, ки беш аз бист ҷавон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд.
Хатмкунандаҳои Донишгоҳи тиббӣ ба далели пеш наомадани мушкил дар назди дурбин гап назаданд. Абдураҳмон, як донишҷӯйи хориҷии Донишгоҳи тиббӣ, мегӯяд, чанде аз ҳамсабақонашро ба мошине бор карда бурданд.
“Ҳангоми аз имтиҳон баромадан бачаҳои маҳаллиро қапида дар мошинҳо шинонда бурданд. Чанд касро. Бархе гурехтанд, баъзе кӯшиш карданд, ки қапида нашаванд,” – нақл кард ӯ рӯзи душанбе.
Намояндагони Донишгоҳи тиббӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҷалби иҷбории хатмкунандаҳоро ба хидмат рад карда, аммо гуфтанд, “21 хатмкунанда бо хоҳиши худ ба артиш рафтанд”.
Видеоро дар инҷо бинед:
Шикоятҳо дар бораи аз донишгоҳ ва зӯран ба хидмати ҳарбӣ бурдани хатмкунандаҳо аз мактабҳои олии дигар ҳам мерасанд.
Рӯзи ҷумъа, 26-уми май, чунин маврид дар Донишгоҳи давлатии Бохтар рух додааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли наворе гуфтанд, донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи давлатии Бохтарро пас аз имтиҳон маҷбурӣ ба Комиссариат овардаанд.
Мақомот, баръкс, бо нашри аксу навор аз “ихтиёрӣ” ба хидмати ҳарбӣ рафтани садҳо хатмкунанда хабар медиҳанд. Ду ҳафта пеш дар маросиме тақрибан 200 донишҷӯи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷандро ба хидмати ҳарбӣ гусел карданд. Масъулони Донишгоҳи Кӯлоб гуфтанд, 73 хатмкунанда қабл аз муҳлат имтиҳонҳоро супурда, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд.
Ҳуқуқшинос Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, маҷбур кардани донишҷӯён барои пеш аз муҳлат супуоридани имтиҳон ва ҳимояи кори дипломӣ “ғайриқонунӣ аст”.
“Хатмкунанда бояд пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ва корҳои дипломӣ ба артиш даъват карда шавад. Дар қонун гуфта шудааст, ки донишҷӯ барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ҳақ дорад. Шикоятҳо буданд, мо фаҳмондем, ки ҳуқуқ доред муҳлати даъватро ба таъхир андозед. Агар ин ҳуқуқи шумо вайрон шудааст, метавонед ба Прокуратураи ҳарбӣ муроҷиат намоед,” – шарҳ дод ӯ.
Дар гузашта омӯзгорони донишгоҳҳо аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки мақомот аз онҳо иҷрои нақшаи даъват ба артишро талаб доранд.
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз якуми апрели имсол оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад.
Мақомот ҳамвора аз афзоиши сафи ихтиёриён мегӯянд, аммо мардум аз афзудани мавридҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат бо тарзҳои нав хабар медиҳанд.
Задухӯрди мусаллаҳона байни Теҳрону Толибон. Куштаҳо ва захмиҳо ҳастанд. ВИДЕО

Дар тирандозӣ дар наздикии як қароргоҳи сарҳадии байни Эрон ва Афғонистон ду марзбони Эрон ва як нерӯи Толибон кушта, чандин нафари дигар захмӣ шудаанд. Иллати даргирии рӯзи шанбе миёни ду тараф мушаххас нест, аммо Теҳрону Толибон чанд муддат боз бар сари тақсими об баҳс доштанд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон дар баёнияе гуфтааст, "нерӯҳои сарҳадии Эрон дар вилояти Нимрӯз ба самти Афғонистон тир андохтанд, ки бо вокуниши мутақобил рӯ ба рӯ шуд." Абдулнофеъ Такур афзудааст, аз ҳар тараф якнафарӣ кушта ва чандин кас захмӣ гардид.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории расмии Эрон мегӯяд, ду марзбони Эрон кушта ва ду ғайринизомии дигар маҷруҳ шуданд.
Абдулнофеъ Такур бидуни ишора ба ҳувияти қурбониён гуфт, "вазъият ҳоло зери назорат аст" онҳо намехоҳанд бо ҳамсоягон даргир шаванд.
Ба гузориши ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ дар пайи даргирӣ посгоҳи марзии Мелок – Заранҷ, гузаргоҳи тиҷории бузургро бастанд.
Пештар Қосими Ризоӣ, муовини фармондеҳии пулиси Эрон гуфт, соати даҳи рӯзи шанбе нерӯҳои Толибон аз ҷониби Афғонистон бо тамоми навъҳои силоҳ ба сӯи маркази пулиси Эрон тирандозӣ карданд. Ба гуфтааш, ин рафтори Толибон посухи қотеъро ба дунбол дошт. Ба иттилои хабаргузории ҳукуматии "Меҳр", дар даргирӣ "аз силоҳҳои сабук, нимасабук ва тӯпхона”" истифода шуд.
Иноятуллоҳи Хоразмӣ, сухангӯйи Вазорати дифои ҳукумати Толибон, гуфтааст, “мутаассифона, дар минтақаи марзии ноҳияи Канги вилояти Нимрӯз бори дигари низомиёни Эрон тирандозӣ карданду даргирӣ оғоз шуд.”
Хоразмӣ гуфтааст, ҳукумати Толибон музокираро роҳи писандида барои ҳар мушкил медонад. Вай афзудааст, “баҳонаҷӯйӣ барои ҷангу иқдомоти манфӣ ба нафъи ҳеч тараф нест”.
Ҳарчанд Теҳрону Кобул муносибати дипломатӣ доранд, ҳанӯз давлати Эрон ҳукумати сарпарасти Толибонро ба расмият нашинохтааст.
Хабари даргирӣ миёни нерӯҳои ду тараф дар ҳоле паҳн шуд, ки ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ, дар сафар ба Сиистону Балучистон ба Толибон “ҳушдори ҷиддӣ” дод, ки ҳаққи оби Эронро аз Ҳилманд таъмин кунад. Аз он замон мақомоти Теҳрону Кобул даргири таниши лафзӣ буданд.
Дар пайи ҳушдори Раисӣ, ки бо вокуниши тамасхуромези як фармондеҳи Толибон мувоҷеҳ шуд, сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Кобул “як моҳ” ба Толибон муҳлат дод, ки хости Эронро амалӣ кунад.
Дар муқобил шуморе аз муҳраҳои наздик ба ҳокимияти Толибон дар рӯзҳои охир аз “ҳушдорҳои баёншуда аз сӯи Теҳрон” танқид карда, фармондори вилояти Пактиё орзу кард, ки “Худо имкони ҷангро фароҳам кунад”, то Толибон “ба фарзандони Зардушт дарси ибрат бидиҳанд”.
Бар асоси қарордод, Афғонистон бояд солона 850 миллион метри мукааб оби Ҳилмандро ба Эрон бидиҳад, аммо иҷро нашудани тааҳҳуди Афғонистон ба ин қарордод ба яке аз чолишҳои ҷиддии байни ду кишвар табдил шудааст.
Мақомоти Толибон борҳо, аз ҷумла дар ҳафтаи гузашта, муддаӣ шудаанд, ки ба далели кам будани миқдори об дар сурати боз кардани сад(д) низ об ба Эрон нахоҳад расид.
Аз замони ба қудрат расидани гуруҳи Толибон дар Афғонистон борҳо миёни нерӯҳои ду тараф, ба вижа дар вилояти Нимрӯз, даргирӣ рух додааст.
Нимрӯз яке аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки дар ҷануби ғарби ин кишвар ва дар шарқи вилояти Сиистону Балучистон ҷойгир шудааст. Эрону Афғонистон 900 километр сарҳад доранд.
Сел чорвою мошинро бурд, роҳу хона ва киштзорро вайрон кард. ВИДЕО
Селу ярч дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон чорво ва мошини чандин нафарро бурда, роҳу хона ва киштзорро вайрон кард. Мақомот гуфтанд, талафоти ҷонӣ нест, вале зарари расида ҳам ҳисоб нашудааст.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, борони сахту давомдор сабаби омадани сел шуд.
“Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, Рашт ва Файзобод омадани сел ва ярч сабт шуд. Заминҳои кишт дар ҳудуди чанд деҳа зарар диданд,” -- афзуд ӯ.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, панҷ хона дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат зери лой монда, дар пайи фаромадани ярч дар ноҳияи Файзобод беш аз 30 чорво талаф ёфтааст.
Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани наворҳои зиёд аз минтақаҳо аз харобкории борону жолаи пуршиддат хабар доданд.
Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки сел мошинеро мебарад. Шахсе дар навор мегуфт, "Сайфулло ва чанд нафари дигар" дар дохили мошин буданд.
Мақомот ин маълумотро рад карданд. Умеда Юсуфӣ гуфт, онҳо низ наворро диданд, “аммо дар дохили мошин касе набуд ва то ҳамин лаҳза ба КҲФ ягон маълумот дар бораи ҳалокати шаҳрвандон нарасид”.
Корбари дигаре аз ноҳияи Ёвон видео фиристода, гуфтааст, борони бошиддат ва жола роҳу манзили сокинонро хароб кард.
Дар як навори дигар дида мешавад, ки боми хона сӯрохиҳои зиёд дорад ва муаллифи навор иддао дорад, ки ин ҳолат ҳосили боридани жола аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ба пешбинии мутахассисон, боронҳои сахт то охири моҳи май давом хоҳад кард.
Таркиши зарфи газ дар бозори Панҷ. 26 кас осеб дидааст. ВИДЕО

Бар асари таркиши зарф ё балони газ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон 26 кас, аз ҷумла 6 кӯдак осеб дидаанд. Ҳодиса рӯзи 20-уми май дар ҳудуди бозори ноҳия рӯй дод.
Муродҷон Муҳиддинов, сухангӯйи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон, шоми 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "захмишудаҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд, талафоти ҷонӣ нест."
Сухангӯйи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон гуфт, балони газ дар яке аз ошхонаҳо кафид.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби таркишро "риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ" номид. Дар натиҷа, ба иттилои вазорат, "соҳиби ошхона Ҳаким Ҳайдарови 65-сола ва ду нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд".
Баъзе аз корбарону шоҳидон бо фиристодани видео гуфтанд, балони газ дар як нуқтаи фурӯши моҳӣ ва "пирожки" кафид. Дар наворҳо дида мешавад, ки либосҳои як мард ва як зан сӯхта, атрофиён ба бадани онҳо об мепошанд ва бо қолин мепӯшонанд.
Солҳои охир борҳо аз таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст.
Аз ҷумла, моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Хумдони ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон дар натиҷаи кафидани балони газ як зани 22-сола сӯхт.
Дар Душанбе аз соли 2016 сол боз истифода аз зарфи газ дар манзили сокинон мамнуъ шудааст.
Хотираҳои талх. Нақли шоҳидони саркӯби хунин дар Рӯшон ва Хоруғ. ВИДЕО

АЗ ЧӢ ШУРУЪ ШУД?
Ҳодиса рӯзи 16-уми май ва пас аз он сар шуд, ки гуруҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд.
Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ одилона таҳқиқ кунанд. Истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз хостҳои дигари ҷавонон буд. Мақомот талабҳоро напазируфтанд ва барои пароканда кардани онҳо тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба кор бурданд.
Як сокини Хоруғ, ки шоҳиди ҳодиса аст ва ҳоло берун аз Тоҷикистон қарор дорад, ба шарти фош нашудани ном он рӯзҳоро чунин ба ёд овард: "Вақте то пули "Бойня" расидем, бисёре аз иштирокдорони тазоҳуротро, ки аллакай захмӣ шуда буданд, ба мошин савор, карда ба ҷойҳои амн мекӯчонданд. Онҳое, ки захмашон ҷиддитар буд, ба маркази тиббӣ мебурданд. Онҳое, ки захмашон сабуктар буд, дар ҷояшон ёрӣ мегирифтанд."
Бегоҳии 16-уми май Замир Назаршоев, сокини 31-солаи маҳаллаи Гулакени Хоруғ, ҷон бохт.
Шоҳиди ҳодиса нақлашро давом дод: "Дар он рӯз чанд нафар мехостанд роҳи техникаи ҳарбиро бигиранд ва нагузоранд, ки ба маҳалли тазоҳурот бираванд. Роҳро дар маркази шаҳр, дар рӯ ба рӯи мактаби дуюм ва дафтари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, бастанд. Дар ин лаҳза чи тавре ки шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, Замирро паронданд."
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёнияаш гуфт, Замир Назаршоев ба маъмурони пулиси Бадахшон, ки дар бинои Додгоҳи вилоят буданд, ҳамла карда, бо оташи ҷавобӣ захмӣ шуд ва дар бемористон ҷон дод.
ТАЗОҲУРОТ ДАР РӮШОН
17-уми май тазоҳурот дар ноҳияи Рӯшон оғоз шуд. Сокинони маҳаллӣ роҳи Душанбе-Хоруғро дар маркази ноҳияи Рӯшон бастанд.
Як сокини ноҳияи Рӯшон, ки шоҳиди бевоситаи ҳодиса аст, вазъро ин гуна тасвир кард: "Талаби мо ин буд, ки қушӯнҳои иловагӣ бояд ба Хоруғ дароварда нашаванд, чунки ин кор ба хунрезӣ меорад. Мардум барои он ҷамъ шуд ва аз ҳукумат талаб кард, ки бояд ин кор пешгирӣ шавад, чӣ дар Рӯшон ва чӣ дар маркази вилоят."
Рӯзи 18-уми май, ба гуфтаи мақомот, амалиёти“зиддиттеррористӣ” дар ноҳия шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, пас аз ҳамла ба мошини ходимони амнияти Тоҷикистон ва бастани қитъаи роҳи байнулмилалии Тоҷикистон – Чин амалиётро ба роҳ монданд.
Сокини ноҳияи Рӯшон мегӯяд: "Субҳи 18-уми май бе ягон огоҳӣ тирпаронӣ сар шуд. Нерӯҳои ОМОН аз Душанбе ва Хатлон ба ноҳия оварда шуд, "Алфа" аллакай 16-уми май дар ин ҷо буд. Бачаҳо дар пеши идораи пулиси ноҳия нишаста буданд. Тирпаронии шадид ва бе огоҳии пешакӣ оғоз шуд. Пеш аз ҳама се бор бо гранатомет ба болои баландкӯҳ заданд. Қалъаи Вамар дар онҷо аз давраҳои пеш як манора (вышка) дорад ва дар он ду ҷавон буданд. Дар дасташон дурбин ва телефон доштанд ва аз баландӣ вазъиятро пайгирӣ мекарданду ба дигарон хабар медоданд. Аввал онҳоро бо гранотомет заданд ва каме дертар чархбол омад ва дигар онҳоро аз чархбол мезаданд."
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май бо нашри баёнияе гуфт, дар ҷараёни амалиёти, ба қавли мақомот, "зиддитеррористӣ" дар ноҳияи Рӯшон 114 нафарро дастгир карданд.
Сокини ноҳияи Рӯшон ва шоҳиди ҳодиса гуфт: "Ба хонаҳои тамоми сокинон даромаданд. Ва ҳамаи ҷавонон ва ҳатто мактабхонҳое, ки баданашон қавитар буд ва аз синнашон калонтар метофтанд, ба идораи милиса бурданд. Дар байнашон онҳое, ки баъд мурдаашон пайдо шуд, зиёд буданд. Масалан, дӯсти мо, Алишер, шаб аз Душанбе расид, аз пеши бачаҳояш ӯро зинда гирифтанд ва баъдтар мурдаашро пайдо карданд. Хона ба хона панҷ гурӯҳи махсус мерафтанд. Аммо бештари мардум аз ҳамон гурӯҳи сиёҳпӯшон ба дод омаданд. Инҳо хеле мардумро дашному ҳақорат мекарданд ва ҷавононро низ мебурданд. Баъзеҳоро дар роҳ ба сӯи застава ё идораи пулис мекуштанд."
Нақли шоҳидон дар инҷост:
Дар баёнияи вазорат, ки 19-уми май дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, омадааст, ҳангоми амалиёт "24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 коктейли Молотов, 3 кило тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардид.”
Сокини ноҳияи Рӯшон мегӯяд, "мардум ин хел силоҳ надошт. Шояд чанд нафар милтиқи шикорӣ доштанд. Касе мунтазир ҳам набуд, ки кор ба ин ҷо мерасад ва инҳо бераҳмона мардумро мекушанд.”
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни “амалиёт” ва даргирӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон 1 афсар кушта ва 13 афсар захмӣ шуд.
Сокини ноҳияи Рӯшон ва шоҳиди ҳодиса мегӯяд, “то ҷое, ки медонам, ба нерӯҳои амниятӣ осеби ҷиддӣ нарасидааст. Онҳо асосан аз по захмӣ шудаанд. Он як нафаре, ки кушта шудааст, маълум нест, чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ кушта шудааст”.
ЧОРАИ ДИГАР НАБУД?
Як моҳ баъд аз ҳодисаҳои Рӯшон ва Хоруғ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала гуфт, ки “илоҷи дигар набуд”.
Ӯ моҳи июни соли 2022 гуфт, “раиси ноҳияро лат карданд, муовини раиси ноҳия, мебахшед, зани тоҷикро заданд... Ва вақте колоннаи амният мегузашт, 13 нафар кормандони амниятро ярадор карданд. Як кас талаф шуд. Хайр, илоҷи дигар набуд...”
Сокини ноҳияи Рӯшон мегӯяд, "он зан, дар ҳақиқат, муовини раиси ноҳия аст, лекин касе ӯро назадааст. Ин гап дурӯғ буд. Худи ин зан омада, ҷавононро дашному ҳақорат кард ва онҳо низ аз тарафи худ бо овози баланд бо ӯ баҳс карданд. Сабаб ин буд, ки мошинашро намонданд, ба тарафи бинои ҳукумати ноҳия гузарад. Баҳс фақат лафзӣ буд. Роҳ ҳам пурра баста набуд. Мусофирон мегузаштанд, касе монеъ намешуд. Бештари мошинҳое, ки бор мекашонданд, мегузаштанд. Гап фақат сари калоннаи ҳарбӣ буд, ки бо мақсади ҷанг ба вилоят сафарбар шуданд."
Ба иттилои расмӣ, аз он лаҳза то 17-уми июни соли 2022 дар Рӯшон ва Хоруғ 29 кас кушта шудаанд. Ин шумора дар гузориши дипломатҳои Созмони Милал то 40 нафар номбар шудааст. Кандукови Радиои Озодӣ то ин дам номи 34 кушташударо ошкор кард. Онҳо аз 30 то 57-сола ва аксаран аз ноҳияи Рӯшонанд.
Шумориши орои интихоботи президентӣ дар Туркия: Кӣ пештоз аст?

Хабаргузориҳои давлатии Туркия аз пештоз будани Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар сабқати интихоботӣ хабар додаанд, аммо раҳбари мухолифон, Камол Қиличдороғлу эълон кард, ки ӯ дар сафи пеш аст.
Бино ба иттилои Оҷонсии давлатии Туркия, Анадолу, натиҷаҳои пешакии интихоботӣ муайян кардааст, ки президентӣ феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бо касби 51,84 дар сади оро пешсаф аст. Тибқи ин ҳисобҳо рақиби ӯ Камол Қиличдороғлу 42,53 дар сади овози раъйдиҳандагонро ба даст овардааст.
Райъдиҳӣ дар интихоботи Туркия шоми имрӯз поён ёфт ва шумориши овозҳо ҳанӯз идома дорад. Бо анҷом ёфтани шумориш, имкон дорад ҳисоб тағйир ёбад.
Экрем Имомоғлу, намояндаи мухолифин дар як муроҷиат тариқи телевизион бо ишора ба тақаллуб дар эълони натоиҷи пешакии интихоботҳои гузашта, гуфтааст, мардум набояд ба натиҷаҳои муқаддамотие, ки тариқи Оҷонсии давлатии Анадолу эълон мешавад, бовар кунанд,
Баъди баста шудани қитъаҳои овоздиҳӣ, Эрдуғон дар Твиттер навишт, ки интихобот мувофиқи “меъёрҳои демократӣ” баргузор шуд. Дар сурати пирӯзӣ, ин сиёсатмадори 69 сола, ки 20 сол боз қудратро дар даст дорад 5 соли дигар дар курсии раҳбарӣ хоҳад монд.
Натиҷаи назарсанҷиҳои пешазинтихоботи маълум карда буд, ки шонси пирӯзии Камол Қиличдороғлу рақиби Эрдуғон дар ин сабқати интихоботӣ бештар аст.
Қиличдороғлу роҳбари мухолифини Туркия ва як эътилофи густардае аст, ки шаш ҳизб дар он гирди ҳам омадаанд. Ӯ ба мардуми Туркия озодии бештар ва бозгашт ба низоми порлумониро ваъда додааст. Қиличдороғлу дар саҳифаи Твиттер навиштааст, ки дар сабқати интихоботӣ "мо пешсаф ҳастем."
Имрӯз ҳамзамон бо интихоботи президентӣ дар Туркия инчунин интихоботи порлумонӣ баргузор шуд.
Баррасии парвандаи се милисаи гумонбар дар марги сокини Кӯлоб оғоз шудааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасиии парвандаи се корманди милиса оғоз кардааст, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд.
Ҷузъиёти нав дар парванда ин аст, ки Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони милисаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки бо "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа кардаанд.
Қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфта буд "ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт".
Аммо наздиконӣ Абдуқаҳҳор Розиқов иддао карданд, ки ӯ зери шиканҷа ҷон додааст.
Як манбаъ огоҳ аз рафти мурофиа гуфт, ки кормандони милиса боздошти худсаронаро эътироф, вале шиканҷаи Абдуқаҳҳор Розиқовро рад кардаанд.
Абдуқаҳҳор Розиқовро кормандони милиса шаби 3-юми январ бо гумони даст доштан дар кочоқи маводли мухадддир боздошт карданд, вале субҳ ба наздиконаш хабар доданд, ки ҷасадашро аз сардхона бигиранд.
Марги ӯ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Мақомот ваъда доданд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ мекунанд.
Гусели даҳҳо хатмкунанда аз донишгоҳҳо ба артиш. Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? ВИДЕО

Мақомот дар минтақаҳои Тоҷикистон аз гусели дастаҷамъонаи хатмкунандаҳои донишгоҳҳо ба артиш хабар медиҳанд.
Хатмкунандаҳоро гурӯҳ - гурӯҳ дар маросими махсус ва ботантана аз муассисаҳои олӣ ба артиш гусел мекунанд. Масъулини донишгоҳҳо мегӯянд, ин ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмат мераванд, вале бархе донишҷӯён дар минтақаҳо гуфтанд, пеш аз даъват бо онҳо “машваратҳои махсус” гузаронида шуд.
Рӯзи 12-уми май дар маросими ботантае тақрибан 200 хатмкунандаи Донишкадаи Политехникии шаҳри Хуҷандро ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо такя ба мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар дод.
Ба гуфтаи масъулин, хатмкунандаҳо, пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ва бо хоҳиши худ ба артиш пайвастаанд.
Мақомоти Донишгоҳи Кӯлоб ҳам ахиран дар як маъракаи бошукӯҳ ва бо ширкати волидону мақомоти расмӣ 73 хатмкунандаро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гусел карданд. Ин ҷавонон ба фарқ аз ҳамсабақони дигари худ имтиҳони хатмро, ки қарор буд моҳи июн баргузор шавад, пеш аз мӯҳлат супурда, ба артиш рафтанд.
Бархе аз донишҷӯён мегӯянд, бо ихтиёри худ ва ризоияти волидайн ба артиш мераванд. Назармаҳмад Абубакров, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Тасмим гирифтам, ки баъди хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, як сол қарзи шаҳрвандии худро адо намоям.”
Масъулини Донишгоҳ, мегӯянд, ҳамаи 73 нафаре, ки ба хизмат сафарбар шудаанд, расман таҳсилро дар донишгоҳ хатм кардаанд ва дар сафи қувваҳои мусаллаҳ як сол хидмат мекунанд. Бархе аз волидон мегӯянд, ҳамин муҳлати нисбатан кам, яке аз сабабҳои ризоияти онҳо барои рафтани фарзандонашон ба хизмат шуд.
Ҳарчанд сарони донишгоҳу донишкадаҳо мегӯянд, хатмкунандаҳо ихтиёран тасмими рафтан ба хидматро гирифтаанду бо зӯрӣ ба артиш ҷалб нашудаанд, вале донишҷӯён гуфтанд, пеш аз даъват бо онҳо "суҳбату машваратҳои махсус" баргузор шудааст.
Таҷрибаи гусели садҳо хатмкунанда аз саҳни донишгоҳ ба артиш соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Соли 2022 ҳам дар ҳамин шабу рӯз мақомоти расмӣ ва сарони донишгоҳҳо дар минтақаҳои кишвар аз “ихтиёран” ба хидмати ҳарбӣ рафтани хатмкунандаҳо хабар медоданд.
Аммо он замон баъзе аз донишҷӯён гуфта буданд, ки маҷбуран ба артиш бурда мешаванд. Бархе аз омӯзгорони донишгоҳҳо ҳам аз он шикоят мекарданд, ки мақомот аз онҳо иҷрои нақшаи даъват ба артишро талаб доранд. Як манбаъ дар Ҳукумати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мақомот нақшаи даъват ба хизмат дар донишгоҳҳоро тасдиқ кардааст, ки бар пояи он,
Донишгоҳи Бохтар – 300;
Донишгоҳи Кулоб – 150;
Донишгоҳи Данғара – 250;
Донишгоҳи тиббии Хатлон - 60;
Донишгоҳи энергетикии Леваканд – 89;
Донишгоҳи технологии Кӯлоб – 65 донишҷӯи худро бояд ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз якуми апрели имсол оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нақшаи даъват то имрӯз 76 дар сад иҷро шудааст. Даъвати ҷавонон дар Вилояти Бадахшон ва Душанбе расман ба поён расида, дар минтақаҳои Суғду (68%) Хатлон (73%) идома дорад.
Мақомот ҳамвора аз афзоиши сафи ихтиёриён мегӯянд, аммо мардум аз афзудани мавридҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат бо шеваҳои нав хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо солҳои ахир маъракаи ҷалби ҷавонон дар минтақаҳо бо роҳи фишороварӣ ба волидону таҳдиди боздошти онҳо, хомӯш кардани барқ дар хонаи даъватшавандаҳо, бастани масҷидҳо ва қуръапартоӣ сурат мегирад.
"Ҳаёти мо дар хатар аст." Чаро мардум аз НФС-ҳо дар Тоҷикистон "метарсанд"? ВИДЕО

"Агар таркиш шавад..."
Самеъ Тӯраев, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми гаштугузор дар наздикии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ эҳсоси хатар мекунад. Мегӯяд, чанд мавриди сӯхтору таркиш ташвиши ӯро бештар кард.
"Бинед, дар пеши роҳ сохтаанд. Мумкин нест. Аз инҷо одам мегузарад. Худо накарда таркиш шавад, зиёнаш ба роҳгузарон мерасад," – гуфт ӯ рӯзи 10-уми май.
Дар назди даромадгоҳи баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар навиштае аз ронандагон хостаанд, аввал мусофиронро аз мошин фароранду сипас бензин ва газ бигиранд. Баъзе аз ронандаҳо қоидаро риоя мекунанд, аммо аксарият бо мусофирон ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ медароянд.
Сокинон ба ин назаранд, ки дар баробари наздик будани нуқтаҳои таъмини маводи сӯхт ба биноҳои истиқоматӣ, қоидаҳои зидди сӯхтор на ҳамеша риоя мешавад. Нақзи чунин меъёрҳои бехатарӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар минтақаҳои дигар низ ба назар мерасад.
"На танӯр шинонда метавонам, на дег"
Ҳикматхон Иброҳимова, сокини маҳаллаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳо боз талош дорад, то нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз назди хонааш кӯчонида шавад, вале талошҳояш бенатиҷа.
"Байни нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва манзили ман танҳо як девор аст. Дар ҳавлӣ танӯр гузошта наметавонам. Дег шинондаву ош карда наметавонам, чуқурӣ кофта наметавонам. Дар ҳар ду рӯз мошинҳои бузург газ холӣ мекунанд. Ҳаёти ману фарзандонам зери хатар аст. Шабу рӯз хавотирем," – гуфт хонум Иброҳимова.
Ин зан гуфт, ба идораҳои давлатӣ, аз қабили додситониву мақомоти маҳаллӣ мушкилашро расонд, вале ба он расидагӣ нашуд.
Дар ҳоле ки сокинон аз бетаваҷҷӯҳии масъулон ва ронандагон мегӯянд, худи онҳо вуҷуди чунин мушкилро на ҳамеша эътироф мекунанд.
Абдураҳмон Хоҷаев, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар Душанбе, баръакс, тарзи кори баъзе аз ронандагон писанд нест. "Гап мезанем, ки аввал мусофиронро фароранд. Касе мефаҳмад, хоҳиши моро иҷро мекунад. Касе намефаҳмад, зиёд гап намезанем," – нақл кард ӯ.
Ронанда Носир Шомуддинов даъво дорад, ки дар вайрон намудани қоидаҳои пешбинишуда дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ танҳо ронандагон гунаҳкор нестанд.
Аз чанд метр то чанд метр?
Масъалаи назорату бунёди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо назардошти меъёрҳои пешбинишуда бар дӯши Хадамоти оташнишонии ВКД, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Кумитаи сохтмону меъморӣ аст. Намояндагони ВКД ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд.
Дар Кумитаи сохтмон ва меъморӣ риояи масофаи пешбинишударо миёни нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҳалли аҳолинишин ҳатмӣ донистанд. Муродбек Саломзода, як масъули ин ниҳод, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми бунёди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ масофа байни чунин иншоот ва манзили зисти сокинон аз 25-35 то 60 метр пешбинӣ шудааст.
“Дар ҳолате ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо якчанд намуди маводи сӯхт кор кунад, масалан гази моеъ ва бензину солярка, дар ин ҳолат масофа зиёдтар мегардад. Аз 35 то 60 метр,” – шарҳ дод Муродбек Саломзода.
Дар Тоҷикистон солҳои охир чанд таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух додааст. 28-уми апрели имсол бар асари сӯхтору таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" дар Душанбе як зан ба ҳалокат расид.
Ҳодисаи дигар соли 2021 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар ноҳияи Синои пойтахт сар зад. Дар ин ҳодиса камаш 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Соли 2017 дар пайи таркиш дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола ҷон бохта, 21 нафар ба шумули кӯдакону наврасон захмӣ шуданд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин сохта шаванд. Сокинон мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар ҳолати сухтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Муҳоҷирони боздоштуда дар бозорҳои Санкт-Петербургро ба Тоҷикистон меронанд

Беш аз 50 муҳоҷиреро, ки рӯзи чоруми май дар бозорҳои Санкт-Петербург боздошт шуданд, эҳтимол аз Русия берун мекунанд.
Мақомоти Русия нагуфтанд, ки муҳоҷирон аз кадом кишвар ҳастанд, вале чанд нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки беш аз даҳ муҳоҷири тоҷики боздоштшуда ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтаанд.
Хабаргузории Интерфакси Русия бо такя ба мақомоти Санкт-Петербург гуфтааст, онҳо қонунҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд. Ба иттилои мақомот, 58 нафар дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои ихроҷ ба ватанашон нигаҳ дошта мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти рус аз бепуштупаноҳии муҳоҷирони тоҷик истифода карда, онҳоро барои оддитарин нақзи қоидаи иқомат ва ҳатто дар баъзе маврид бегуноҳ аз ин кишвар меронанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар чанд соли охир ҳудуди 300 ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз ин кишвар хориҷ карданд. Роҳи бозгашти ин афрод ба Русия аз 3 то 5 сол ва ё бештар аз он баста мемонад.
СҶТ аз анҷоми пандемияи COVID-19 хабар дод

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, бо нашри як изҳорот, рӯзи 5-уми май аз поёни аҳди пандемияи Коронавирус ё COVID-19 дар ҷаҳон хабар дод.
Ин беморӣ, ки бори аввал соли 2019 дар Чин ошкор шуд, сабаби марги миллионҳо нафар гашт.
Моҳи январи соли 2020 Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ дар ҷаҳон ҳолати фавқулода ва баҳори ҳамон сол, дар авҷи сироятёбӣ ба Коронавирус пандемия эълон кард.
Сирояти COVID-19 шеваи зиндагӣ ва кори одамонро дар тамоми дунё тағйир дод. Парвозҳо аз як кишвар ба кишвари дигар манъ ва марзҳо баста шуданд. Маҳдудиятҳо ва режими ниқоб ҷорӣ карда шуд. Ин манъу маҳдудиятҳо ба иқтисоди кишварҳо ва ҳамин тавр ба ба зиндагии мардум таъсир кард.
Бино ба омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар се соли ахир ахир шумори қурбониёни Коронавирус ва сироятҳои вобаста ба он дар ҷаҳон ба 20 миллион нафар баробар шуд. Дар ин муддат беш аз 670 миллион нафар гирифтори COVID-19 шудаанд.
Баъди ба таври оммавӣ роҳандозӣ шудани ваксинаи зидди коронавирус дар ҷаҳон, маргу мир аз ин сироят якбора коҳиш ёфт. Агар дар соли 2021 дар як ҳафта дар дунё 100 ҳазор нафар аз вируси COVID-19 мефавтид, ин омор дар соли 2023 ба 3,5 ҳазор нафар баробар шуд.
Коҳиши маргу мир дар соли 2022 боис шуд, ки тадбирҳои пешгирӣ аз сироят ва манъу маҳдудият дар кишварҳо бекор карда шуд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ таъкид мекунад, ки сироятёбӣ ба коронавирус пурра аз байн нарафтааст ва мардум ҳанӯз ҳам гирифтори ин вирус мешаванду эҳтимол COVID-19 ҳам чун бемориҳои дигари роҳи нафас боқӣ хоҳад монд.
Ҳар рӯз дар Тоҷикистон як нафар дар садама ҷон медиҳад

Дар се моҳи ахир дар роҳҳои Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз як нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудааст.
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 218 садамае, ки дар давоми се моҳ рух додаанд, 88 нафар ҳалок ва 224 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳафтаномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри ин омор гуфтааст, бештари садамаҳо аз беэҳтиётии ронандагон рух додааст ва аксари қурбониён ҳам пиёдагардоне будаанд, ки қоидаҳои роҳро риоя накардаанд.
Дар як ҳафтаи ахир дар ду садама дар Тоҷикистон 12 нафар ҳалок шуд. Дар як садама дар ноҳияи Айнӣ шаш нафар ва дар садами дигар дар ноҳияи Дарвоз низ шаш нафар ҷон бохтанд.
8 кушта ва 13 захмӣ. Тирандозии маргбор дар Сербистон.

Дар натиҷаи тирандозӣ дар наздикии шаҳри Белгради Сербистон камаш 8 нафар кушта ва 13 каси дигар захмӣ шудаанд.
Ҳодиса дар маҳаллаи Младеновач рух дод ва дуввумин тирандозии маргбор дар 48 соати гузашта дар Сербистон аст, ки чунин ҳодисаҳо онҷо бисёр кам иттифоқ афтодаанд.
Телевизиони давлатии Сербистон гузориш дод, ки маъмурони пулис ҷавони тирандозро, ки 21 сол доштааст, баъд аз чанд соат дастгир кардаанд.
Ҷузъиёти дигар маълум нест, вале бино ба гузоришҳо ин ҷавон баъди даъво бо маъмурони пулис ба самти раҳгузарон тирандозӣ кардааст.
48 соат пештар аз ин ҳодиса ва рӯзи 3-уми май як навраси 13-сола бо силоҳ 8 кӯдак ва як посбони мактаби онҳоро дар шаҳри Белград кушт.
Додситони собиқи афғон барои аз Ваҳдат ба Душанбе кӯчидан "ҷазо" гирифт. ВИДЕО

Як хонаводаи паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон аз эҳтимоли ихроҷ шудан ба Афғонистони зери дасти Толибон нигаронанд. Мақомоти тоҷик онҳоро барои зиндагӣ дар шаҳри Душанбе аз санади паноҳандагӣ маҳрум кардаанд.
Абдулмуталлиб Башардуст, мансабдори ҳукумати пешини Афғонистон буд. Ӯ дар кишвараш ба ҳайси додситон кор мекард. Падарашро куштанд ва баъди таҳдид ба ҷони худу хонаводааш тасмим гирифт фирор кунад. Соли 2009 бо 4 фарзанд аз Кобул ба Душанбе омад. Фарзанди панҷумаш дар Тоҷикистон таваллуд шуд.
Ҳоло ин паноҳандаи афғонро дар Тоҷикистон аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум карданд. Сабаб ҳам ин будааст, ки Абдулмуталлиб бо хонаводааш бе иҷоза аз шаҳри Ваҳдат ба Душанбе кучид.
Ин паноҳандаи афғон мегӯяд, 9 сол дар Ваҳдат зиндагӣ кард ва азоб кашид. Барои оилаи вай пайдо кардани кору даромад дар Душанбе осонтар будааст. “Фарзандон аз субҳ соати 6 то 10 бегоҳ дар Душанбе кор мекарданд. Фақат барои хоб бояд ба Ваҳдат мерафтанд. Ҳамон пулеро, ки ба даст меорем дар роҳкиро сарф кунем ё пули иҷораи хонаро диҳем? Намешуд”- афзуд вай.
Абдулмуталлиб Башардусти 65 сола хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Фарзандонаш ҳам бахши муносибатҳои байналмилалии ҳамин донишгоҳро хатм карданд. Вай як муддат дар сафорати Афғонистон кор кардааст ва ҳоло бекор аст.
Масъуд Абдулмуталлиб, писари ӯ мегӯяд, вазъи зиндагии онҳо душвор аст. “Мехоҳам инҷо кор кунам ва ба падару модар кумак расонам. Лекин вақте ман муроҷиат мекунам ба ман мегуянд, ҳуҷҷат биёр. Ба Созмони UNHCR меравам, мегуям, кумак кунед, бо ман гап намезананд”
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, тибқи қоида, паноҳанда бояд дар ҷойи муайянкардаи ҳукумат зиндагӣ кунад. Ба гуфтаи онҳо мушкили хонаводаи паноҳандаи афғон танҳо дар ҳоле метавонад ҳал шавад, ки агар ҳукумати Тоҷикистон барояшон шаҳрвандӣ диҳад. Аммо зоҳиран ин кор ҳам имконпазир нест.
Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд: “Шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонстон танҳо дар ҳолате метавонистанд шаҳрвандии Тоҷикистонро бигиранд, ки агар байни мову Афғонистон шартнома дар бораи душаҳрвандӣ мебуд. Шаҳрвандони Афғонистон танҳо пас аз даст кашидан аз шаҳрвандии худашон метавонанд, барои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.”
Абдулмуталлиб ягона паноҳандаи афғонистонӣ нест, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли бесарнавиштӣ ба сар мебарад. Маҳрумият аз корти паноҳандагӣ хатари ба Афғонистон хориҷ шудани ин хонаводаро бештар мекунад.
Аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори пойтахт, кору зиндагӣ доранд. Ҳукумати Тоҷикистон имсол барои рондани даҳҳо паноҳҷӯи афғон, ки аз дасти Толибон гурехта буданд, мавриди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ қарор гирифт.
Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз давлати Тоҷикистон хост, ба ин кор поён диҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар гузорише ба ин созмон сабаби аз кишвар рондани хориҷиён, аз ҷумла паноҳҷӯёни афғонро "риоят накардани қонунҳои кишвар" гуфтааст.
Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ сабтином шудаанд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон омадаанд. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба ин ҷо наомадаанд ва талош мекунанд, ба кишварҳои ғарбӣ роҳ ёбанд.
Вале барои онҳое, ки мисли хонаводаи додситони собиқи Афғонистон, Абдулмуталлиб Башардӯст, мехоҳанд дар Тоҷикистон муқим шаванд, мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ пеш меояд.
Гуфтугӯ